Главная / Илм / КОРВАЛОЛ

КОРВАЛОЛ

korvalolКОРВАЛОЛ, як навъ доруи таскинбахш. Дар шакли чакра истеъмол мекунанд. Ташаннуҷи рагҳоро рафъ сохта, хоб меорад. Таркиби К. аз наъно (пудинаи боғӣ), фенобарбитал, этилбромизовалерианат иборат аст. К.-ро ҳангоми бемориҳои силсилаи дилу раг (кардиалгия, тахикардия, ғалаёни хун), бехобӣ, асабоният (вазъи неврозӣ), изтиробнокӣ, алоими молихӯлиёӣ кор мефармоянд. Он ҳамчун доруи рафъи ихтилоҷ ҳангоми ташаннуҷи мушакҳои аъзои роҳи меъдаю рӯда низ истифода мегардад (халаи рӯда ва талхадон). К.-ро дар аснои ҳассосияти зиёд доштан нисбати он, нуқси вазнини ҷигар ва гурдаҳо, синамаконӣ кор фармудан ҷоиз нест. Хоболудӣ, чарх задани сар, ҷамъ карда натавонистани диққат, аксуламалҳои аллергӣ аломатҳои таъсири номатлуби К. мебошанд. Дар мавриди бардавом истифода бурдани он заҳролудии музмин аз бром рух менамояд.
К.-ро пеш аз таом рӯзе 2 – 3 маротиба 15 – 30 чакрагӣ (дар 30 – 50 мл об) истеъмол мекунанд. Дар лаҳзаҳои зарурат, мас., ҳангоми тахикардия вояи якдафъаи онро метавон ба 40 – 50 чакра расонд.
Дар давраи муолиҷа бо К. ронандагон ва диг. одамоне, ки кори онҳо дақиқиро талаб менамояд, бояд эҳтиёт бошанд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …