Главная / Гуногун / Маҳфузот – эмин доштан аз ҳар бало

Маҳфузот – эмин доштан аз ҳар бало

Дар ривояте аз «Муснад»-и Баззоз Ҳазрати Абӯҳурайра (раз) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: Ҳар он шахсе, ки дар оғози ҳар рӯз «Ояту-л-Курсӣ» ва се ояти аввали сураи «Муъминун»-ро бихонад, дар он рӯз аз ҳар гуна бадӣ, мусибат ва мушкилот маҳфуз хоҳад монд.

Тирмизӣ ҳам онро ривоят намудааст. «Ояту-л-Курсӣ» ва он се оят аз аввали сураи «Муъмин» ин аст:

Ояту-л-Курсӣ

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳу ло илоҳа илло Ҳува-л-Ҳайю-л-Қайюм. Лo таъхузуҳу синату-в-ва ло навм, лаҳу мо фӣ-с-самовоти ва мо фӣ-л-арз. Ман за-л-лазӣ яшфаъу индаҳу илло биизниҳ. Яъламу мо байна айдиҳим ва мо халфаҳум, ва ло юҳитуна бишайъи-м-мин илмиҳи илло бимошоъ. Васиа курсийюҳу-с-самовоти ва-л-арз. Ва ло яудуҳу ҳифзуҳумо ва Ҳува-л-Алийю-л-Азим

Тарҷума: Худо, ки ба ҷуз вай ҳеҷ худое нест, Зиндаи Поянда аст; Ӯро на пинаке мегирад ва на хоб; он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Ӯст. Кист он, ки назди Ӯ – ҷуз ба ҳукми Ӯ – шафоат кунад? Он чиро медонад, ки пеши дасти онҳо аст ва он чиро, ки паси пушти онҳо аст; ва мардум аз илми Ҳақ чизеро, ба ҷуз он чи Вай хостааст, дарнамегиранд; подшоҳии Ӯ осмонҳову заминро фаро гирифтааст; ва нигоҳбонии ин ҳар ду барои ӯ гарон нест; ва ӯ Баландмартабаи Бузургвор аст.

Се оят аз аввали сураи «Муъмин»[1]

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ҳо мим. Танзилу-л-китоби миналлоҳи-л-Азизи-л-Алим. Ғофири-з-занби ва қобили-т-тавби шадиди-л-иқоби зи-т-тавли, ло илоҳа илло Ҳу, илайҳи-л-масир.

Тарҷума: Ҳо мим. Фурӯ фиристодани ин Китоб аз ҷониби Худои Ғолиби Доно аст – Омурзандаи гуноҳ, ва Пазирандаи тавба, Сахтуқубат, Худованди тавонгарӣ; ба ҷуз ӯ худое нест; бозгашт ба сӯи Ӯст.

[1] Номи дигари ин сура «Ғофир” мебошад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …