Главная / Гуногун / Лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ Тоҷикистон

Лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ Тоҷикистон

Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ. Дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2018 лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда аз 67 адад (25 лоиҳаи грантӣ, 12 лоиҳаи қарзӣ ва 30 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии он 29,2 млрд. сомонӣ  (3,1 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда ба маблағи 5,2 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои қарзӣ 16,3 млрд. сомонӣ (1,73 млрд. доллари ИМА) ё 55,5 фоиз, маблағҳои грантӣ 11,7 млрд. сомонӣ (1,24 млрд. доллар) ё 39,8 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,13 млрд. сомонӣ (120,1 млн. доллар) ё 3,9 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 222,4 млн. сомонӣ (23,6 млн. доллар) ё 0,8 фоизро ташкил медиҳад. 

Сохтори маҷмӯии  лоиҳаҳои амалкунандаи давлатии сармоягузорӣ дар моҳҳои январ – сентябри солҳои 2017 – 2018  (бо млн. доллари ИМА)

Тавре, ки аз ҷадвали мазкур бармеояд маблағи умумии маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда ба ҳолати 1 октябри  соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3449 млн. сомонӣ (366,2 млн. доллар) зиёд мебошад, ки асосан аз ҳисоби оғоз гардидани  татбиқи якчанд лоиҳаи калонҳаҷм дар соли 2018, аз ҷумла лоиҳаҳои «Таҷдиди НБО-и Норак, марҳилаи 1», «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб–Қалайхумб, қитъаҳои A ва F», «Мустаҳкамгардонии инфрасохтори муҳимтарин ҷиҳати таъмини устуворӣ бар зидди офатҳои табиӣ», «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4», «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар рушди ҷомеа» ва дигар лоиҳаҳо.

Сарчашмаҳои маблағгузории маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ (бо млн. доллари ИМА ) Қарзи берунаи Тоҷикистон.

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда (аз аввали татбиқ то ба 01.10.2018с.) 14,1 млрд. сомонӣ ё (1,48 млрд. доллар) азхуд карда шудааст, ки ин 48,0 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда дар нуҳ моҳи соли 2018 (ба ҳолати 1 октябр) 2,4 млрд. сомонӣ (255,3 млн. доллар) азхуд карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 89 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар аст.

sarmoya-qarz

Аз маблағи умумии дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда дар давраи ҳисоботии  соли 2018 азхудгардида 1156 млн. сомонӣ (122,8 млн. доллар (48 фоизи маблағи умумии азхудшуда)) маблағҳои қарзӣ, 1154 млн. сомонӣ (122,6 млн. доллар(48 фоиз))  воситаҳои грантӣ, 68,2 млн. сомонӣ (7,24 млн. доллар) (2,83фоиз)) саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 23,5 млн. сомонӣ (2,5 млн. доллар (1,1 фоиз)) дигар сарчашмаҳоро ташкил медиҳанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …