Главная / Без рубрики / МАҲАЛГАРОӢ

МАҲАЛГАРОӢ

Мо мардуми тоҷик дар замони пеш аз Шӯравӣ ҳам аҳли як миллат набудаем, бештар аҳли маҳал будаем. Аз мушоҳидаҳои навишташуда дида мешавад, ки дар аморати Бу- хоро ва хонигариҳои дигари минтақа одамон худашонро бухорӣ, самарқандӣ, фарғонӣ, хуҷандӣ ва ғайра муаррифӣ мекардаанд.

То вақте ки ҳукумат дар дасти сулолаҳои ғайритоҷик буд, ин маҳалпарастӣ таъсири чандоне дар ҷомеа надоштааст. Вале ба маҳзи ба масъулият расидан, намояндагони маҳалли ба қудрат расида, доди маҳалгароиро додаанд. Мутаассифона, ин падидаи манфур ба ҳадде дар ҷомеа ҷой афтодааст, ки ҷузъи афкори умум шуда, ҳатто зиёиёну нухбагон низ ба он мубтало гаштаанд.

Дӯст доштани зодгоҳ ва маҳалли зисти худ амри табиист ва ҳеч бадие надорад, ба шарте, ки кас нисбат ба минтақаҳои дигар хусумату бадбинӣ надошта бошад. Вале ба қавли маъруф, талу теппаҳои маҳалли худро аз кӯҳҳои минтақаи дигар боло гузоштан, ифрот аст ва сабаби парокандагӣ ва набуди ваҳдат дар кишвар мешавад, ки метавонад оқибатҳои пешгӯинашавандае ба бор орад.

Соли аввали донишҷӯӣ (1984) дар Душанбе шоҳиди пади- даҳои аҷибе шудам. Ҳамсинфони ман Сайфуллоҳ ба шуъбаи иқ- тисодии Донишгоҳи давлатӣ ва Воиз ба Донишгоҳи политехникӣ дохил шуда буданд. Хобгоҳҳои ин ду Донишгоҳ дар маҳаллаи 33-уми пойтахт дар назди гузари гӯштфурӯшон дар канори ҳам ҷойгир буданд. Ин ду бино дар масофаи тақрибан сад метр аз ҳам қарор доштанд ва тирезаҳои як тарафи онҳо ба ҳам нигоҳ мекард.

Як бегоҳ баъд аз дарс ман меҳмони Сайфуллоҳ шудам. За- моне аз берун садои доду ғирев баланд шуд. Вақте аз тиреза ба берун нигоҳ кардем, дидем, ки аз тирезаҳои бинои муқобил машъалҳои оташ ба ҳавлӣ партофта мешуд. Дуруст нигоҳ кунам, ҷавонон аз ҳарду бино рӯзномаҳоро оташ зада ба замин мепар- тофтанд ва ин машъалҳо ҳавлии байни биноҳоро нимрӯшан ме- карданд. Ин саҳнаи аҷибе буд. Дар ҳавлии нимрӯшан ҷавонони зиёд занозанӣ мекарданд ва фазо пур аз доду фарёд буд.

Сайфуллоҳ бо норозигӣ «боз сар шуд» гуфта, сар ҷунбонд. Ман, ки намедонистам чӣ мегузарад, аз ӯ тафсил пурсидам. Аз нақли ӯ маълум шуд, ки сари ҳар чанд вақт, ҷавонони зодаи Бадахшон бо ҷавонони зодаи Кӯлоб дар ин ҷо ҷанг мекардаанд. Гоҳ аз ин ва гоҳ аз он тараф ҷангхоҳҳои бо чӯбу оҳан мусаллаҳ ҳозир шуда, ба тарафи дигар дашному тавҳин мегуфтаанд ва намояндагони тарафи дигар барои ҷавоб додан берун меома- даанд ва ба ҳам меовехтаанд.

Ман аз Сайфуллоҳ пурсидам, ки мушкили байни онҳо чист, чаро ба ҳам хусумат доранд? Ӯ ҳам, ки сабабашро намедонист, бо «онҳо девонаанд» гуфтан, хулоса кард.

Вале албатта, ин ҷавоби ӯ зеҳни кунҷкови маро қонеъ на- кард. Баъдан ман бо таҳпурсӣ муайян кардам, ки ин ҷавонон аксаран ҳамдигарро нашиносанд ҳам, онҳоро дар зодгоҳашон чунин таълим медодаанд. Донишҷӯёне, ки барои таътил ё баъ- ди хатми Донишгоҳ ба зодгоҳ бармегаштаанд, ба онҳо дар бо- раи муҳорибаҳо ва ғалабаҳои худ аз рӯи тарафи дигар нақлҳо мекардаанд ва наврасонро дар рӯҳияи душманӣ ба тарафи дигар, «қаҳрамонӣ» ва «дифоъ аз обрӯи маҳалли худ» тарбия мекардаанд. Масалан, Варқа аз Душанбе баргашта, ба навра- сони бадахшонӣ аз ҷангҳояш бо кӯлобиҳо ба ҷавонон нақл карда, дар қалби онҳо эҳсоси душманиро алайҳи кӯлобиҳо бедор мекардааст. Ё, Сайҷаъфар дар зеҳни наврасони кӯлобӣ тимсоли ғалабаи кӯлобиҳо бар бадахшониҳо шуда, онҳоро ба муҳорибаҳои беамони баъдӣ омода мегардондааст.

Вақте ин ҷавонон ба Душанбе меомадаанд, ба ҷои дониш- омӯзӣ, рисолати аввалини худро дар муҳофизати номуси маҳал- ли худ аз саркӯб кардани тарафи дигар медонистаанд. Ин аст, ки вақте ду нафар бо сабабе пархош кунанд, шиор медоданд ва тамоми ҷавонони маҳаллашон ба по мехестанд. Ин саҳна тақрибан саҳнаҳои задухӯрдҳои асри сангро ба ёд меовард. Саднафарӣ аз ду тараф мусаллаҳ бо сангу чӯб ба ҷони ҳам дармеафтоданд.

Одатан, ин муҳорибаҳо бо дахолати милиса пешгирӣ ме- шуд. Вале ҳатто дар ин ҳол чандин нафар ба ёрии пизишкон ниёзманд мешуданд.

Яке аз хусусиятҳои ахлоқи ҷомеа дар Душанбе ва умуман дар Шӯравии собиқ ин буд, ки шаҳрвандон бо милиса ҳамкорӣ намекарданд. Ҳамкорӣ бо милисаро ор медонистанд. Худи ин падида хеле ҷолиб аст ва баррасии махсус мехоҳад. Тибқи ин фарҳанг, ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ бадтарин амал ҳисо- бида шуда, касони ба он «муттаҳам»-шударо «буз» меноми- данд. Ҷавонон «буз» шуданро ба шаъни худ ор дониста, ҳеч гоҳ ихтиёрӣ бо мақомоти тафтишотӣ ҳамкорӣ намекарданд. Аз ин сабаб омилҳои ин кашокашиҳо аксаран ошкорнашуда мемонданд ва пешгирии лозима низ ба таври шоён сурат на- мегирифт.

Баъдан, дар пурсуҷӯйҳо ба чунин натиҷа расидам, ки қариб дар тамоми маҳалҳо ҷавононро дар рӯҳияи маҳалгароӣ тарбия карда, ба Душанбе мефиристодаанд. Умуман, донишҷӯён дар донишгоҳҳо ҳам бештар дар ҳалқаи ҳамшаҳриёни худ мезистанд ва ба намояндаҳои маҳалҳои дигар бо нобоварӣ ва ҳатто бо хусумат нигоҳ мекарданд. Ин падидаи ғашовар то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳадди хонагӣ монд, вале дар аввалин фур- сат меваи талхи худро дод, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва хушунатҳои онро ба бор овард.

Дар баъзе маҳалҳо дар овони баччагӣ дар қалби баччаҳо тухми нобоварӣ ва душманӣ ба маҳалли дигарро мекошта- анд, дар ҳоле, ки ман то ба Душанбе омаданам аслан аз чунин чизе хабар надоштам. Худамро на намояндаи як маҳал, балки як миллати сарбаланд меҳисобидам. Ростӣ, ба мо дар мактаб ҷуғрофияи Тоҷикистонро дарс намедоданд ва ман тасаввур ҳам надоштам, ки Тоҷикистон инчунин маҳалҳои зиёд дорад. Барои ман Тоҷикистон фақат ҳамин Панҷрӯд ва он маркази дунёву маҳалли муҳорибаҳои хаёлии ман аз «Шоҳнома»-и безавол буд.

Ҳар кас хонадони худ, деҳа, шаҳр, кишвари худро дӯст ме- дорад ва онро тавсиф мекунад, ки ҷои тааҷҷуб надорад. Ин маҳалгароӣ нест. Бад дидани маҳалли дигар, паст ҳисобидани сокинони он, бо шубҳа ба онҳо нигаристан, эътимод накардан фақат ба хотири аз маҳалли дигар будани онҳо маҳалгароист! Ҳар маҳал лаҳҷаву урфу одати худро дорад. Бо истеҳзо ба лаҳҷаву урфу расми маҳалли дигар муносибат кардан маҳалгароист!

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …