Главная / Гуногун / Мўсо дарвешеро дид

Мўсо дарвешеро дид

Мўсо  дарвешеро дид аз бараҳнаги ба рег андар шуда. Дуо кард, то худои азза ва ҷалла мар ўро неъмате  дод. Пас аз чанд рўз дидаш гирифтору халқе анбўҳ бар ў гирд омада. Гуфт:

– Ин чӣ ҳолат аст?

Гуфтанд:

– Хамр хўрдааст ва арбада карда ва касеро кушта. Қасосаш ҳамекунанд.

Он ки ҳафт иқлим оламро ниҳод,

Ҳар касеро он чӣ  лоиқ буд, дод.

Гурбаи мискин агар пар доштӣ,

Тухми гунҷишк аз замин бардоштӣ.

Он ду шохи гов агар хар  доштӣ,

Одамиро назди худ нагзоштӣ.

Оҷиз бошад, ки дасти қудрат ёбад,

Бархезаду дасти оҷизон бартобад.

Мўсо ба ҳикмати ҷаҳонофарин  иқрор кард ва аз таҷосури хеш истиғфор.

Сифла чу чоҳ омаду симу зараш,

Сили хоҳад ба зарурат сараш.

Он нашунидӣ, ки ҳакиме чӣ гуфт:

«Мўр ҳамон беҳ, ки набошад параш».

 

***

Он кас, ки тавонгарат намегардонад,

Ў маслиҳат ту аз ту беҳтар донад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …