Главная / Илм / ҚУЛФИНАЙ

ҚУЛФИНАЙ

kulfinayҚУЛФИНАЙ (Fragaria ananassa), қулфунай, гиёҳест бисёрсола. Пояаш то 30 – 35 см қад мекашад. Баргаш мураккаб (себарга); дар нӯги ҳар навдааш муғҷа мебандад. Гулаш сафед, майда. Мевааш мисли шоҳтут, марминҷон, тамашк ва шаҳтути заминӣ буда, сурх баъзан гулобӣ мешавад. Қ.-ро барои тархӯрӣ истифода мебаранд. Аз он мураббо ва нӯшоба тайёр мекунанд. Дар таркиби меваи Қ. қанд, кислотаҳои органикӣ, клетчатка, моддаҳои пектинӣ, витаминҳои С, Е, В1, В2, В6, В15, каротин (провитамини А), микроэлементҳо мавҷуд аст.
Дар тибби қадим Қ. воситаи муҳими парҳезӣ, муқаввӣ ва давобахш маҳсуб мешуд. Табибони тибетӣ онро барои пешгирии пирӣ истифода мекарданд.
Табибони халқӣ меваи тару хушк, афшура, барг ва решаи Қ.-ро ҳангоми бемориҳои гуногуни ҷигар (холесистит, зардпарвин, гепатити кӯҳна, дарди санги талхадон), роҳи меъдаю рӯдаҳо (гастрит ва энтероколити музмин, бавосир ва ғ.), узвҳои пешоб (қабзияти пешоб, дарди санги масона), инчунин дар мавриди табларза (чун давои арақовар), камхунӣ, тарбод, ниқрис ва ғ. истифода мебаранд. Бо афшураи Қ. доғи кунҷитак ва гармичаро меравонанд. Баҳри рафъ намудани бӯйи нохуши даҳон бо афшураи мева ва барги Қ. ғарғара мекунанд. Бо нақеъи барги Қ. шукуфа ва ҷароҳати римнокро тарбандӣ менамоянд. Меваи Қ.-ро барои табобати ниқрис, назлаи меъда, қабзият, ғалаёни хун, атеросклероз, афтодани кирмҳо ба кор мебаранд. Бо марҳами меваи Қ. шукуфаро дармон мебахшанд. Ҷӯшоби меваи хушки он воситаи арақовар ва пешоброн, ҷӯшоби решааш воситаи хунбанд ва қабзиятовар аст.
Дар тибби илмӣ меваи Қ. ба сифати ғизои парҳезӣ, иштиҳоовар, ҳозим ва хунофар, ҳангоми бемориҳои гуногуни меъда, ҷигар, дилу рагҳо (миокард, бемории ишемияи дил, кардиоатеросклероз, ғалаёни хун), камхунӣ, ихтилоли мубодилаи намак ва ниқрис тавсия дода мешавад. Ашхосе, ки узвҳои пешобашон санг дорад, бояд аз ҷӯшоби мева ва барги Қ. истифода кунанд. Рӯзе то 1 кг истеъмол намудани меваи Қ. дарди санги гурда ва ниқрисро даво мебахшад.
Ад.: Вехов В. н. (ва диг.), Культурные растения СССР, М.. 1978; Жизнь растений, т. 5 (2), М., 1981; Н у р а л и е в Ю., Лекарственные растения, Д., 1988.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …