Лаблабуи сурхи оширо дар ҳама ҷо мепарваранд. Дар таркиби лаблабуи сафеда кислотаҳои органикӣ, клечатка, 37-41 мг% витамини Р, витамини С дар баргаш ва намакҳои минералӣ мавҷуданд. Лаблабуи тару тозаи обпаз хусусиятҳои шифоӣ дорад.
Онро хусусан ба одамони калонсоли гирифтори касалии ҷигар, қабзият ва фишории хунашон баланд, камхунӣ тавсия мекунанд. Барои он ки вақти пухтан ранги лаблабу набарояд об шакар (аз ҳисоби 4 г қошуқча шакар ба 2 л об) илова мекунанд.