Главная / Гуногун / Мафҳуми «Тоҷик» аз куҷо пайдо шуд

Мафҳуми «Тоҷик» аз куҷо пайдо шуд

Савол: Устод, Шумо дар бораи гузаштаи миллати мо, ҳамчун форс, хеле муфассал ва бо далелҳои раднопазир исбот намудед, ки дар гузаштаи начандон дур моро ҳамчун форс мепиндоштанд ва ҳамаи гузаштаи таърихи халқи мо марбут ба номи форс буд. Пас модоме, ки мо имрўз худро «Тоҷик» мегўем, ин мафҳум аз куҷо пайдо шуд?

Ҷавоб: Барои таърихи «тоҷик»-ро фаҳмидан чандон азият кашидан ҳоҷат нест. Фақат таърихи халқи худро ба тааннӣ донистан даркор аст. Файласуфҳо мегўянд, ки пайдоиши мафҳумҳо, яъне категорияҳои фалсафӣ, ба худи файласуфҳо мансуб нест, балки ин категорияҳо ба таври объективӣ худашон пайдо мешаванд ва номи худро ҳам пайдо мекунанд; аз қабили «вақту фозо», «сабаб ва оқибат» ва ғ. Фақат файласуфҳо онҳоро маънидод мекунанд. Мафҳуми «тоҷик» ҳам ҳамин тавр аст. Чун тўрониёни каёнӣ дар нимаи якўми ҳазораи дуюми пеш аз милод, сохти давлатдории подшоҳиро ба вуҷуд оварда, бори аввал ба сари подшоҳ тоҷ гузоштанд, ин мафҳум ҳамчун лақаби тўрониён асрҳои хеле тўлонӣ дар байни халқҳои гуногун давом мекард. Ҳатто Абулқосим Фирдавсӣ мегўяд:

На Қайсар бихоҳам, на Фағфури Чин,

На аз тоҷдорони эронзамин.

Наслҳои тўронӣ ҳатто дар замони мо ҳам вуҷуд доранд. «Ватани аҷдодии тўрониён Осиёи Миёна аст» гуфта мешавад дар китоби «Ориён»-и банда (соли 2002). Дар ин ҳусус ба китоби «Таърихи тамаддуни Ориён» қисми «Тўрониён» ва «Империяҳои бузурги Форсҳо» (И. Умарзода),  нигаред.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …