Главная / Илм / КСЕРОСТОМИЯ

КСЕРОСТОМИЯ

kserotomiaКСЕРОСТОМИЯ (Xerostomia; юн. xeros – хушк ва stoma – даҳон), хушк шудани даҳон, ки сабаби он кам ё қатъ гаштани ихроҷи оби даҳон аст. К. бинобар зарар ёфтани ғадудҳои оби даҳон, ихтилоли маркази ихроҷи оби даҳон, заҳролудии силсилаи асаб ва ғ. инкишоф меёбад. К. ҳамчунин аломати баъзе бемориҳо, мас., гиповитаминози А, диабети қандӣ, полиневрит, синдроми Шегрен мебошад.
Ҳангоми К. ғайр аз хушкидани оби даҳон забон, милки дандонҳо ва лабон сӯзишу хориш мекунад. Дар одамоне, ки К. дуру дароз идома меёбад, луобпардаи ҷавфи даҳон сурх шуда, мекафад, дандонҳо мепӯсанд.
Муолиҷаи К. ба рафъ намудани сабабҳои он нигаронда шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …