Главная / Гуногун / МАҒЗИ САРИ ИНСОН – НАҚШИ МАҒЗИ САР ДАР ИДРОК

МАҒЗИ САРИ ИНСОН – НАҚШИ МАҒЗИ САР ДАР ИДРОК

Вақте одам чизеро эҳсос ва дарк ме­кунад., қисме аз мағзи cap бедор мешавад. Вақте одам мебинад, маркази биной бедор, вақте мешунавад маркази шунавой, вақте ҳис мекунад маркази ломиса ва ғайра бедор ( таҳрик) меёбанд.

Дар сатҳи мағзи одам моддаи хокистарие, ки қишри мағзи cap номида мешавад, мавҷуд мебошад. Вай мағзро аз ҳар тараф мепӯшонад. Агар пластинкаи борикро, ки аз қишри хокистарии мағзи cap бурида шудааст, зери микро­скоп бубинем, пас метавон мушоҳида кард, ки ин қишр дорой сохтори аҷоибест, ки дар расми 10 нишон дода шудааст.

Дар он лӯндачаҳои хурду бузурги мудаввар ва секунда дида мешаванд. Дар қишри мағзи cap онҳо хеле зиёд буда, бо он ҳуҷайраҳо номгузорй шудаанд.

magzi-sar

Ин ҳуҷайраҳо дорой шохчаҳои махсусе дар шакли бурутчаҳо мебошанд. Дамон тавре дар раем нишон дода шудаанд, баъзе аз шохачаҳо кӯтоҳ, баъзеашон дароз мебошанд. Шохчаҳои дароз ба ришта ва ё тори борик монанд мебошанд. Аз чунин риштаҳои асабй асаби чашм иборат мебошад. Дар ин асаб чунин риштаҳо бисер мебошад. Онҳо дар паҳлӯи ҳам қарор доранд. Дар яке аз риштачаи ин асабҳо чашмро бо ҳучраи кучаки маркази биноии моддаи хокистарии мағзи cap (дар қишр) мепайвандад. Бад-ин тартиб, ҳар он чизе, ки мо мебинем, мустақиман тавассути чашмҳо бо кӯмаки ин риштаҳо-торҳо ба ҳуҷайраҳои мағзи cap ворид мешавад.

Дар мағзи cap ҳамчунин асабҳое ҳастанд, ки аз гӯшҳо меоянд. Инро маркази шунавоӣ меноманд, ки дар қишри мағзи cap, дар тарафи чакка қарор доранд. Тори ин асабҳо низ ба ҳуҷайраҳо расида, асабро бедор мекунанд. Аз ин бедорй дар ҳуҷайраҳо баъзе дигаргуниҳо сурат мегиранд; ин дигаргуниҳо аз худ нақше боқӣ мегузоранд.

Дар ҳуҷайраҳо ҳар он чизе, ки одам мешунавад, ҳифз мешавад. Дамчунин дигар аъзои ҳис низ бо марказҳои муайяни қишри хокистарии мағзи cap алоқаманд мебо­шанд

Аз рангҳо ва рӯшноиҳои гуногун аъзои биной бедор мешаванд. Аз овозҳо-асабҳои шунавоӣ, аз хӯрок ва нӯшокиҳо асабҳои зоиқавй бедор мешаванд.

Бад-ин тартиб, аввал нӯги асабҳо, сипас асабҳо бедор мешаванд.

Ин таҳрикот то ба мағзи cap, то ба маркази мушаххас мерасад. Пас аз оне, ки онҳо ба марказ мерасанд, одам шуруъ ба ҳис намудан мекунад.

Дар хуҷайрадои марказии асабй як навъ дигаргунӣ рух медидад.

Он вақт одам ранг, бӯй, садоро дарк карда, шуруъ ба эдсос намудани хунукй ва гармй мекунад.

Тадрикоте, ки то ба маркази марбутаи асаб расидаанд, онҷо нақше аз худ боқӣ гузошта, дар он ҷо ҳифз мешавад.

Ҳофиза – ин нақшест, ки ба ягон маркази мағзи cap ворид туда, ҳифз шудааст. Таври мисол, апелсин шакли мудаввар дошта, ранги он норанҷӣ мебошад. Бомаза, туршаки ширин буда, бӯйи мақбул дорад. Ҳангоми ба сатди он дар тамос шудан, як навъ дуруштӣ эҳсос мешавад.

Ин ҳама дар натиҷаи эдсосоти гуногун, ки ба мағзи инсон ворид мешаванд, фадмида мешавад.

Яке тавассути чашм, дигар тавассути забои, саввумй тавассути бини, чадорумй тавассути ламси дастон муайян кардааст.

Ин ҳама образдо муттаҳид мешаванд ва иртиботи мутаҳобиларо дар мағз ташкил медиданд. Ҳамин тавр аз тарафи мағзи cap дарк мегардад, он чиро ки одам афлесун меномад.

Ҳамаи он чиро, ки одам дар бораи атрофи худ медонад, ҳамин тавр сурат мегирифт ва сурат ходад гирифт. Дигаргуна ҳам набояд бошад. Ба мағзи сари одам дар сония эҳсосоти гуногун ворид мешаванд.

Ин ҳама эҳсосот тавассути чашмдо, гӯшдо ва дигар аъзои ҳис дарк мешаванд.

Ин гуна иттилоот дар мағзи инсон ба теъдоди миллиондо ҷамъ ва ҳифз меша­ванд.

Ҳама сарвати ақли одамй аз эҳсосоти гуногуни бисёр, ки ба мағзи инсон ворид мешаванд, иборатанд.

Ин сарчашмаи эҷод ва фаъолият дар илму ҳунар ба шумор меравад.

Пурсишҳо

  1. Из каких центров состоит мозг?
  2. Что такое сохранение в памяти?
  3. Из чего состоит мозг?
  4. В какой части головного мозга расположен центр слуха?
  5. В какой части головы расположены органы слуха?
  6. Из чего состоит богатство разума человека?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …