Главная / Биология / Лизосомаи ҳуҷайра

Лизосомаи ҳуҷайра

Лизосомаҳо ҳиссачаҳои нисбатан хурди мембранадор буда, шакли лўнда доранд; диаметрашон тақрибан 0,4 мкм буда, бо як мембранаи сеқабата пўшида шудааст. Дар лизосомаҳо қариб 30 ферменти гуногун мавҷуд аст. Онҳо қобилият доранд сафедаҳо кислотаҳои нуклеинат, полисахаридҳо, липидҳо ва дигар моддаҳоро таҷзия кунанд.

Лизосома

Бо ёрии ферментҳо таҷзия шудани моддаҳоро лизис меноманд (аз юнонии lysis – таҷзия); бинобар ин, онҳо лизосома ном гирифтаанд. Лизосомаҳо аз ҳисоби сохторҳои маҷмаи Голҷӣ, ё бевосита аз тўри эндоплазмавӣ ташаккул меёбанд.

Лизосомаҳо ба вакуолаҳои пиноситозӣ ва фагоситозӣ наздик шуда, маҳлули худро ба онҳо мерезанд. Ҳамин тавр, яке аз хусусиятҳои хоси лизосомаҳо иштирок дар ҳазми моддаҳои дохилиҳуҷайравӣ аст. Fайр аз ин, лизосомаҳо метавонанд сохтори ҳуҷайраҳои фавтандаро вайрон кунанд, масалан, дар рафти инкишофи ҷанин, модоме, ки ивазшавии бофтаҳои ҷанинӣ ба доимӣ мегузаранд ва ё дар дигар мавридҳо.

Табаддулоти сохторие, ки худи ҳуҷайра ба вуҷуд меорад, дар мубодилаи мўътадили моддаҳои ҳуҷайра аҳамияти калон дорад. Вале то ҳол маълум нест, ки лизосомаҳо маводи дохилиҳуҷайравиро, ки барои маҳв кардан ҷудо шудаанд, чи гуна шинохта мегиранд.

Хуллас, лизосомаҳо ҷузъи кўҳнаи ҳуҷайра ва баъзан органоидҳои алоҳидаро таҷзия мекунанд (ба монанди думғозаи кафлесаки қурбоққа). Дар лизосомаҳо системаи худму ҳофизатӣ мавҷуд аст.

Маркази ҳуҷайра

Маркази ҳуҷайра аз ду ҳиссачаи силиндршакл иборат буда, нисбати якдигар бо кунҷи рост ҷойгиранд (расми 5.11). Ин ҳиссачаҳоро сентриола меноманд. Девори сентриолаҳо аз 9 банд иборат аст, ки ҳар яке аз онҳо се микронайча дорад. Сентриолаҳо дар тақсимшавии ҳуҷайра нақши асосиро бозида, аз ҳисоби онҳо торҳои ахроматинӣ пайдо мешаванд. Олимон ақида доранд, ки ферментҳои маркази ҳуҷайра дар кашиш хўрдани хромосомаи духтарӣ ба қутбҳои муқобили ҳам (дар анафазаи митозӣ) иштирок мекунанд. Дар ҳамаи ҳуҷайраҳое, ки маркази ҳуҷайравӣ доранд, сентриолаҳо ёфт нашудаанд, масалан, дар растаниҳои дараҷаи олӣсентриола вуҷуд надорад.

Ситоскелет

Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи ҳуҷайраҳои организмҳои эукариотӣ ин ташаккули такягоҳ (скелет) дар ситоплазма буда, дар шакли микронайчаҳо ва бандчаи торҳои сафеда вомехўрад.

Бинобар ин, пайдоиши такягоҳи дохилиҳуҷайравӣ яке аз ароморфозҳои калонтарин ба шумор меравад. Ҳуҷайраҳои эукариотӣ дар эраҳои архей ва протерозой пайдо шудаанд.

Унсурҳои ситоскелет бо қисми берунии ситоплазмавӣ ва пардаи ядро алоқаманд буда, дар ситоплазма печу тоб мехўрад ва мураккаб мегардад (расми 5.12). Унсурҳои такягоҳи ситоплазма шакли ҳуҷайраро муайян карда, ба ҳаракати сохторҳои дохилиҳуҷайравӣ ва худи ҳуҷайра мусоидат менамоянд. Дар баъзе навъҳо ҳуҷайра, ба монанди соддатаринҳо (навъи инфузория, синфи қамчинакдорон) унсурҳои ситоскелет дар тамоми даври ҳаёташон вомехўранд.

Онҳо ҷойҳои доимӣ дошта, дар зери микроскоп ё заррабин дида мешаванд. Баъзан ситоскелет шакл тағйир медиҳад.

Масалан, дар амёба ва ҳуҷайраи ҳайвоноти серҳуҷайра (лейкоситҳо) шакли ҳуҷайраҳо тағйир ёфта, пойҳои қалбакиро ташкил мекунад.

Қамчинакҳо ва мижгонакҳо

Қамчинак ва мижгонакҳо узви ҳаракат буда, ҳам ба организмҳои якҳуҷайра (камчинакдорон ва инфузория) ва ҳам баъзе организмҳои серҳуҷайра, (ҳуҷайраи эпителӣ, нутфа) хосанд.

Қамчинак ва мижгонакҳо сохтори умумӣ доранд (расми 5.13). Қисми зиёди ин узвҳо ба берун равона шуда, шакли дарозрўяро дорад; девори он аз 9 ҷуфт микронайча иборат аст. Дар марказ ду микронайчаи дигар ҷой гирифтааст.

Ин қисм пурра ё бештар бо мембранаи ситоплазматикӣ пўшида шудааст. Дар асоси узв, дар қабати берунаи ситоплазма ҳиссачаи базалӣ (асос) ҷойгир мебошад; ба ҳар ҷуфти микронайча, ки қисми берунаи қамчинак ва мижгонакҳоро ташкил мекунанд, як микронайчаи кўтоҳ илова мешавад.

Ҳамин тавр, ҳиссачаи базалӣ аз 9 триоди (сегона) микронайчавӣ сохта шуда, ба компонентҳои маркази ҳуҷайра, яъне сентриолаҳо монанданд. Ҳаракати қамчинак ва мижгонакҳо бо лаппиш ё лағжиши ҷуфти микронайчаҳо нисбати якдигар вобаста буда, дар ин вақт энергияи зиёд дар шакли АТФ сарф мешавад.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Барои ҳуҷайраҳои эукариот кадом хусусиятҳо хосанд?
  2. Кадом сохторҳои ҳуҷайраро иловагӣ меноманд? Мисол оред.
  3. Асоси сохтори ҳуҷайраро чӣ ташкил мекунад?
  4. Мембрана чӣ гуна сохта шудааст?
  5. Мембранаи беруни ситоплазмавӣ кадом вазифаҳоро иҷро мекунад?
  6. Мубодилаи моддаҳо байни ҳуҷайра ва муҳити беруна бо кадом роҳ ба амал меояд? Пиноситоз чист? Фагоситоз чист?
  7. Органоидҳои ҳуҷайраро муайян кунед ва вазифаи онҳоро нишон диҳед.
  1. Фарқи тўри эндоплазмавии ҳамвор ва чиндор дар чист?
  2. Кадом органоидҳои ҳуҷайра КДН доранд?

Истилоҳот:

  1. Ситоскелет – системаи микронайчаҳо ва торҳои сафе- дагӣ, ки шакли ҳуҷайраҳоро нигоҳ дошта, ҳаракати сохторҳоро дар ситоплазма ташкил мекунад.
  2. Моддаҳои иловагӣ – элементҳо ё сохторҳои ситоплазма, ки маҳсули фаъолияти ҳаётии ҳуҷайраанд ва бештар роли захирашавии моддаҳоро иҷро мекунанд.
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

kabuti

Кабудӣ (Кабутӣ) барои хурока

Кабудӣ – шибит, кашнич, пиёзи кабуд, райҳон, пудина, ҷаъфарӣ ва ғайра ба миқдори зиёд витамину …