Главная / Гуногун / Маданияти Давлати Сомониён

Маданияти Давлати Сомониён

Маданияти давлати Сомониён дар давраи зуҳури дини ислом ва замони ҳукмронии сулолаҳои тоҷикии Тоҳириён ва Саффориён оғоз ёфта, дар замони ҳукмронии  Сомониён ба зинаи баланди тараққиёт соҳиб шудааст. Ба он омилҳои зерин мусоидат кардаанд: 1) маданияти халқҳои Хилофати Араб; 2) забон ва алифбои арабӣ; 3) унсурҳои ахлоқию фарҳангни дини ислом; 4) ташкил ёфтани давлати марказиятноки Сомониён; 5) тараққиёти касбу ҳунар, кишоварзӣ, маъданкоркунӣ ва тиҷорат; 6) васеъшавии доираи истифодаи забони тоҷикӣ; 7) таваҷҷӯҳи давлат ба мактабу маориф ва илму фарҳанг; 8) ҳамоҳангии манфиатҳои мардум ва давлат.

Мақбараи Арабато дар Тим. Солҳои 997-998.Ҳар кадоми онҳо такони алоҳидае буданд, ки якҷоя шуда, маданияти пуршӯҳрати давлати Сомониёнро ба вуҷуд оварданд.

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Арабҳо дар асри VII Эрони Сосониён ва дар асри VIII Мовароуннаҳрро ишғол намуда, дар ин ҷо дини ислом, алифбо ва забони арабиро паҳи карданд. Дар ин минтақаҳои хилофат забони арабӣ забони давлатӣ, илму адаб ва воситаи муоширати байни одамон шуд. Вале бо вуҷуди ин забони арабӣ забони тоҷикиро аз истеъмол пурра бароварда натавонист. Мардуми Хуросону Мовароуннаҳр аз забони модарии худ даст накашиданд.

Ҳанӯз дар давлати Тоҳириён забони тоҷикӣ дар баробари забони арабӣ забони расмӣ буд. Дар замонн ҳукмронии Саффориён мақоми забони тоҷикӣ боз ҳам баландтар шуда, аз оғози ҳукмронии сулолаи Сомониён сар карда, пурра ба забони давлатӣ мубаддал гардид. Вале забони арабӣ чандин асри дигар забони илм буд.

Дар асрҳои IX-X ва баъдтар аз он ҳам забони форсии тоҷикӣ бо номи “забони дарӣ” берун аз ҳудудҳои давлати Сомониён нуфуз пайдо карда, ба забони давлатӣ ва илму адаби чандин мамлакати Шарқ, аз ҷумла, султонии Дехлӣ, империяи Темуриёни Ҳинд, Салҷуқиён, Туркҳои Усмонӣ табдил ёфта, то дараҷае вазифаи забони байналхалқиро низ иҷро мекард.

Дар ҳудудҳои нуфузи забони форсӣ – дарӣбаъди барҳамхӯрии давлати Сомониён давлатҳои  сершумор ташкил ёфтаанд, ки онҳо низ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода буданд, чунки он вақт бо ин забон забони дигаре рақобат карда намставонист.

МАКТАБУ МАОРИФ. Давлати Сомониёнба мактабу маориф дикқати калон медод. Мадрасаҳо мактабҳои олӣ буданд. Ба индонишгоҳҳо хатмкунандагони мактабҳои ҳамагонӣ дохил мешуданд. Ба нақшаҳоитаълимии мадрасаҳо қариб ҳамаи илмҳои замон дохил карда шуда буданд.

Он хамткунандагони мадрасаҳо, ки нисбат ба дигар ҳамсабақон қобилиятноктар буданд, таҳсилро дар мадрасаҳои машхур Давом дода, ба мартабаи баланди

илмӣ иоил мешуданд. Аз байни чунин толибилмон мансабдорони баланди давлатӣ, тоҷирон, олимон, мударрисон ва шоиру нависандагон ба воя мерасиданд.

 Як қисми хатмкунандагони мадрасаҳо дар масҷидҳо ва муассисаҳои дигари динӣ кор мекарданд.

Мадрасаҳои калон ва беҳтарин дар пойтахти давлати Сомониён – шаҳри Бухоро воқеъ буданд. Барои ба ин мадрасаҳо дохил шудан ҷавонон аз тамоми гӯшаю канорҳои мамлакат меомаданд. Давлат нисбат ба донишҷӯёни мадрасаҳо ва мударрисон ғамхорӣ мекард.

ИЛМ. Дар аксарияти шаҳрҳои давлати Сомониён, аз он ҷумла, дар Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот, Нишопур ва Гурганҷ муассисаҳоикалони илмӣ мавҷуд буданд, дар Онҳо олнмон ба тадқиқоти нлмй машғул шуда, асарҳои пурбахо меофарнданд. Олимони зиёди ин давлат шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуда буданд. Имрӯз ҳам номи онҳоро аҳли илму фарҳанги муосир бо ҳурмату эҳтиром ба забон мегиранд.

Азбаски олимони машҳури давлати Сомониён ниҳоят бисёранд, мо танҳо теъдоди ками онҳоро ном мебарем.

Оид ба илми таърих. Абӯбакри Наршахӣ бо “Таърнхи Бухоро” ва Абӯҷаъфари Табарӣ бо “Таърихи пайғамбарон ва шоҳхо” ё худ ‘Таърихи Табарӣ-и худ машҳур мебошанд.

Оид ба илми тиб. Закариёи Розӣ. Муаллифи асарҳои машҳури “Китоб ал-чидорӣ ва-л-ҳасба”, “Китоби Мансурӣ”, “Ал- Ҳовӣ” (иборат аз 20 ҷилд) мебошад.

Абӯалӣ ибни Снно бузургтарин олими соҳаи тиб аст. Китоби ӯ “Қонун  и тиб” ба аксарияти забонҳои бонуфузи ҷаҳон тарҷума ва чоп шудааст.

Оид ба илми кимиё. Ҷобир ибни Хайён дар масъалаи пайдоиши маъданхо тадқиқот гузаронида, аз худ асарҳои сершумори дорои аҳамияти ҷахониро боқӣ гузоштааст.

Оид ба илми ҷуғрофия. Асарҳои ҷуғрофияшиноси машҳур Мансури Марвазӣ “Китоб аз боби хироҷи Хуросон”. Аҳмади Сарахсӣ “Аз боби баҳрҳо, обҳо ва кӯҳҳо”ва “Ал-масолик ва-л-мамолик”. Абӯзайди Балхӣ “Тасвири иқлимҳо”, “Намудҳои мамлакатҳо” ва “Тақсимоти шаҳрҳо” ин илмро ба зинаи боз ҳам баландтари тараққиёт баровардаанд.

Оид ба илми риёзӣ. Муҳаммад ал- Хоразмӣ бо асарҳои “Китоб-ул-ҷамъ ва ут-тафриқ ба ҳисоб-ул-ҳинд” ва “Китоб- ул-мухтасар фи ҳисоб-ул-ҷабр вал муқобала” ва Абӯмансури Балхӣ бо қариб 40 асари илмии худ дар пешрафти илми риёзӣ саҳми бузург гузоштаанд.

Оид ба илми нучум. Абулаббоси Фаргонй “Китоб аз боби ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ва маҷмӯи илм оид ба ситораҳо”-ро таълиф намуда, ба ин илм навгониҳои зиёдро ворид намудааст.

Олимони ҳамадон. Ба ин қабил олимон, ки ҳамаи илмҳои замони худро аз бар карда, оид ба онҳо асарҳои пурқиммат эҷод намудаанд, АбӯАлӣ ибни Сино, Абунасрн Форобӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Закариён Розӣ, Абулвафои Ҷузҷонӣ, Абӯзайди Балхӣ ва Муҳаммади Наршахӣ дохиланд.

Бо вуҷуди ҳамадон будан ҳар кадоми онҳо дар илмҳои алоҳида мақоми хоса доранд. Ин аст, ки АбӯАлӣ ибни Сино дар илми тиб машҳури олам шудааст, Абунасри Форобиро аз бузургтарин файласуфи шарқ эътироф кардаанд, Муҳаммад ал- Хоразмӣ асосгузори яке аз қисмҳои илми рнёзӣ – алгебра мебошад. Хуллас, ҳар кадоми онҳо дар илм нақши бузург гузоштаанд.

АДАБИЁТ. Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯйхати адибони номии давраи Сомониёнро сарварӣ менамояд. Ӯ саромади шеър ва барои ҳама шоирони форсу тоҷик устод ба ҳисоб меравад. Шеърҳои Рӯдакӣ равону фаҳмо ва пур аз панду ҳикматҳоанд. Ба монанди:

Ин ҷаҳоиро нигар бо чашми хирад,

На бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ,

Ҳамчу дарёст, в-аз накукорӣ

Киштие соз, то бад-он бигзарӣ.

Бузургии Рӯдакиро шоири асри XI Рашидии Самаркандӣ чунин васф кардааст:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯ шоири

 Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро бишумурдем сездаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд чунон ки бояд бишмирӣ.

Шоири дигари бузурги форсу тоҷики замони Сомониён Абулқосим Фирдавси мебошад. “Шоҳнома”-и безаволи ӯ аз беҳтарин асари ватанпарастӣ мебошад. Мисраҳои алоҳидаи он ба ганҷинаи панду ҳикматҳои бузургони ҷаҳон ворид шудаанд. Ба монанди:

Ҳамон марг хуштар бо номи баланд,

Аз ин зистан бо ҳаросу газанд.

Ё ки:

Ҳар к-ӯ ба бедод ҷӯяд набард,

Ҷигархаста боз ояд рӯйзард.

Ғайр аз Рӯдакию Фирдавсӣ дар давлати Сомониён шоирони зиёди дигар зиндагӣ ва зҷод кардаанд. Дар байни онҳо Шаҳиди Балхӣ. Абӯмансури Дақиқӣ, Абулҳасани Марвазӣ. Абӯшакури Балхӣ, Абулмасали Бухороӣ, Мунтаснри Сомонӣ, Муродӣ, Робиаи Балхӣ, Хусравонӣ, Маъруфии Балхӣ, Шокири Бухороӣ, Фароловӣ, Мунҷиқи Тнрмизӣ ва боз даҳҳо шоирони машҳур низ ҳастанд, ки дар ташаккули адабиёти форсу тоҷик саҳми бузург гузоштаанд.

ЛУҒАТ

Мударрис – устоди мадраса.

Олимони ҳамадон – он олимоне, ки ҳамаи илмҳои замони худро дар сатҳи ниҳоят баланд медонанд ва оид ба онҳо асарҳо эҷод кардаанд.

Забони дарӣ – яке аз шохаҳои забони тоҷикӣ.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …