Главная / Илм / ҚУРБОНОВ Каримхон Муродович

ҚУРБОНОВ Каримхон Муродович

kurbonov-karimkhonҚУРБОНОВ Каримхон Муродович (2-юми апрели соли 1958 дар нох. Темурмалик таваллуд шуда санаи 11-уми августи соли 2020 дар ш. Душанбе вафот кардааст).

Номбурда духтури ҷарроҳ, доктори илми тиб (1998), профессор (1999). Узви пайвастаи АИ ТТ (2010; узви вобаста – 2003), Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ (2004), Аълочии тандурустии ҶТ (1996). Узви ҳақиқии Академияи байналхалқии мактаби олӣ (2005). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1982). Духтури ҷарроҳи Беморхонаи вилоятии ш. Кӯлоб (1982 – 87 ва 1992 – 94), ординатори Донишкадаи такмили ихтисоси духтурони Украина (1987 – 89), духтури ҷарроҳи ноҳ. Дзержинскийи ш. Харков (1989 – 92). Ассистент (1994 – 98), дотсент (1998 – 99), проф. (1999) кафедраи ҷарроҳии умумии № 1 ДДТТ, декани фак-ти тибби умумии ДДТТ (2001 – 03), ректор (2003 – 05), мудири кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби № 1 ДДТТ. Муаллифи 170 кори илмӣ, аз ҷумла 56 мақола, 11 тавсияи методӣ ва 4 монография мебошад. 44 пешниҳоди навоварӣ дорад. Зери роҳбарии Қ. 10 наф. рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

Ҷойи охирини корӣ: Маҷмаии табобатии Истиқлол дар ш. Душанбе (Ба ҳайси муовини директор).

Тадқиқоти илмии Қ. асосан ба омӯзишу табобати захми рӯдаи дувоздаҳангушта, роҳҳои талхагузар, ғадуди зери меъда ва ғ. оиданд.
Бо дипломи Академияи байналмилалии «Бахти тиллоӣ» ва медали георгии «Шаън, Шараф, Меҳнат» (дараҷаи 4) сарфароз гаштааст (ш. Тернополи Украина, 2001).
Ос.: Осложненные дуоденальные язвы, Д., 2003; Абдоминальный компартмент синдром, Д., 2003; Хирургическое лечение прободных язв желудка и двенадцатиперстной кишки, Д., 2003; Ру-операции в абдоминальной хирургии, Д., 2005; Хирургические болезни живота, Д., 2005; Руководство по неотложной хирургии органов брюшной полости, Д., 2005; Хирургия «трудных» язв желудка и двенадцатиперстной кишки, Д., 2007; Дуоденостаз, Д., 2008; Ущемленная грыжа, Д., 2008.

Сабаби фавт (мурдан) ин пневмония (шояд короновирус бошад) мегуянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …