Главная / Гуногун / Ҳиҷо чист? Дарс дар Донишгоҳ

Ҳиҷо чист? Дарс дар Донишгоҳ

Cоли севуми донишгоҳ, аз дарси ихтисосии ҳиҷо имтиҳон доштем. Муаллифи китобе, ки аз рӯи он дарси ҳиҷо мехондем, Сиёев Бекмурод буд. Шояд бовари кас наояд, вале дар соли севуми донишгоҳ устод Бобомуродов ба мо ҳиҷо меомӯхт. Он ҳам аз забони модарӣ. Яъне ҳиҷо чист, чӣ гуна вожаро ба ҳиҷоҳо тақсим мекунанд ва ғайра. Мавзӯе, ки дар синфи сеи мактаби ибтидоӣ таълим дода мешавад.

Устодони Донишгоҳ вақти имтиҳонгирӣ ба ҳамдигар ёрӣ мекарданд. Он рӯз ғайр аз устод Бобомуродов, устоди дигаре ҳам дар синфхона нишаста, аз шарикдарсон имтиҳон мегирифт ва ба ҳамкораш ёрӣ мекард. Вақте навбати ман омад, ин устоди ношинос холӣ шуд ва ман ба назди он кас нишаста, ба саволҳо ҷавоб додам. Ҷавоб додан ба саволҳо тамоман осон буд. Як ҷумла ва як байт буд, ки бояд онро ба ҳиҷоҳо тақсим мекардам. Устод пас аз ҷавобҳои ман як саволи иловагие ҳам дод ва аз ҷавоби ман хеле хушаш омад. Дафтарчаи имтиҳони маро ба устод Бобомуродов дароз карда:

  • Ба ин кас панҷ монед, – гуфт, устоди ёрикунанда иҷозаи дар дафтарчаи имтиҳон имзо гузоштан надошт.

Устод Бобомуродов:

  • Не, ман ба ин кас чор мемонам, – гуфт.
  • Не, муаллим! Баҳои ин кас панҷ! Ҳаққу ҳалол! Мана, ху- датон савол дода бинед, – боз исрор кард муаллими ношинос.

Бобомуродов:

  • Мана маҳалчӣ мегӯянд, ба ҳамшаҳраш рӯйбинӣ кард мегӯянд, – гуфта ғур-ғур кард.
  • Муаллим Шумо аз куҷоед? – пурсидам ман, беихтиёр.

Устоди ношинос худашро дошта натавониста хандида фири- стод. Бобомуродов бо қавоқи овезон «панҷ» монда, дафтарчаро ба сӯям тела дод.

Аз синфхона баромада, аз ҳамдарсон пурсида фаҳмидам, ки номи устоди ношинос Бекмурод Сиёев – муаллифи китоби дарсӣ будааст.

Вақте ки ба тиҷорат оғоз кардам, чун нияти бо колои сохт- монӣ машғул шудан доштам, ҳисоби аввалини бонкиямро дар шуъбаи Промстройбонки ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе гушодам. Ҳанӯз ҳам тибқи қоидаҳои бонкдории замони шӯравӣ ҳисоби бонкии корхонаҳои сохтмонӣ бештар дар ҳамин бонк боз мешуд. Ба зудӣ бо раиси бонк ошноӣ пайдо кардам ва дӯст ҳам шудем. Рӯзе раис воқеаи ба гуфташ бесобиқаро бароям нақл кард.

Як нафар муштарии бонк ба яке аз шуъбаҳои бонк ба маб- лағи сад миллион сӯм чеки маҳдуд дода, бор харидааст ва молро таҳвил гирифта, фурӯхта ғайб задааст. Қазия фақат баъд аз як моҳ, вақте ки он шуъба чекро бо дархост ба бонк мефиристад, ошкор мешавад. Чун дар ҳисоби бонкии харидор маблағ мавҷуд набуд, расвоие барпо мешавад. Ин кулоҳбардор дар пайгард қарор гирифт ва номаш эълон шуд, ки Ҷамшед Сиёев – писа- ри ҳамон устоди наҷиб Бекмурод Сиёев буд. Бо гузашти чанд сол Ҷамшед Сиёев бо кадом роҳе қазияро харида баргашт ва даст ба кулоҳбардории дигаре зад, ки соле вирди забонҳо буд.

Ин дафъа, ӯ ширкати ҳирамӣ (финансовая пирамида) роҳ андохта, сабабгори хонабапушт шудани мардуми зиёд гардид. Пирамида дар асл кулоҳбардорӣ буда, ба ҳисси ҳарисии одам асос ёфтааст. Ӯ ба мардум як теъдод муҳраро бо қимати боло мефурӯхт ва қарордод мебаст, ки пас аз як ҳафта ин муҳраҳоро дар ришта кашида, оварда биспоранд ва маблағи сарфкарда- ашонро бо изофаи панҷоҳ дар сад дарёфт кунанд. Моҳи аввал ҳамин таносубро нигоҳ дошт ва ором-ором муҳлати пардох- тро дарозтар ва дарсади фоидаро камтар кардан гирифт. Баъд аз як муддат дар пардохт ба ҳар баҳона таъхир карда, вале фурӯши муҳраро бештар намуд. Ин тиҷорат бояд ҳадди аксар даҳ-дувоздаҳ моҳ идома карда, дар охир маблағҳои бузургеро ҷамъ меовард ва ташкилкунандагонаш якбора ғайб мезаданд.

Вале теъдоди талабкоронаш хеле зиёд шуданд ва қисми онҳо шикоят карданд. Ташкилкунандагони ин гуна кулоҳбардориҳо одатан, маблағи муайянро ҳадаф мегузоранд ва бо ба даст овар- дани он ғайб мезананд, ки пас аз пошхӯрӣ дар паҳнои Шӯравии собиқ зиёд иттифоқ афтода буд. Вале «қаҳрамон»-и мо пеш аз он, ки фирор кунад, дастгир ва ба муддати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуд. Нохалаф ба ҷазои сазояш расид, вале пас аз муддате мурдаи падарашро дар хонааш ошкор карданд, ки розаш мармуз монд. Мегуфтанд, ки дар натиҷаи ин кулоҳбардории ӯ чандин оилаҳо аз ҳам пошид, чандин касон, ки барои фо- идаи муфт аз бонкҳо бо гарави амвол вом гирифта буданд, бехонаву дар шуданд. Касе надонист, ки марги муаллим аз қасоси қарздорон буд ё устоди бечора бори ин шармандагиро бардошта натавониста, худашро нобуд кард.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …