Главная / Гуногун / Кубравия – Равия дар Ислом

Кубравия – Равия дар Ислом

Кубравия – силсилаи тариқати сӯфияи ҳанафияи аҳли суннат ва ҷамоат, ки асосгузори он Аҳмад ибни Умар Шайх Абул-Ҷанноб Наҷмуддини Кубро /1145-1221/ аст. Кубравия силсилаи тариқати ҳанафияи ихвонияи сӯфияи басо интишорёфтаи Осиёи Миёна ва қисман Эрон мебошад ва дар қатори 12 силсилаи табарруки сӯфия, яке аз маъруфтарин силсилаи аҳли суннат ва ҷамоат аст, ки шаҷараи ин силсила, мисли силсилаҳои дигари ихвонияи сӯфия, ҳам ба Ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб /р/ ва ҳам ба Абӯбакри Сиддиқ /р/ рафта мерасад. Шайх Наҷмуддини Кубро, дар шаҳри Хиваи Хоразм, дар оилаи форсзабон, яъне, тоҷик ба дунё омада, баъдан барои такмили илм, ба Миср ва дигар шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла ба Табрез ва Ҳамадон ва Дизфӯл сафар мекунад ва дар назди уламои бузурги давр, ба монанди Шайх Рӯзбеҳхон Ал-Ваззон Ал-Мисрӣ/ваф.1182, яке аз бузургони форсзабони тариқати ихвонияи сӯфия, ки баъдан ба духтари ӯ хонадор мешавад/, Абӯмансури Ҳафдои Табрезӣ ва Бобо Фароҷи Табрезӣ, аз асрори улуми илоҳиётшиносӣ ва тавҳид бохабар мегардад ва низ муддате шогирди Аммор ибни Ясир Ал-Бадлисӣ /ваф.1187/дар илми шинохти тариқати шарифи ихвонияи сӯфия буд. Ва дар ҷавонӣ ба-Ҳамадон ва баъдан ба Дизфӯл сафар карда, муддате дар назди Исмоил Ал-Кисрӣ /ваф.1193/ такмили илм мекунад ва дар интиҳои кор барои тавсия, такмил ва интишори силсилаи шариф бо хатномаи иршод ба зодгоҳаш – Хоразм бармегардад, ва дар Урганҷ /Гӯрганҷ/ хонақоҳи худро месозад ва силсилаи ихвонияи шарифро бо унвони Кубравия таъсис медиҳад. Пир ва падарарӯс /хусур/-и Шайх Наҷмуддин, пири хирад ва муршиди комил Шайх Рӯзбеҳхон, пеш аз вафоташ соли 1189 охирин маротиба маҳорати шогирди худро меозмояд ва баъди гузаштани охирин сӯҳбат, ӯро бо номаи иршоду хирқаи муборак, ба ватанаш – Хоразм, ҳамроҳи фарзанди худ, яъне, духтари худ мегуселонад.

Бузургтарин намояндагон ва мубаллиғони Ҳанафимазҳаби таълимоти ин силсилаи шариф Наҷмуддини Розӣ /ваф.1256/, Саъдуддини Ҳамӯйӣ /ваф.1252/, Сайфуддини Бохарзӣ. /ваф.1261/, Алоуддавлаи Симнонӣ /1261-1336/, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ /1314-1385/, Хоҷа Исҳоқи Хуталонӣ (нимаи дуюми асри XIII ва аввали асри XIV /қатл.1423/ Амир Сайид Муҳаммад Амин ибни Алии Ҳамадонӣ, Мир Сайид Ошиқи Бухорӣ, Сайид Ҳусайни Хоразмӣ, Сайид Ҳасанхоҷаи Хоразмӣ, Шамси Табрезӣ, Сайид Мирзобаҳодурхоҷаи Танӯрӣ, Шоҳ Амир Сайид Убайдуллоҳи Валӣ, Сайид Ашрафи Ҷаҳонгир, Амир Сайид Нуриддин, Амир Сайид Бобохоҷаи Валӣ ва дигарон мебошанд 139-140.

Таълимоти Шайх Наҷмуддини Кубро, дар асарҳои ба забони арабӣ ва форсӣ таълиф намудаи ӯ, ба мисли: «Фавоих ал-ҷамол ва фавотих ал-ҷалол», «Ал-усул-ал-ишора», «Рисолат ал-ҳоиф ал-ҳоим мин лавмат ал-лаим» ҷамъ оварда шудааст. Ӯ яке аз бузурггарин машоихи силсилаи шарифи ихвонияи тасаввуфии форсу тоҷик ва мубаллиғи таълимоти ҳанафия аст. Оромгоҳи ӯ назди хонақоҳаш, дар деҳаи форснишини Куния – Гӯрганҷ воқеъ аст 49 -139-140;

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …