Главная / Гуногун / Либия дар асри XIX

Либия дар асри XIX

Дар нимаи дуюми асри XIX хавфи ба мустамлика табдил ёфтани Либия меафзояд. Даъвогарони асосии забти Либия Фаронса ва Италия буданд. Ин вилояти биёбони Шимоли Африка дорои захираҳои табиии кам буда, барои идомаи сиёсати истилогаронаи Италия дар Африка мавқеи стратегӣ дошт. Либия барои ин кор ҳамчун такягоҳи муносиби ҷангҳои минбаъдаи истилогаронаи ин давлат шуда хизмат карда метавонист. Италия барои ба даст даровардани Либия ва умуман сиёсати истилогаронаи худ дар ҳавзаи Баҳри Миёназамин фаъолтар шуда, соли 1871 барои ба Тунис ҳуҷум кардан экспедитсияи ҳарбии Баҳри тайёр кард. Вале дар лаҳзаи охирини пеш аз ҳуҷум аз ин мақсад даст кашид. Баъди ин Италия дар ҷанги зидди Ҳабашистон андармон шуд. Баъди дар ҷанги солҳои 1894 – 1896- и зидди Ҳабашистон шикаст хӯрдан империалистони Италия аз нав ба нақшаи забти Триполитания баргаштанд. Ин лашкаркаширо ҳукумати Италия аз тайёрии дипломатӣ cap кард. Натиҷаи ҳамин буд, ки соли 1907 Австро-Венгрия ӯҳдадор шуд, ки дар мубориза барои забти Либия Италияро аз ҷиҳати дипломатӣ дастгирӣ хоҳад кард. Соли 1909 оиди ин масъала розигии Русия ҳам гирифта шуд. Англия ҳам барои забти Либия розигӣ дод. Дар муқобили Италия акнун танҳо Туркия меистод.

1006328_ph05778

Соли 1911 барои Либия дар байни Туркия ва Италия ҷанг cap шуд. Десанти ҳарбии Италия шаҳрҳои Триполи, Дерна, Бенгозӣ ва Хомеро ба даст даровард. То баҳори соли 1912 Италия қисми зиёди Либияро забт кард ва моҳи октябри соли 1912 намояндагони Туркияю Италия дар зери Созишномаи Лозанна имзо гузоштанд. Туркия ҳукмронии Италияро бар Либия эътироф кард, мувофиқи созишномаи мазкур Туркия артишу амалдорони худро аз он ҷо пас хонд. Фаронса, Австро-Венгрия, Англия ва Германия расман ба таваҷҷӯҳи ҳукумати Италия расониданд, ки аз тарафи Италия забт карда шудани Либияро эътироф мекунанд. Лекин либиягиҳо шартҳои Созишномаи сулҳи Лозаннаро рад карда, силоҳи худро ба замин нагузоштанд. Артиши Италия ҷанги худро бар зидди халқи Либия давом доданд, то ки ноҳияҳои дохилии ин давлатро забт кунанд. Вале баъди оғози Ҷанги якуми ҷаҳони онҳоро ватандӯстони Либия аз мамлакат пеш мекарданд Италиявиҳо танҳо дар баъзе ноҳияҳои наздисоҳилии Либия истода тавонистанду халос.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …