Главная / Илм / МАДАЛИЕВ Исматулло Неъматуллоевич

МАДАЛИЕВ Исматулло Неъматуллоевич

nophotoМАДАЛИЕВ Исматулло Неъматуллоевич ( 30. 09. 1950, ш. Душанбе – 10. 03. 2010, ҳамон ҷо), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1997), проф. (1997). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1973). Ординатори Беморхонаи марказии ноҳ. Ленинград (1973 – 75), ординатори Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 (1975 – 85), аспирант (1985 – 88), ассистент (1988 – 90), дотсент (1990 – 97) ва проф. (аз 1997) кафедраи ҷарроҳии умумии № 1. Пажӯҳишҳояш ба ташхис ва ҷарроҳии эхинококкозаи ҷигар бахшида шудаанд. Муаллифи 4 монография, 106 мақола, 73 тезис, 15 корҳои методӣ, 42 пешниҳоди навоварона, 1 кашфиёт (тарзи муолиҷаи эхинококкози ҷигар) аст. Таҳти роҳбарии ӯ 2 наф. рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд.
Ос.: Система активного выявления и консервативного лечения эхинококковой болезни, Д., 2003; Технология активного выявления эхинококковой болезни. «Здравоохранения Таджикистана», 2003, №3; Групповые системы крови, Д., 2007; Беззондовая энтеральная гипералиментация, 2007; Переливание крови, ее компонентов и препаратов в хирургии, Д., 2007; Кабуснаме – взгляд на XXI век, Д., 2009; Возможности диагностики доклинических форм эхинококковой болезни. «Вестник Авиценны», 2009, №2.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

mavjudot

МЕЪЁРҲОИ МАВҶУДОТИ ЗИНДА

То солҳои наздик олимон ақида доштанд, ки мавҷудоти зинда аз ғайризинда бо мубодилаи моддаҳо, ҳаракат, …