Главная / Биология / МАФҲУМҲОИ АСОСИИ ГЕНЕТИКӢ

МАФҲУМҲОИ АСОСИИ ГЕНЕТИКӢ

Генетика ду хусусияти асосии организмҳои зинда – ирсият ва тағйирпазириро меомўзад. Ирсият ҳамчун хусусияти аз насл ба насл гузаронидани аломатҳо, хосиятҳои ирсӣ ва асоси инкишофро дар бар мегирад. Бо шарофати ирсият дар табиат ҳар як намуди растанӣ ва ҳайвон хусусиятҳои хоси худро дар муддати муайяни таърихӣ нигоҳ медорад. Ҷиҳати дигари ирсият нигоҳ доштани инкишофи муайяни ҳар фард ва намуд, махсусияти мубодилаи моддаҳо ва такрорёбии фардӣ мебошад.

genetika-min

Барқароршавӣ ба воситаи ҳуҷайра гузашта, он дар натиҷаи махсусгардонӣ ба ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ (бадан) ҷудо мешаванд. Дар ин ҳуҷайраҳо нафақат аломатҳо, балки ҳиссачаҳои махсус, ки онҳоро ген меноманд, ба мерос мегузаранд. Ген ҳиссачаи ирсӣ буда (як қисми молекула КДН ё хромосома), инкишофи аломатҳо ё синтези молекулаҳои сафедаҳоро идора мекунад.

Генҳо метавонанд аломатро зоҳир намоянд ва ё баракс, пайдо накунанд. Зоҳиршавии аломат ҳам ба ген, ҳам ба муҳити зист ва ҳам ба таъсири дигар генҳо вобаста аст. Генҳо дар хромосомаҳо ҷой дошта, ҳар як ген дар хромосомаҳои гомологӣ ҷойҳои ба ҳам монандро соҳибанд. Дар дастаи хромосомаҳои гаплоидӣ (тоқ)-и прокариотҳо ё ҳуҷайраҳои ҷинсии эукариотҳо аз ҳар як ген танҳо яктоӣ ҷойгир аст. Дар дастаи хромосомаҳои диплоидӣ (ҷуфт)-и ҳуҷайраҳои бадани эукариотӣ ҷуфти хромосомаҳои гомологӣ ва ду аллели генӣдида мешавад, ки ин ё он аломатро назорат мекунанд.

Генҳое, ки дар ҷойҳои ба ҳам монанди хромосомаҳои гомологӣ ҷойгиранд, генҳои аллелӣ (аз калимаи юнонӣ allе1а ба ҳам монанд) ном доранд. Генҳоро бо ҳарфҳо ишора мекунанд, Генҳои аллелӣ, ки пайдарҳамии нуклеотидҳояшон якхелаанд, чунин навишта мсшаванд – АА.

Дар натиҷаи мутатсия ивазшавии нуклеотидҳои молекулаи КДН ба амал меояд, ки боиси иваз шудани аломатҳо мегардад. Генҳо метавонанд чанд маротиба ба мутатсия дучор гарданд ва дар натиҷа силсилаи аллелҳои генро ба вуҷуд оваранд.

Ин ҳодисаро сераллелӣ ё силсилаи сераллелизм меноманд. Маҷмўи генҳои як фард генотип ном дорад. Зоҳиршавии генотип ба муҳити зисти фардҳо ва бо ҳам алоқамандии генҳо вобастагӣ дорад. Генҳо ба ҳамдигар таъсир расонда, муҳити генотипро ҳосил мекунанд. Ба ибораи генетики машҳур М.Е.Лобашев, генотип ин системаи бо ҳам таъсир расонии генҳост. Дар доираи як намуд фардҳои гуногун ба ҳам монанд нестанд, ки ин натиҷаи тағйирпазирист. Чунин тағйирпазирии фардро дар мисоли одам ва намудҳои растанӣ ва ҳайвонот дидан мумкин аст.

Ҳамин тариқ, тағйирпазирӣ хилофи ирсият буда, пешрафти биологиро ташкил мекунад. Тағйирпазирӣ – тағйир ёфтани ҳиссачаҳои ирсӣ, яъне генҳо буда, дар натиҷаи ин аломатҳо ва хусусиятҳои организмҳо дигаргун мешаванд. Шакл ва сабабҳои тағйирпазирӣ гуногун аст ва барои таҳаввулот (эволютсия) аҳамияти махсус дорад, ки инро фанни генетика меомўзад. Дар рафти омўзиши қонуниятҳои меросгузории аломатҳои ирсии организмҳо тадқиқотчиён, асосан, бо натиҷаи маҳсули табдилёбии генҳо, яъне аломатҳо, сару кор доранд.

Маҷмўи аломатҳои организмро фенотип меноманд. Албатта, фенотип нафақат аломатҳои ба чашм намоён (ранги чашм, мўй, шакли гўш, бинӣ ё ранги гулҳо ва ғайра), балки аломатҳои нонамоён (шакли молекулаҳо, сохтори сафеда ё ферментҳо, консентратсияи глюкоза ва ё дурдаи пешоб дар хун, шакл ва андозаи ҳуҷайраҳо, сохти бофтаҳо ва узвҳо, сохти бадан ва бо ҳам алоқамандии ҷойгиршавии узвҳо)-ро дар бар мегирад. Ба ибораи дигар, мафҳуми аломат ба ғайр аз пайдарҳамии нуклеотидҳои КДН хусусиятҳои сохти организмро дар зинаи инкишоф ташкил менамояд. Ибораи хосият бошад, хусусиятҳои функсионалии организм буда, асоси онро сохти аломатҳо ё гурўҳи аломатҳои оддӣ ташкил мекунанд.

Аксари аломатҳои оддии ба чашм намоён ҳамчун фаҳмиши шартии фарқкунанда хоси организмҳо буда, дар асл бо равандҳои серзинаи мураккаби биохимиявӣ (сафеда-фер-мент-аломат) вобастаанд.

Хуллас, генетика илм дар бораи қонуниятҳои ирсият ва тағйирпазирӣ буда, гўё хилофи якдигаранд. Аммо дар асл онҳо ба ҳамдигар алоқаи зич доранд. Ин хусусиятҳо барои ҳамаи махлуқҳои зиндаи рўи Замин хосанд.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Чиро ирсият меноманд? Ген чист?
  2. Генҳои аллелӣ дар натиҷаи кадом ҳодиса ба амал меоянд?
  3. Сераллелизм чист?
  4. Қоидаи мафҳуми тағйирпазириро шарҳ диҳед.
  5. Қоидаи мафҳуми генотип ва фенотипро шарҳ диҳед.

 Истилоҳот:

  1. Тағйирпазирӣ – қобилияти аломатҳо ва хосиятҳои нав пайдо намудани организмҳои зинда.
  2. Аломат – хосияти сохтори организмҳо дар дараҷаи молекулавӣ, ситологӣ, гистологӣ ва анатомӣ.
  3. Генотип – ҷамъи таъсири тарафайни генҳои организм.
  4. Фенотип – маҷмўи ҳамаи аломатҳо ва хосиятҳои организм.
  5. Хосият – ҳар як хосияти функсионалӣ, ки асоси онро як ё чанд аломат ташкил мекунад.
  6. Ген – порчаи молекулаи КДН ё хромосома, ки инкишофи аломатҳои муайянро ба вуҷуд меорад.
  7. Ирсият – хосияти организмҳои зинда, ки аломатҳо ва хусусиятҳои инкишофи худро ба наслҳо мегузаронад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …