Главная / Илм / КУННОШ

КУННОШ

КУННОШ, лафзи суриёнист, ки дар истилоҳи тибби қадим маҷмуа ва ё дафтари ёддоштҳои тиббиро ифода мекунад. Одати табибони суриёнӣ ин буда, ки ҳар кадом дафтари ёддоштҳои хосе дошта, дар он номҳои тамоми бемориҳои ҷисми инсонро аз сар то по навишта ва дар баробари ҳар кадом доруҳои содаву мураккаби барои муолиҷаи онҳо заруриро ёддошт мекарданд. Минбаъд вақте ки дар минтақаи Аҳвоз бемористони Гундишопур таъсис ёфт, зарурати аз ҳам ҷудо кардан ва махсус гардондани амали табобат ва амали дорушиносӣ ба миён омад. Ҳамчунин зарурате пайдо шуд, ки барои ҳар кадом аз табиб ва дорушинос китоби хосе бошад, ки дар мавриди лозима ба он муроҷиат кунанд. Ҳамин тариқ, минбаъд китоби ёддоштҳои хоси табибонро «куннош» ва китоби ёддоштҳои хоси дорушиносонро «ақрободин» (қарободин) меномидагӣ шуданд.
Ад.: Бадриддини Қалонасӣ, «Ақрободину-л-Қалонасӣ», Ҳалаб, 1983.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …