Главная / Илм / КУКБОЙ

КУКБОЙ

kukboyКУКБОЙ, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳ. Шуғнон. Дар соҳ. рости шохоби д. Кукбой ҷойгир аст. Баландиаш аз с. б. 3920 м. Дебиташ – 4 л/сон., минералнокии умумиаш – 0,9 г/л, ҳарор. обаш +400С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калтсий (20,0 мг/л), натрий (12,0 мг/л), анионҳои гидрокарбонатҳо (73,0 мг/л), сулфатҳо (15,0 мг/л) ва ангидридҳои озоди карбон (77,0 мг/л) мавҷуданд. Он хосияти шифобахшӣ дошта, барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Оби чашмаро метавон барои қабули обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд.
Ад.: Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

duo-omantu

Имон ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешавад

а) Имони муҷмал имони умумӣ. Имони умуми ин имон овардан ба ҳақиқати дини Ислом буда, …