Кӯҳ

Кӯҳ чист? Ҳама гуна барҷастагии сатҳи Заминро кӯҳ намегӯянд. Чунин барҷастагиҳо на фақат дар сатҳи хушкӣ, инчунин дар каъри укёнус ҳам вомехуранд. Барчастагиеро, ки баландии нисбии он аз 200 метр зиёд нест ва аз маҳали атроф кам фарқ мекунад, теппа мегӯянд. Теплаҳо алоҳида-алоҳида ва қатор-катор мешаванд. Барҷастагии хушкие, ки баландиаш аз 200 метр зиёд буда, дорои қулла, нишебӣ ва доманахо аст, кӯҳ номида мешавад. Кӯхҳои танҳо дар табиат ниҳоят кам вомехӯранд. Аксарияти онҳо қатор- катор, паси ҳам ба масофаи хеле зиёд тӯл кашидаанд.

Куххои точикистон

Релефи кӯҳӣ. Кӯҳҳо релефи мураккаб доранд. Дар кӯҳҳо қуллаҳои баланд ва мавзеъҳой нисбатан паст (ағбаҳо) якдигарро пай дар ҳам иваз мекунанд. Чунин тарзи тӯл кашидани кӯҳҳоро қаторкӯҳ меноманд. Онҳо баъзан нисбат ба якдигар мувозй тӯл мекашанд, ки бо хамиҳои байникуҳй ҷудо шудаанд. Ин гуна хамиҳоро водӣ мегӯянд. Масалан, қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон аз ғарб ба шарқ қариб ба якдигар мувозӣ тӯл кашидаанд. Онҳоро аз якдигар водии Зарафшон ҷудо мекунад. Аммо дар табиат ҳолатҳои дигари тӯлкашии каторкӯҳҳоро низ мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла дар Помир қаторкӯҳҳо ба самтхои гуногун тӯл кашидаанд. Онҳо анбӯҳи кӯҳҳоро ташкил кардаанд, ки одам якеро аз дигар бо душворӣ фарқ мекунад.

Чунин тарзи тӯлкашӣ ва ҷойгиршавии каторкӯҳҳоро дар рӯи Замин кӯҳистон меноманд. Кӯҳҳо одатан масоҳати гуногуни сатҳи Заминро ишғол менамоявд. Дарозиашон ҳам гуногун мешавад. Қаторкӯҳҳои дарозтарини сатҳи Замин Кордилер (ки дар Америкаи Ҷанубй Анд номида мешавад) ва Ҳимолой мебошанд. Онҳо ба масофаи ҳазорҳо километр тул кашидаанд. Ҷойҳои аз ҳама барҷастатарини қаторкӯҳҳоро кулла ва ҷойҳои пасттарини онҳоро ағба мегӯянд. Шакли куллаҳо гуногун аст. Нӯги онҳо  тез тaap қаторкӯҳҳои ҷавон) ва ҳамвор (дар қаторкӯҳҳои қадим)

мешаванд. Баландии ағбаҳо ҳам як хел нест, аз ҳазор то якчанд ҳазор метрро ташкил медиҳад. Чунин ағбаҳо дар қаторкӯҳҳои Тоҷикистон бисёранд. Масалан, ағбаи Анзоб (3372 м, дар қаторкӯҳӣ Ҳисор) ва ағбаи Шаҳристон (3351 м, дар қаторкӯҳи Туркистон), ки ба воситаи онҳо рохи автомобилгарди Душанбе- Хуҷанд амал мекунад. Ёнаҳои қаторкӯҳҳо ҳам хар хел мешаванд: нишеби ростфаромада, моил, ҳамвор ва зинашакл.

Фарқи баландин кӯҳҳо. Кӯҳҳо на фақат бо дарозӣ, самти тӯлкашӣ, гуногунии ёнаҳояшон, инчунин бо баландии худ аз якдигар фарқ мекунанд. Баландии кӯҳҳо нисбӣ ва мутлақ мешавад. Баландии амудии як нуктаи сатҳи Заминро нисбат ба дигараш баландии нисбӣ меноманд. Он нуқтаеро, ки аз сатҳи уқёнус с баҳрҳо ба таври амудӣ дар масофаи муайян воқеъ гардидааст, баландии мутлак, мегӯянд. Аз ин ҷиҳат кӯҳҳоро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд: кӯҳҳои паст, миёна ва баланд. Кӯкҳои- паст гуфта кӯҳҳоеро дар назар дорем, ки баландин муглакя онҳо аз 500 то 1000 метрро ташкил менамояд. Масалан, қисми миёнаи кӯҳҳои Урал, ки дар самти ғарбии шаҳри Екатеринбург воқеъ гардидааст. Ба кӯҳҳой баландиашон миёна кӯхҳое мансубанд, ки баландии онҳо аз 1000 то 2000 метр аст.

Кӯҳҳои Қурама, Белисиниқ, Гузавд Бургана (дар шимоли Тоҷикистон) ва як қисми кӯҳҳои Тоҷикистони Ҷануби Ғарбй (Туюнтог, Теракллтог, Қарагоғ) аз қабили хамин гурӯҳи кӯҳҳо мебошанд. Кӯҳҳое, ки баландии мутлақи онҳо аз 2000 метр бештар аст, кӯҳҳои баланд ҳисоб меёбанд. Аксарияти кӯҳҳои Тоҷикистон ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаваид. Кӯҳҳои баланд дар рӯи Замин бисёранд. Яке аз онҳо кӯҳи ҳимояой (тарҷумааш “макони барфҳо”) мебошад. Қуллаи баландтарини онро Эверест (Ҷомолунгма) меноманд, ки 8848 метр баландӣ дорад. Ин қуллаи баландтарини рӯи Замин мебошад. Қуллаи баландтарини Тоҷикистон қуллаи Исмоили Сомонӣ дар кӯҳҳои Помир воқеъ гардидааст. Он аз сатҳи баҳр (баландии мутлак) 7495 метр баланд аст. Кӯҳҳои паст, миёна ва баланд дар харитаи табиии географӣ аз рӯи пасту баланд шудани ранг фарқ карда мешаванд. Мавқеи географии кӯҳҳоро аз рӯи харита ба воситаи шабакаи дараҷадори координатй муайян менамоянд.

Савол ва супориш

  1. Кӯҳ чист?
  2. Кӯҳ аз теппа чӣ фарқ дорад?
  3. Кӯҳҳо аз якдигар чй тафовут доранд?
  4. Баландии нисбӣ ва мутлақ чист?
  5. Кӯҳҳо бо мурури замон чӣ хел тағйир меёбанд?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …