Главная / Маданият ва санъат / МАГИЯ – сеҳру ҷодугарӣ чист?

МАГИЯ – сеҳру ҷодугарӣ чист?

МАГИЯсеҳру ҷодугарӣ, амалиёту маросимхое, ки мутобиқи эътиқод ба қувваи фавқуттабиӣ иҷро мегарданд. Эътиқодмандони он боварӣ доранд, ки нирўи фавкуттабиӣ метавонад ба воқеияти гирду атроф, ба ҳаёту зиндагии одамон таъсир расонад, аз ин ҷо бо ҳар гуна амалиёти ҷодугарона метавон ба ин муҳити воқеӣ таъсир расонд.

МАГИЯ-сеҳру ҷодугарӣ, Бо ин восита ба тақдиру сарнавишти инсон, барори амалиёти фаъолияташ, беморию тандурустии ў, зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ метавон таъсир бахшид. Магия аз ҷумлаи динҳои хеле қадим буда, нишон медиҳад, ки инсон дар назди нирўҳои саркаши табиат нотавону оҷиз аст, дар фаъолияти худ ба мадади қувваи ғайре эҳтиёҷманд мебошад, аз ҷумла инсони ибтидоӣ дар мавриди шикор, киштукор, ҳосилғундори ва фаъолияти худ ба воситаи сеҳру ҷоду вазъи худро сабук карданӣ мешуд.

Магия дар қадим бо дониш ва маърифати ашё алоқаманд буда, як андоза тадқиқи таъсири ашё ва равандҳои гуногуни табиатро фаро мегирифт. Он имрўз ҳам дар байни мардум ҷорӣ аст. Амалиёти сеҳру ҷодугарӣ гуногунранганд. Онҳо метавонанд фардӣ / масалан, барои пешгирии чашм расидан ба тарафи китфи росту чап туф мекунанду/; гурўҳӣ мешаванд.

Аз рўи тамоюлот амалиети сеҳру ҷодугарӣ мудофиавӣ, ҳифозатӣ ва ҳуҷумкунанда; аз рўи мақсад зараровару магияи сиёҳ, нафърасон он на шифобахш мешавад. Ғайр аз ин магия ба соҳаҳои фаъолияти инсон низ тақсим мегардад, масалан, маросимҳои ҷодугарӣ доир ба шикор, кишту кор, ҳосилғундорӣ, бинокорӣ ва ғайра. Амалиёти ҷодугарона аз ҳар гуна куфу суф, таъкиду ибодат, амалиётҳои мушаххаси сеҳромез иборат аст. Дар байни мардуми мо низ навъҳои гуногуни сеҳру ҷоду вуҷуд дорад.

Супориш ва саволҳо.

  1. Сабабҳои пайдоиши унсурҳои будпарастӣ дар байни қабилаҳои ибтидоӣ дар чист?
  2. Оё дар дини ислом унсурҳои монанд ба динҳои қадим дучор мешаванд?

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …