Главная / Илм / «МАЪДАНУ-Ш-ШИФО»

«МАЪДАНУ-Ш-ШИФО»

madanu-shifo«МАЪДАНУ-Ш-ШИФО» («Кони шифобахш»), асари Бҳува ибни Хавосхон дар боби тиб, ки дар Ҳиндустон ба забони тоҷикӣ таълиф ёфтааст. «М.» бо номи «Тибби искандарӣ» ва «Тибби сикандарӣ» низ маъруф мебошад. Муаллиф онро ба амри ҳокими замони худ Искандаршоҳи Лудӣ с. 1512 дар асоси китобҳои Аюрведаи ҳиндӣ дар як муҷаллади бузург таълиф намудааст. Номи доруҳо, моддаҳо бо истилоҳҳои хоси тибби Ҳинд ва бо тартиби ҳуруфоти арабӣ ва эзоҳи маънои онҳо оварда шудаанд. «М.» аз ҷиҳати сохт, мундариҷа ва баёни масъалаҳо аз китобҳои тибби форс-тоҷик хеле фарқ мекунад. Мундараҷаи «М.» аз муқаддима ва 3 боб иборат аст. Муқаддимаи асар ба таърифи илми тиб ва моҳияти он бахшида шудааст. Боби якум, ки «дар муқаддимоти илоҷ» (тайёрӣ ба муолиҷа) ном дорад ва аз 15 фасли алоҳида иборат аст, дар бораи марҳилаҳои муолиҷа, хусусияту таъсири таъмҳо (ширинӣ, шӯрӣ, туршӣ, талхӣ, тезӣ, зумухт) ва таъсири онҳо дар фаслҳои гуногуни сол, олоти ҷарроҳӣ, шуллук мондан, тариқи муҳофизати вуҷуди инсон аз бемориҳои гуногун, аломатҳои зиёдатӣ ва нуқсони хилтҳо (хун, балғам, талха ва савдо) ва пайдоиши бемориҳо, мӯътадил гардидани хилти фосидшуда ба воситаи исҳолу қай ва ғ., номи доруҳои ҳиндӣ, хусусияти доруҳо, баёни баъзе доруҳои омос ва думбал, тариқи нигоҳубини маҷрӯҳон ва ғ. баҳс мекунад. Боби дуюм аз 3 фасл иборат буда, тасвири аъзои бадани инсон ва ташреҳи он (анатомия), баёни кайфияти манию ҷанин ва ҳомилагӣ (гинекология), кайфияти рагҳо ва фасд (хун гирифтан)-ро дарбар мегирад. Боби сеюм ба бемориҳо ва муолиҷаи онҳо бахшида шуда, аз 22 фасл иборат аст. Дар ин боб тасвири таб, исҳол, бавосир, ярақон, бемориҳои даҳон ва ҳалқ, захмҳое, ки аз истеъмоли шароб пайдо мешаванд, бемориҳои сабаби ғалабаи бод, бемории саръ, бемориҳои шикам, дил, сина ва масона, илоҷи фарбеҳӣ, омосҳо, фатқ (чурра), хориш, бемориҳои лаб, дандон, забон, ком, гулӯ, гӯш, чашм, дарди сар, бемориҳои занону кӯдакон, бемориҳои пӯст, тайёр кардани нӯшокию шарбат, дар тадбири доғ ва ғ. баён гаштааст. Ба гуфти худи муаллиф дар «М.» 1167 беморӣ баён шудааст. Ҳангоми омӯхтани сабабҳои беморӣ ба ҳисоб гирифтани хусусияти талха, балғам ва бод асоси тиббии ин асар буда, ҳангоми муайян кардани сабаби бемориҳо ба ҳисоб гирифтани вазъияти рӯҳии инсон хусусияти дигари беҳтарини он аст. Баъзе мавзӯъҳои китоб ба тариқи саволу ҷавоб навишта шудаанд. Мас., муаллиф ба мавзӯи усулҳои ибтидоии тиб рӯ оварда, мегӯяд: «… мараз чизеро гӯянд, ки чун дар вуҷуди инсон пайдо шавад, ранҷ расонад. Суол: Баъзе чизҳоанд, ки инсонро аз он ранҷ намерасад, бо он ки онҳоро низ мараз мегӯянд, чунончи кулфат ва хоб ва монанди он. Ҷавоб: Агарчи зоҳиран инҳо ранҷ намерасонанд, аммо аз ин чизҳо дар дил кароҳат пайдо мешавад ва кароҳати дил – ранҷ аст. Ва хобро агарчи роҳат гуфтаанд, аммо бисёрии он муҷиби ранҷ аст…»
Як нусхаи «М.», ки аз 799 саҳифа иборат аст, дар китобхонаи Ин-ти забон ва адабиёти АФ ҶТ маҳфуз мебошад (китобаташ тақр. ба а. 17 тааллуқ дорад).
Ад.: Капранов В., Ҳошим Р., Ҳикмати асрҳо, Д., 1975.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …