Главная / Илм / КӮРМУШ дар Канзи Шифо (Китоб)

КӮРМУШ дар Канзи Шифо (Китоб)

kurmush-660x330Курмуш ҷонвари бадбӯ, бечашм, дум ва поҳои он аз ин узвҳои муш кӯчактар, хокистариранг, вале ба қавле чашми он дар зери пӯсташ ҷой гирифтааст. Дар заминҳои намнок мешавад, пайваста заминро сӯрох мекунад ва решаҳои гиёҳ ва дарахтонро мехӯрад, хусусан қисми заминӣ — пиёзи гандано ва пиёзро дӯст медорад, ки бихӯрад. Агар гандано ва пиёзро ба даҳани сӯрохаш бигузоранд, ба бӯйи он берун меояд.

Мизоҷи курмуш бағоят гарм ва хушк, аз ҷинси заҳрҳои қаттол аст. Хислатҳои шифобахши он: хуни тарафи дунболаи онро бимоланд, гули чашмро дафъ мекунад ва пӯсти баданро аз доғҳои гуногун пок менамояд, ҳатто холро ҳам бармедорад, ханозерро (хукгарданро) таҳлил медиҳад.

Мағзи сари онро бо равғани гули сурх даромехта бимоланд, хуни бинӣ ва хунравиро аз ҳар мавзеъ, ки бошад, қатъ мекунад, варамҳо ва ханозерро таҳлил медиҳад; барои нест кардани доғҳои пес, доғи сафед, шукуфаи пӯст, доғи кунҷидак ва ҳар чӣ аз бадан барояд, давои беҳамто мебошад. Хунаш ҳамчунин таъсир дорад.

Сари онро сӯхта, бо зоки сафед ос карда, чун дар гӯш ё дар бинӣ гузоранд — ҳардуро, ки бадбӯ бошад, бӯйи бадашро дафъ менамояд; агар ба гардани бемори таби дурӯздармиён банданд, аз иллат шифо меёбад. Инро бимоланд, барои дарди сар даво мебошад.

Сари кӯрмушро сӯзонида, худро ба дудаш бидоранд, душвории шошиданро ба ибро меоварад.Заҳраи онро бо оби решаи юнучқа даромехта, дар бинӣ резанд, каҷ шуданн рӯйро сиҳат мебахшад. Лаби болои онро ба худ овезанд, таби дурӯздармиён ва саръро шифо мебахшад, дандони тифлон ба осонӣ мебарояд.

Дандони онро ба миёни мардуми пурозор партоянд, зуд ҳамаи онҳо пароканда мегарданд, инчунин равғани онро дар оташ андозанд, ҳамин тавр ҳодиса рӯй медиҳад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …