Главная / Ҷуғрофия / МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН

МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН

Хелҳои маҳалҳои аҳолинншин. Давраи дуру дароз инсон аз табиат зич вобаста буд. Одамон гурӯҳ-гурӯҳ дар қамари кӯҳ ва горҳо зиндагонӣ мекарданд. Баробари инкишофи ҷамъият дар ҳудуди муаиян паҳн гардидани одамон, ташкил ёфтани истеҳсолот, сохтани манзилгоҳҳо ва иморатҳои истеҳсолй (осиёб, обҷувоз, устохонаҳои челонгарӣ ва ғайра) ва ғайриистеҳсолӣ (мактаб, масҷид, меҳмонхонаҳо ва ғайра) маҳалҳои аҳолинишинро ба шаклҳои маскуншавии аҳолӣ табдил дод.

Пайдоиши онҳо ба давраҳои инкишофи соҳаҳои асосии истеҳсолоти кишоварзй ва саноат вобаста мебошад. Аз ин ҷо мувофиқи фаъолияти хоҷагии аҳолӣ маскуншавй ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: деҳот ва шахр. Аҳолии деҳот ба чорводорӣ, кишоварзӣ, моҳидорй, шикори ҳайвонот, чӯббурӣ, кирмакпарварӣ, занбӯри асалпарварй ва ғайра машғуланд. Баръакси деҳот аҳолии шаҳрҳо ба коркарди ашёи хоми кишоварзӣ (пахта, пӯст, пашму пилла, шир, гӯшт, ангур, мева, офтобпараст, найшакар, лаблабу, сабзавот) ва минералӣ (намудҳои гуногуни маъдан, масолеҳи сохтмон, нефт, газ. ангишт ва ғайра) машғул мебошанд.

xona

Аз ин намудҳои ашёи хом намудҳои гуногуни хӯрокворй, сарулибос, пойафзол, металлҳои мухталиф ва аз онҳо  мошину дастгоҳҳо, намудҳои сӯзишворӣ, наҳҳо ва моддаҳои кимиёвӣ, маснуоти тайёри сохтмонӣ тайёр менамоянд. Дехаохо аз ҷиҳати миқдори аҳолй калон ва хурд мсшаванд. Деҳаҳоҳо калон дар он мавзеъҳое ташаккул ёфтаанд, ки замини кишт зиёд аст, фаъолияти хоҷагии аҳолӣ серҷабҳа мебошад. Дар Тоҷикистон чунин деҳаҳоҳо дар водии Вахш. Ҳисор, қисми  Точикистонии водии Фарғона (қисми  ғарбии он) зиёдад. Деҳаҳоҳо хурд асосан дар минтақаи кӯҳсор ҷойгир шудаанд. Дар он ҷо замини кишт кам, фаъолияти хоҷагидорӣ маҳдуд мебошад. Шаҳрҳо ҳам аз рӯи миқдори аҳолӣ ба шаҳрҳои миллионӣ, калон ва хурд ҷудо мешаванд. Дар ҷумҳурии мо ҳоло шаҳрҳои миллионӣ вуҷуд надоранд. Шаҳрҳои мавҷуда ба шаҳрҳои калон, миёна ва хурд дохил мешаванд.

Ифодаи нуқтаҳои аҳолннишин дар нақшаи маҳал. Вобаста ба намуд ва миқёси харитаҳо нуқтаҳои аҳолинишин дар он ба таври гуногун ифода карда мешаванд. Дар харитаҳои хурдмиқёс нуқтаҳои аҳолинишин муфассал нишон дода намешаванд, чунки масоҳташ инки ба миқёси харита мувофиқ намеояд. Аз ҳамин сабаб дар харитаҳо нуқтаҳои аҳолинишинро бо аломати шартӣ – пунсонҳои (доирачаҳои) калон ва хурд ифода мекунанд. Фақат дар харитаҳои топографии калон миқёс мо метавонем, ки нуқтаҳои аҳолинишине пурра тасвир намоем.

Чунин нақшаҳои маҳал дар миқёси 1:10000. 1:25000, 1:50000 нақшабгрдорӣ карда мешаванд. Дар онҳо нуқтаҳои аҳолинишинро бо ҳама манзилгоҳу кӯчаҳо, корхонаҳои маданию маишӣ, истеҳсолӣ, роҳҳо, пулҳо каналҳо, заминҳои кишт, боғу токзорҳо муфассал бо аломатҳои шартй мувофиқи Миқёс тавсиф менамоянд. Барои нақшабардории маҳал ва хондани он аломатҳои шартии топографиро бояд донист.

Савол вз супориш

  1. Одамони давраи ибтидоӣ дар куҷо зиндагй мекарданд?
  2. Пайдоиши нуқтаҳои аҳолинишин ба чӣ вобаста аст? .
  3. Нуқтаҳои аҳолинишин аз ҷиҷати фаъолияти хоҷагидории одамон ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мешаванд?
  4. Нуқтаҳои аҳолинишин дар харита ва нақшаи маҳал чӣ тавр тасви  карда мешаванд?
  5. Аз рӯи нақшаи пешниҳодкардаи муаллим дар дафтари география маҳал ва нуқтаи аҳолинишини худро тавсиф намоед.

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …