Главная / Варзиш / ЛИБОСИ ВАРЗИШИИ ШУМО

ЛИБОСИ ВАРЗИШИИ ШУМО

Барои машқҳои ҷисмонӣ ва дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ чӣ гуна либос пӯшидан лозим аст?

Пеш аз ҳама, либос ва пойафзол бояд ба ҳаҷми бадани шумо ҷавобгӯ бошад, ба харакатҳо, нафасгирӣ ва гардиши хун монеа наша- вад. Барои ҳамин гиребон, манжетҳои миён, резинҳо набояд ҷафс ва тангбошанд.

Arap шумо дар дохили бино, ё худ дар ҳавои гарм дар берун машқ кунед, бсҳтараш либоси пахтагӣ, трикотажӣ, ё худ либоси сабуки варзишӣ дошта бошед. Ин гуна либос аз қабати пӯст арақи баданро ба худ мекашад.

03b3c51b4e46

Дар ҳавои хунук либоси варзишӣ бояд се қабат бошад: либоси зер (беҳта- раш пахтагӣ); курта (аз фланел); либоси трикотажии гарм ё свитери гарм ва шими варзишӣ.

Ба cap, одатан, кулоҳи бофташуда мепӯшанд, ба дастҳо дастпӯшак. Агар шамол бошад, хуб мешавад агар аз болои либосҳо боронӣ (куртка) пӯшед.

Пойафзол бояд ба ҳаҷми пой мувофиқат кунад ва шинам бошад. Пойафзоли танг гардиши хунро вайрон мекунад.

Дар ҳавои хунук ин ба хунукзании пӯсти пой оварда мерасонад.

Пойафзоли танги варзишӣ бо дарзҳои дарунии дағал ё ҷойҳои қатшудааш пӯсти пойро канда метавонад. Аз хамин сабаб обилаҳо, ё худ ҷарохатҳо пайдо мешаванд.

Худи ҳамин ҳолат ҳангоми калон будани пойафзол ба вуҷуд меояд.

Пойафзоли зимистонаи варзиширо бо ҷӯробҳои пашмӣ пӯшидан лозим аст, ки аз зери онҳо ҷӯробхои тунуки пахтагӣ бошад. Кедхо ва кроссовкаҳоро низ бо ҷӯроби пашмӣ пӯшидан лозим аст.

Ба тозагии либоси варзишӣ риоя намудан лозим аст. Либоси ба бадан расидаистодаро пас аз хар машқ шусган ба мақсад мувофиқ аст.

12345

Худро бисанҷед

  1. Дар як вақт аз хоб мехезам.
  2. Машқи пагоҳирӯзиро иҷро мекунам.
  3. Телевизортамошомекунам (1 соату 20дақиқа).
  4. Дар як вақтхӯрок мехӯрам.
  5. Худам дарс тайёр мекунам.
  6. Дақиқаҳои тарбияи ҷисмонӣ мегузаронам.
  7. Ба як мактаби варзишӣ меравам.
  8. Тирезачаро кушода хоб мекунам.
Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

03

Комплекси гимнастикаи пагоҳирӯзӣ

Комплекси 1. (бе ашё) Комплекси 2. (бо чӯб) Комплекси 3. (бо тӯб) Маҷмӯи машқҳо дар …