Главная / Гуногун / Латифаҳои адабӣ

Латифаҳои адабӣ

Мо тоҷикон хеле меҳмондӯстем. Махсусан, агар меҳмон хориҷӣ бошад, ӯро ба таври худамон хеле эҳтиром мекунем. Ин суннати ифтихории мост. Фарқе надорад, ки ин меҳмон ба меҳмондории мо чӣ гуна муносибат мекунад, барои мо суннати худамон муҳимтар аст. Ҳатто ба гӯшаи хаёламон намеояд, ки меҳмон метавонад аз ин меҳмоннавозии аз ҳад зиёд нороҳат бишавад. Меҳмоннавозӣ дар фаҳми мо бештар хӯрокдиҳӣ ба меҳмон аст. Шояд замони пеш, ки мо- шину ҳавопаймо набудааст ва меҳмонон рӯзу ҳафтаҳоро дар роҳ мегузаронидаанд, сабаб шуда бошад, ки мо саъй кунем меҳмонро дар як нишаст барои як ҳафтаи пеш ва ҳафтаи баъдӣ хӯрок диҳем, то гушнагии дар роҳи омаду рафт кашидаашро ҷуброн кунем.

xanda-latifaБоре, ҳодисаи ҷолибе рӯй дода буд. Як писари соҳиби шир- кати бозаргонии амрикоии «Данавант» ба Тоҷикистон меҳмон шуда буд. Албатта, баъд аз даъвои зиёд, довталабон барои меҳмон гирифтани ӯ рӯйхати навбатро таҳия карда буданд. Мо чанд нафар сарони ширкатҳои содиркунандаи пахта низ дар ин зиёфатҳо даъватӣ будем. Дар як зиёфати шоми ин сил- сила, меҳмони амрикоӣ баъд аз хӯрдани хӯроки якум эълон кард, ки дигар чизе хӯрдан намехоҳад. Мизбон, хӯроки дуву-
му севуму ғайраро ба эътирози ӯ нигоҳ накарда, дар пешаш мемонд. Меҳмон ин хӯрокҳоро ҳам то охир мехӯрд. Ниҳоят, вақте пешаш ширинӣ гузоштанд, ӯ ба ман, ки дар канораш нишаста будам, гуфт:

  • Агар инро ҳам хӯрам, мемурам. Ман нигарон шуда гуфтам:
  • Нахӯр, пас, чаро мехӯрӣ?.

Пурсид:

  • Мизбон нороҳат намешавад?
  • Чаро бояд нороҳат шавад? – пурсидам ман.
  • Охир ба ман гуфтанд, ки агар дар ин кишвар мурооти мизбонро рад кунӣ, онро беҳурматӣ ба соҳиби хона медонанд, – ҷавоб дод ӯ.

Бечора, ӯ аз пурхӯрии ғайриодат мариз шуд ва мо ӯро ду рӯз табобат кардем, то тавони таҳаммули роҳи баргаштро пай- до кунад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …