Дар эволютсияи молекула фақат қишри Замин мақоми муҳим бозидааст. Таркиби қишри Замин аз Al, Ca, Fе, Mg, Na, K ва дигар унсурҳо иборат аст. Дараҷаи фаҳмишҳои геологӣ ҳоло имкон намедиҳанд, ки оид ба тағйирёбии таркиби қишри замин дар ҳар давра хулосаи асоснок барорем.
Гидросфераи аввалин Дар сатҳи аввалаи Замин камтар аз 0,1 фоизи ҳаҷми уқёнусҳои ҳозира вуҷуд дошт.
Муҳити уқёнуси аввалин ишқории суст буд (pH=8-9). Атмосфераи аввалин Атмосфераи нахустини Замин аз гидроген иборат буд, ки он ба фазои коинот хориҷ шудааст; атмосфераи дуюмин аз газҳои вулқонӣ ба вуҷуд омадааст. Се тариқи ҳосил шудани атмосфераи якумин пешниҳод гардидааст:
Пайдоиши протобиополимерҳо масъалаи нисбатан мураккабтар аст. Зарурати мавҷуд будани онҳо дар ҳама организмҳои зинда ҳатмист. Онҳо дар раванди ферментатсия (масалан, гидролиз, декарбоксилонӣ, аминилонӣ, дезамилонӣ, оксидкунии ангидридӣ, гидроген ва ғайраҳо), ба ғайр аз баъзе равандҳои содда (масалан, туршшавӣ) ва мураккаб (реаксияи фотохимиявӣ, фосфоронидан, фотосинтез ва ғайраҳо) масъул мебошанд.
Мавҷудияти об дар сайёраи мо (уқёнуси аввалин) ва зарурати мавҷуд будани он дар ҳамаи организмҳои зинда сабаби монеъгии термодинамикӣ дар роҳи пайдоиши протобиополимерҳо дар равандҳои поликонденсатсия мебошад.
Масалан, барои дар маҳлули обӣ ҳосил кардани банди пептидӣ мувофиқи реаксия: сарфи 2-4 ккал энергия зарур аст.
Монеъгии термодинамикӣ барои ҳосил кардани молекулаи сафеда дар маҳлули обӣ боз зиёдтар аст. Пас, барои аз биомономерҳо синтез кардани макромолекулаҳо методҳои махсуси дур кардани об заруранд.
Саволҳо барои санҷиш:
- Заминаҳои кайҳонӣ ва сайёравии дар Замин бо роҳи абиогенӣ пайдо шудани ҳаётро номбар кунед.
- Барои дар Замин аз моддаҳои ғайриорганикӣ пайдо шудани моддаи органикӣ хусусияти барқароршавӣ доштани атмосфераи аввалин чӣ аҳамият дошт?
- Асбоб ва методи гузаронидани таҷрибаҳои С.Миллер ва П.Юриро нақл кунед.
Истилоҳот:
- Галактика – системаи ситораҳо ва сайёраҳои онро иҳота карда.
- Сайёра – ҷисмҳои осмоние, ки дар атрофи Офтоб давр мезананд ва аз он гармию рўшноӣ мегиранд.
- Синтези абиогенӣ – ҳосилшавии молекулаҳои органикӣ аз молекулаҳои ғайриорганикӣ, бидуни организми зинда.