Главная / Илм / КОСТИН Валерян Степанович

КОСТИН Валерян Степанович

nophotoКОСТИН Валерян Степанович (тав. 26. 12. 1923, ш. Николаев), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1969), проф. (1976). Иштирокчии ҶБВ. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1951). Ҷарроҳ ва сардухтури беморхонаи марказии ноҳ. Ҷилликӯл (1951 – 53), ассистент (1953 – 65), дотсент (1965 – 76) ва проф. кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ (аз 1976). Ҳамзамон аз с. 1970 вазифаи мудири кафедраи ҷарроҳии госпиталиро низ ба ӯҳда дошт. К. муаллифи зиёда аз 60 асару мақолаҳои илмист, ки ба бемориҳои ҷигар, аллопластика, истифодаи маводи синтезӣ дар ҷарроҳӣ, масъалаҳои гастроэнтерология бахшида шудаанд. Бо ордени Ситораи Сурх ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …