Главная / Илм / МАҲРУМ КАРДАН АЗ ҲУҚУҚИ ПАДАРИЮ МОДАРӣ

МАҲРУМ КАРДАН АЗ ҲУҚУҚИ ПАДАРИЮ МОДАРӣ

sudМАҲРУМ КАРДАН АЗ ҲУҚУҚИ ПАДАРИЮ МОДАРӣ фақат ба воситаи суд ва дар асосҳои қонун роҳ дода мешавад: агар муқаррар шавад, ки падару модар ё яке аз онҳо аз иҷрои вазифаи тарбияи фарзандашон саркашӣ мекунанд (мас., дар хусуси тарбияи ахлоқӣ, инкишофи ҷисмонӣ, таълими онҳо ғамхорӣ намекунанд) ё аз ҳуқуқи падарию модарии худ суиистеъмол менамоянд, бо фарзандон бераҳмона муомила мекунанд, ба онҳо бо рафтори бадахлоқона ва зиддиҷамъиятии худ таъсири зарарнок мерасонанд, майзада ё нашъаманд мебошанд. Фақат дар сурати айбдор будани падару модарон онҳоро аз ҳуқуқи падарию модарӣ марҳум кардан мумкин аст. Дар мавридҳое, ки барои тарбияи фарзанд бо сабабҳои объективӣ (дар натиҷаи бемории падару модарон, ба вуҷуд омадани вазъияти ногувор ва ғ.) шароити номусоид фароҳам омадааст, волидайн аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум карда намешаванд. Вале минбаъд агар дар назди падару модар монондани фарзанд барои вай хатаровар бошад, ӯро ба воситаи суд аз ихтиёри онҳо гирифта, ба тарбияи органҳои васоят ва парасторӣ супоридан мумкин аст. Ин чораи муваққатӣ буда, баробари аз байн рафтани сабабҳое, ки боиси ба кор бурдани он шудаанд, суд дар асоси даъвои падару модар ё прокурор, манфиати кӯдакро ба назар гирифта, дар бораи ба падару модараш баргардондани вай қарор бароварда метавонад.
Аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум кардан, чораи фавқулодда буда, дар мавридҳое ба кор бурда мешавад, ки дигар чораҳои таъсиррасонӣ ба падару модар – маломати ҷамъиятӣ, ҷаримаи муайянкунандаи комиссия оид ба корҳои ноболиғони ноҳия (шаҳр), чораҳои таъсиррасонӣ дар ҷои кору истиқомат натиҷае намебахшанд. Ба суд дар бораи аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум кардан яке аз волидайн (падар ё модар), васӣ (парастор)-и кӯдак, прокурор, комиссия оид ба корҳои ноболиғон, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ муроҷиат карда метавонанд. Дар ҳолати аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум намудани яке аз волидайн кӯдак дар ихтиёри дигараш мемонад. Агар ҳардуяшон аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум карда шаванд, кӯдак ба парастории органҳои васоят ва парасторӣ дода мешавад, ки онҳо ба ӯ васӣ ё парасторро таъин менамоянд ё ӯро ба муассисаи бачагонаи тарбиявӣ ҷойгир мекунонанд. Дар мавриди аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум кардани яке аз волидайн ҳам, кӯдакро, агар манфиати ӯ талаб кунад, ба парастории органҳои васоят ва парасторӣ додан мумкин аст.
Падару модаре, ки аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум карда шудаанд, аз тамоми ҳуқуқҳое, ки ба падару модари кӯдак будани онҳо асос меёбанд, аз ҷумла аз ҳуқуқи дар оянда аз вай гирифтани нафақа маҳрум карда мешаванд. Вале волидайни аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрумгардида аз ӯҳдадории таъмини кӯдак озод намешаванд. Суд дар бораи аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум кардани волидайн қарор бароварда, дар айни замон масъалаи ба фоидаи бачаҳои ҳам дар ихтиёри яке аз онҳо монда, ҳам ба тарбияи васӣ (парастор) ё ба муассисаи бачагона додашуда рӯёнидани алиментро ҳал мекунад. Шаҳрвандонеро, ки аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум карда шудаанд, аз хонаи пештараи истиқоматиашон бе додани хона кӯчондан мумкин аст (зиндагии онҳо бо бачаҳо ғайриимкон дониста мешавад).
Органҳои васоят ва парасторӣ бо хоҳиши падар ё модаре, ки аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум карда шудааст, барои вохӯрдан бо кӯдак иҷозат дода метавонанд, ба шарте ки ин вохӯрии онҳо ба кӯдак таъсири бад нарасонад.
Суд ҳуқуқи падарию модариро мувофиқи аризаи падару модари аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрумшуда ё прокурор фақат дар сурате аз нав барқарор карда метавонад, ки агар инро манфиати кӯдак талаб кунад. Агар кӯдакро дигар шахсон ба фарзандӣ қабул карда бошанд, ҳуқуқи падарию модарӣ аз нав барқарор карда намешавад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …