Главная / Биология / Оилаи лабгулҳо

Оилаи лабгулҳо

Ба оилаи лабгулҳо 3500 намуди растаниҳо дохил мешаванд, ки аз ин 198 намуди он дар Тоҷикистон месабзанд.

Аксари растаниҳои ин оила алафи яксола, бисёрсола ва нимбуттагӣ буда, фақат дар минтақаҳои тропикӣ баъзе шаклҳои дарахтии онҳо вомехӯрад.

Намояндагони оилаи лабгулҳо пояи чорқирра доранд. Барги онҳо соддаи канорҳояш яклухт буда, дар поя ба таври рӯбару ҷойгиранд.

rasta

Ҳамаи растаниҳои ин оила бӯи ба худ хос доранд, ки он ба мавҷудияти равғани эфир (дар мӯякчаҳои ғадудии узвҳояшон) дар кулли узвҳои он вобаста аст.

Андоза ва ранги гули растаниҳои лабгулон хеле гуногун аст. Лекин дар ҳама ҳолатҳо сохти гул дар ҳамаи намояндагони он тарҳи (сохтори) умумии ба худ хос доранд. Формулаи умумии гули оилаи лабгулҳо чунин аст: К(5) 3+2) Т(2+3) Г42 М(2). Гули онҳо гулпӯши дучанда дорад.

Косачаи гул аз 5 косабарги бо ҳамдигар пайваст (баъзан шакли ду лабро дорад) иборат аст. Тоҷгул аз 5 гулбарг (дуто гулбарг бо ҳам часпида, лаби болоиро ва сетои дигари гулбаргҳо бо ҳам часпида, лаби поёниро ташкил додаанд) иборат аст. Аз ин сабаб онҳо сохти ду лабро дошта, номи оила аз ин ҷо гирифта шудааст. Микдори гардбаргҳо 2-то, баъзан 4-то мебошад. Ғӯра аз 2 мевабарг таркиб ёфтааст.

Намояндагони оилаи лабгулҳо растаниҳои муҳими доруӣ ва техникӣ (манбаи равғани эфир), ороишӣ ва хурокӣ мебошанд. Дар таркиби растаниҳои оилаи лабгулҳо моддаҳои заҳрнок дида намешаванд.

Пудина растании бисёрсолаи решапоядор аст ва то 150 см қад мекашад. Пояаш хазанда, хамида ё рости нисбатан сершоха мешавад. Хӯшагулаш сергули аз гулҳои майдаи рангашон гулобӣ ё гулобии нофармон иборат аст. Давраи гулшукуфти он аз фасли тобистон то фасли тирамоҳ давом мекунад.

Пудина одатан дар канори ҷӯю каналҳо, соҳили дарё ва кӯлу обанборҳо, дар ботлоқзорҳо, дар боғу канори роҳҳо то баландии 3500 м аз сатҳи баҳр мерӯяд. Дар Тоҷикистон 4 намуди пудина месабзад, ки аз ҳама паҳншудатаринаш пудинаи шарқӣ ва наъно ё пудинаи боғӣ мебошад.

Пудина растании равғани эфирдор, асаловар ва доруӣ аст. Равғани эфир, ментол ва дигар моддаҳоро, ки аз барги пудина ба даст меоваранд, дар тиб ва барои истеҳсоли маводи хушбӯй (атр), собун, хамираи дандон ва инчунин, дар саноати қаннодӣ истифода мебаранд. Хусусияти доруии пудина ҳанӯз дар замонҳои қадим маълум буд. Ба ин навиштаҳои олимони бузурги тоҷик — Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳон Берунӣ ва бисёр дигар таби- бону мутафаккирони Машриқзамин шаҳодат медиҳанд. Дар тибби халқӣ ва муосир пудинаро барои табобати зиққи дил, шақика, илтиҳоби меъдаю рӯда, чигар, иллати гурда ва ғайра истифода мебаранд.

Растании дигари хушбӯй ва хуштаъмкунандаи хӯрок райҳон мебошад. Райҳон растании яксола буда, то 80 см қад кашида, барги думчадори байзашакл дорад. Гулҳои хурди гулобӣ, баъзан сафеди он дар хӯшагул ҷойгир шудаанд.

Баргу пояи тару тоза ва ё хушккардаи онҳоро ҳамчун маводи хуштаъмкунандаи хӯрок ва барои хушбӯй кардани нӯшокиҳо истифода мебаранд.

Ба ҷуз пудина, райҳон ҳамчун воситаи хуштаъму хушбӯйкунандаи хӯрок ва нӯшокиҳо — кокутӣ (бо ибораи дигар пудинаи лалмӣ) ва ҷамилакро номбар кардан мумкин аст. Дар баъзе мамлакатҳо гули кокутиро барои ранг кардани матоъҳои пашмин (онҳо ранги сурху норинчиро ба худ мегиранд) истифода мебаранд.

Ниёзбӯ растании алафии бисёрсола мебошад. То 90 см қад мекашад. Пояи рости шохаронда дошта, бо мӯякчаҳои кӯтоҳ ва дарози ғадудӣ пӯшида шудааст. Баргаш содда буда, канорҳои барг каме ноҳамвориҳо дошта бо мӯякчаҳои начандон бисёр пӯшида шудааст.

Ниёзбӯ дар боғу киштзорҳо, соҳили дарё ва чашмаҳо, канори ҷӯйборҳо дар баландии аз 600 то 1800 м аз сатҳи баҳр вомехӯрад.

Ниёзбӯ бӯи лимӯро дорад, бинобар он онро лимӯгиёҳ ё наънои лимӯӣ низ меноманд. Барги онро дар саноати хӯрокворӣ барои хушбӯй намудани нӯшокиҳо ва хуштаъм кардани хӯрок, инчунин дар саноати атриёт ва тайёр намудани собун истифода мебаранд. Ниёзбӯро дар тибби халкӣ барои табобати касалиҳои гулӯ ба кор мебаранд. Ниёзбӯ ҳамчун райҳон растании хуби асаловар аст.

  1. Барои растаниҳои оилаи лабгулҳо кадом аломатҳо хосанд?
  2. Чаро ин оиларо лабгулон мегӯянд?
  3. Сохти гули лабгулҳо чӣ гуна аст?
  4. Формулаи сохти гули оилаи лабгулҳоро шарҳ диҳед.
  5. Растаниҳои оилаи лабгулҳо чӣ аҳамият доранд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …