Главная / Ҷуғрофия / ЛИТОСФЕРА ЧИСТ?

ЛИТОСФЕРА ЧИСТ?

Кабатҳои литосфера. Тавреки медонем, литосфераро кишри Замин ҳам мегӯянд. Ин калимаҳо (мафҳумҳо) аз ҷиҳати маъно ба ҳам наздиканд. Қишри Замин гуфта мо фақат қабати сахти болои Заминро дар назар дорем.

Литосфера бошад, ғайр аз қишри Замин, инчунин қисми болои мантияро дар бар мегирад.

лИТОСФЕРАСатҳи қишри Замин ноҳамвор мебошад. Қисми баланди онро хушкӣ (материкҳо), пастхамиҳоро уқёнусҳо ишғол намудаанд. Ғафсии он дар зери уқёнусҳо 5-10 км, дар зери ҳамвориҳо 30-35 км. дар зери кӯҳҳо 50-75 км-ро ташкил медиҳад. Он аз маъдан ва ҷинсҳои кӯҳии гуногун таркиб ёфтааст. Онҳоро одамон бо мақсадхои гуногун истифода мебаранд. Хангоми аз чуқуриҳои қишри Замин
исгтихроҷ кардани минералҳо (маъданҳо) дар конҳо мушоҳида намудаанд, ки баробари зиёд шудани чуқурӣ ҳарорат баланд мешавад. Баъдтар олимон муайян карданд, ки ин ҳарорат ба кишри Замин аз мантия дохил мегардад.

Ҳамин тавр, қабатеро, ки аз қишри Замин ва қисми болои мантия таркиб ёфтааст. литосфера меноманд.

“Литос” калимаи юнонӣ буда, маънояш “санг” аст. Ғафсии ин қабат дар ҳама ҷои кураи Замин як хел нест.

Омӯзнши қишри Замнн. Рӯи Замин панохгоҳ ва муҳити зисти инсон аст. Ҳаёти инсон бо он зич алоқаманд мебошад. Одамон дар рӯи Замин кишт мекунанд, чорво парвариш менамоянд, роҳҳо, хона, корхона месозанд. Аз зери Замин маъдан, нефт, ангипп, газ истеҳсол менамоянд. Баробари афзудани талабот ҳаракат мекунанд, ки сарватҳои дар чуқуриҳои зиёди Замин ҷойгирифтаро ҳам истифода баранд. Барои фаҳмидан ва пешгирй кардани офатхои табий – лағжиши қабатҳо оташфишонии вулконҳо, заминҷунбӣ ва ғайра кӯшиш менамоянд. Ҳалли ин масъалаҳо одамонро водор месозад, ки на фақат сатҳи кишри Замин. балки қабатҳои чуқури онро омӯзанд. Ба ин мақсад усулҳои гуногуни тадқикотро истифода мебаранд. Яке аз ин усулҳо мушоҳидаи бевоситаи қисми ба назар намоёни рӯи Замин мебошад.

Бо кӯмаки ин усул ҷойҳои ба назар намоёни ҷинсҳои кӯҳии сохили бахрҳо, обкандаи сойҳо, водии дарёҳо, нишебии кӯҳҳо хуб омӯхта шудаанд. Аммо чуқурии Замин барои мо аён нест. барои омӯхтани  oн аз дигар усулҳо истифода мебаранд. Ҷинсҳои кӯҳии кабати аз ҳама болои Заминро ба воситаи нақби конҳои чуқур омӯхта, таркиб ва шароити ҳосилшавии онҳоро фаҳмида мегиранд. Қабатҳои нисбатан чуқури қишри Заминро бо усули пармакунии чоҳҳои аз ҳад чуқур – сейсмикӣ (“сейсмос” калимаи юнонӣ буда, маънояш ларзиш зилзила аст) меомӯзанд. Ҳоло чоҳҳои чуқуриашон 12-15 км дар Африкои Ҷанубӣ, Америкои Лотинй, Урал, Кафкази Шимолӣ, нимҷазираи Кола канда шудаанд. Дар асоси намунаи ҷинсҳои кӯҳии ба даст оварда олимон дар бораи таркиб, пайдоиш, сохти қишри Замин ва зохиршавии қувваҳҳои дохилӣ, ки онро тағйир медиҳанд, хулосаҳои илми мебароранд.

Усули сейсмикӣ ба он асос ёфтааст, ки аз қабати ҷинсҳои кӯҳии ковок ва сахт мавҷҳои сейсмикӣ бо суръати гуногун мегузаранд. Бинобар ин дар рӯи Замин дар чуқурии муайян таркиш ба амал меоваранд. Ба воситаи асбобҳои махсус суръати паҳншавии мавҷҳои сейсмикиро муайян намуда, аз қабати кадом чинсҳои кӯҳй гузаштани онҳоро муқаррар менамоянд. Масалан, суръати гузаштани мавҷҳои сейсмикӣ дар ҷинсҳои таҳшин дар як сония ба ҳисоби миёна 3 км. дар санги хоро 5 км-ро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин маълумотхо олимон сохт, таркиби қишри Замин ва ҳолати қабатҳои чуқури онро аниқ муайян мекунанд. Оид ба кабатҳои дохилии Замин фарзияҳо пешниход менамоянд.

Савол ва супориш

  1. Кадом қисми Заминро кишри Замин меномаид?
  2. Қишри Замин аз чиҳо иборат аст?
  3. Кадом қисми Заминро
    литосфера мегӯянд?
  4. Қишри Заминро барои чӣ меомӯзанд?
  5. Аз нақша муайян намоед, ки қисмхои баланд ва пасти
    қишри Заминро чихо ишғол кардаанд?
  6. Ғафсии қишри Замин дар зери материкҳо ва уқёнусхо чанд километрро
    ташкил медиҳад?
  7. Қишри Замин дар зери материкҳо
    (хушкӣ) ва уқёнусҳо аз кадом қабатхо иборат аст?
  8. Литосфера аз кишри Замин чӣ фарқ дорад? Қишри Заминро бо кадом усулҳо меомӯзанд?
  9. ар ҷойҳои ба назар намоёни қишри Замин кадом ҷинсҳои кӯҳиро дидаед?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …