Главная / Гуногун / Котлети картошка

Котлети картошка

Таҷҳизот: дег ё тафдон, қошуқи чӯбин, ё картошкакӯбак, тахтачаҳо, кордҳои ҳархела таббохӣ (ҳаҷмаш барои 4-5 кас).

Миқдори масолеҳ: картошка – 1 кг, тухм – 2 дона, орд – стакон, равған – 4 қошуқи ошхӯрӣ.

Рафти тайёркунӣ:

kotleti-kartoshka

Картошкаи тозакардаро гиред, ба об андохта пазед, обашро таровида, барои хунук шудан 10 дақиқа гузоред. Ба пурра хунук шудан нагузашта, бо картошкакӯбак (нимҷӯваи чӯбин) лат диҳед. Дар вақти ҳосил кардани пюре бо 1 қошуқ равған, зардии тухмро омехта, ва ба котлетҳо тақсим мекунанд. Дар вақти тақсим кардан котлетро ба орд ё нони хушкарда ғелонида, баъд бирён мекунанд аз ҳар ду тараф дар равған, онро ба табақча гузошта, алоҳида ба он қайла дода ба миз дода мешавад.

Эзоҳ: котлети картошкагинро бо гӯшт, ҳамроҳ карда пухтан мумкин, дар ин ҳолат картошкаро бо пӯсташ пухта аз турбтарош гузаронида, равған, зарди тухм ҳамроҳ мекунанд. ҳамаи онро ба орд ё нони хушккарда меғелонанд, шаклашро мувофиқи табъи худ месозад.

Қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва техникаи бехатариро риоя кунед.

1.Дар вақти тоза кардани картошка ва реза кардани кабудиҳо

қоидаҳо ва шартҳои кор бо кордро риоя кунед.

2.Сарпӯши дегро аз маҳлули гарм дуруст кушоед.

3.Сарпӯши дегро ба дастпӯшак доред.

 

Ҳисоботи кори иҷрошуда:

 

  1. Барои панҷ порсия ҳисоб кардани картошкаи обпаз бо равған ва кабудиро ҳисоб намоед.
  2. Тибқи риояи талабот баҳо додан ба таоми тайёр.

Эзоҳ: – Мо асосан коркарди гармии як намуди сабзавотро

(картошкаро) нишон додем. Шумо метавонед дигар намуди

сабзавотҳоро бо ин роҳҳо (пухтан, бирён кардан, дам карда пухтан, дар

оби ҷўш мондан ва ғайра), тайёр намуда истеъмол намоед.

? Савол ва супориш:

1.Коркарди аввалаи картошкаро гўед.

2.Барои чӣ картошкаи тозакардаро аз пӯсташ дар об зиёд мондан мумкин нест?

  1. Тарзи тайёр кардани таом аз картошкаро интихоби муаян намуда агар шароит дар синфхонаи технология бошад онро амалӣ иҷро намоед.
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

shaiton

Беҳтарин дуо барои муҳофизат аз ҳар бадӣ

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ҳабиб (раз) мефармояд, ки: Дар як шаби бисёр торику боронӣ ба дунболи …