Главная / Илм / ҚУРБОНОВ Саид Сафарович

ҚУРБОНОВ Саид Сафарович

kurbonov-saidҚУРБОНОВ Саид Сафарович (тав. 11. 02. 1950, деҳаи Хонабачаи ноҳ. Восеъи вил. Хатлон), духтури кӯдакон, доктори илми тиб (2002), проф. (2006), Аълочии тандурустии ҶТ (1996). Хатмкардаи факултаи педиатрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974). Ассистент (1974 – 76), аспирант (1976 – 79), ассистент (1972 – 92) ва дотсенти (1992 – 2003) кафедраи анатомияи одами ДДТТ, мудири кафедраи гистология (2003 – 06), мудири кафедраи анатомияи одам (2006 – 08). Аз с. 2005 ноиби ректор оид ба корҳои таълими ДДТТ. Ҳамзамон аз с. 1994 ҷонишини декани фак-ти муолиҷавӣ ва аз с. 1997 то 2005 декани фак-ти фармасевтӣ буд. Дар мавзӯи «Тавсифи морфологии ғадудҳо ва ҳосилаҳои лимфоидии узвҳои дарунӣ дар онтогенези баъди таваллуд» тадқиқот мебарад. Дар мавзӯи «Маҷрои хунгарди дохилиузвии гурда мувофиқи меъёр ва ҳангоми перитонити таҷрибавӣ дар шароити водӣ ва баландкӯҳ» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Тавсифи морфологии ғадудҳои қисми ректо-сигмоидии рӯдаи одам дар онтогенези баъди таваллуд» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 15 мақола, 50 тезис, 5 дастури таълимию методист. Дар Ин-ти тиббии педиатрии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) аз курси такмили ихтисос гузаштааст (1983, 1988). Таҳти роҳбарии ӯ 2 наф. рисолаҳои номзадӣ ва 1 наф. рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд. Бо ордени «Шараф» (дараҷаи 2) мукофотонида шудааст.
Ос.: Динамика изменения площади почечных телец при перитонитах. «Медицина и здоровье», Д., 1997; Тибби давраи Сомониён. Конференсияи 46-уми солонаи ДДТТ, Д., 1998; Морфологические особенности адаптации железистого аппарата толстой кишки млекопитающих при разных типах питания. Дар кит. «Х-й международный симпозиум эколого-физиологические проблеммы адаптации, М., 2001; Методические разработки для проведения практических занятий по нормальной анатомии (спланхнология), Д., 2005; Сборник тестовых вопросов по анатомии. Центральная нервная система, Д., 2006.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …