Главная / Илм / «КУННОШИ САРОБИЮН»

«КУННОШИ САРОБИЮН»

kunoshi-sarobiyun«КУННОШИ САРОБИЮН», маҷмӯаи тиббӣ ба забони суриёнӣ. Таълифи табиби маъруфи Шом (дар а. 9) Яҳё ибни Саробиюн. ӯ ба забони суриёнӣ ду «Куннош» таълиф кардааст, ки яке «Куннош»-и бузург буда, аз 12 китоб ва дигарӣ хурд буда, аз ҳафт китоб иборат аст. Маҳз ҳамин «Куннош»-и хурдро гурӯҳи мутарҷимон с. 930 ба арабӣ тарҷима кардаанд, ки минбаъд мавриди истифодаи табибони шарқу ғарб қарор гирифт. Баъдан аз рӯи тарҷимаи арабӣ онро Ҷерарди Кремонӣ (1114 – 1187) ба лотинӣ тарҷима кард, ки дар а.-ҳои 15 – 16 чанд бор дар марказҳои гуногуни илмии Аврупо ба табъ расидааст.
Ад.: Беруни, «Фармакогнозия в медицине». Исследование, перевод, примечания и указатели У. И. Каримова, Ташкент, 1974.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …