Главная / Маданият ва санъат / Коркарди кисса ва дӯхтани он

Коркарди кисса ва дӯхтани он

Асосан ду намуди кисса маълум аст: киссаи берун ва киссаи дарун, ки онро аз чузъҳои асосии маснуот тайёр карда, дар болои дарз ва ё чин мешинонанд.

Вобаста ба ҷои дӯхт киссаи берун киссаи боло ва дарун фарқ мекунанд. Киссаи берун оддӣ, рост ҳошиядор, ҳошияаш муқарнас, сарпӯшдор, бесарпӯши бахиядор, чиндор ва ғайра мешаванд. Киссаи берунро бо ҳар хел чину гулдӯзӣ аплекатсия ва ғайра оро медиҳанд. ҳангоми тайёр кардани кисса, усулҳои пайвасти минбаъдаи техникаи онро (вобаста ба шакли кисса ва хусусиятҳои матое, ки аз он кисса дӯхта мешавад) ба эътибор гирифтан даркор аст.

kissa-2Барои дӯхтани пешдоман асосан киссаи беруниро интихоб мекунанд. Киссаи берунро аксар бо лаблӯла, ҳошияи тӯри, лента, мағзӣ ва ғайра зиннат медиҳанд.

Ҷой ва андозаи кисса аз рӯи намуна гирифташуда, дар вақти пӯшида дидани пешдоман муайян мекунанд. Бо ин мақсад мувофиқи андоза ва шакли киссаро аз қогаз мебуранд.

Нақшаи технологӣ №7

Дӯхтани киссаҳо.

Асбобу анҷом: қутии асбобҳои дӯзандаги киссаҳо, мошинаи дарздўзӣ, дарзмол.

№ Тартиби иҷрои кор

1 Аз тарафи росташ кисса бо бӯр хати рости дар масофаи 0,5 см ва

2 см аз буриши боли чузи кисса хат мекашем

2 Хатти буриши даҳони киссаро ба 0,5 см кӯк мезанем ва бо мошинаи дарздӯзӣ медӯзем

3 Баъд 2 см боз аз чаппа қат карда медӯзем аз ду тарафи киссаро низ медӯзем роста мекунем

4 Кӯкҳои дастиро канда, дарзмол мекунем

5 Аз тарафи ростаи кисса аз тарафи паҳлӯӣ 0,8 см ё 1 см қат карда медӯзем

6 Се тарафи дигар киссаро низ як маротиба 0,8 ё 1 см қат карда медӯзем

7 Дарзмол мекунем

8 Бо ҳами паиҳамии коркард ҷузъи дигари киссаро медўзем

9 Худсанҷишӣ:

1.Назорат ба сифати чокҳо: ба андоза ва шакли кисса, васеии чок

ва захми он

2.Коркарди гармию намии маснуот

Дар вақти дӯхтани кисса бояд чунин шартҳоро риоя кард: Баробари киссаҳоро санҷидан, онро оро дода, ба қисми асосӣ (ба пешдоман) мечаспонем.

Гирди киссаро бо тасмаи ороишӣ, тӯр ё мағзӣ оро додан мумкин аст.

1.Дар вақти кӯкҳои дастӣ бояд чокҳо якхела ва рост дӯхта шуда бошад.

2.Васеии чокҳо дар давоми дарозии якхела бошад бо нишондоди додашуда.

3.Чокҳои мошина бояд якхела, рост бошад ва аз болои кӯкҳои дастӣ набояд гузаранд. Онҳо дар масофаи муайян аз буриш ё қати маснуот дӯхта шаванд.

4.Ба кунҷҳои кисса аҳамият диҳед, ки онҳо якхела бошанд.

5.Гиреҳҳои дастӣ бояд баъд аз дарзи мошина канда карда шаванд.

6.Васегии ва бари кисса мувофиқи андозаи додашуда бошад.

7.Ба коркарду гармию намии маснуот аҳамияти ҷидди диҳед

?Савол ва супориш:

1Кадом намуди киссаҳоро медонед?

2.Дар вақти дӯхтан ба кадом шартҳо аҳамият додан лозим?

  • 28. Пурра дўхтани маснуот

Нақшаи технологии №8

Технологияи пайвасти ҷузъҳои пешдоман Асбобу анҷоми лозимӣ: қуттии корӣ, кисса, гарданбанд, тасма

(миёнбанд) пешдоман мошинаи дарздўзӣ, дарзмол.

№ Тартиби иҷрои кор

1 Пайвасти кисса ба қисми поёни пешдоман, тарафҳои киссаро муайян мекунем, барои пайвасти гарданбанд тарафҳои болоии пешдоман, барои пайвасти миёнбанд қисми паҳлугии хаттии миёнро бо бӯр ишора намуда ҷойгиршавии ҷузъҳоро дар маснут муайян мекунем

2 Тарафи чаппаи ҷузъи киссаро ба тарафи ростаи маснуот гузошта тарафҳои боло ва паҳлугии маснуотро ба назар гирифта мешавад 3 Ҷои киссаро хат кашида ё муайян карда кӯкҳои капиравалиро мегирем

4 Аз канори кисса 0,1-0,2 см гузошта кӯк мезанем дасти баъд бо мошинаи дарздӯзӣ медӯзем, кунҷҳои болоиро бо шакли секунҷа маҳкам мекунем

5 Кӯкҳои дастиро кандан маснуотро ва киссаро дарзмол мекунем 6 Миёнбанди тайёрро ба ҷои маркази ду тарафи паҳлуги пешдоман бо масофаи 0,8 см аз канор дасти ва баъд бо мошинаи дарздӯзӣ медӯзем. Маснуоти тайёрро дарзмол намоед.

7 Худсанҷиш:

Сифати шинонидани кисса, миёнбанд ва гарданбандро санҷед.

Сифати чоки мошинаи дарздӯзиро аз назар гузаронед.

Бакоркарди гармию намии маснуот аҳамият диҳед.

Расми 49. Пурра дўхтани пешдоман

Баъди ба итмом расонидани коркарди ҷузъҳо пешдоман тайёр шуд.

Коркарди охиринро бояд гузаронд:

Гиреҳҳои дастии мондаро пурра кандан лозим аст.

Дар вақти дӯхтан чунин талаботро риоя кунед:

1.ҳангоми дӯхтан гиреҳҳои дастӣ, якхела ва дар масофаи якхела бошанд.

2.Васегии чокҳо якхела бошад.

3.Кӯкҳои дарзи мошинагӣ бояд ҳамвор, рост ва дар вақти дӯхтани

маснуот ҳалқа партофта набошад.

4.Дарзҳои мошинагӣ мувофиқи муайян аз ҷои қат ё буриши маснуот

дода шуда бошад. Сӯзанакҳои бударо аз маснуот гирифтан лозим.

5.Баъди дарзи мошинагӣ дарзҳои дастиро бояд кандан лозим аст.

6.Васегӣ ва дарозии ҷузъҳои гарданбанд ва кисса мувофиқи андозаи додашуда бошад.

7.Баъди ҳар як дарзи мошинагӣ бояд коркарди гармию намӣ гузаронида шавад.

8.Намуди зоҳирии маснуот бояд зебо мувофиқи модели интихоб кардашуда бошад. Аз ҷиҳати ҳусният (эстетикӣ) ва ба организм

фоидаовар бошад, ба талаботи гигиенӣ мувофиқат кунад.

9.Маснуоти тайёр ва коркарди гармии он бояд ба сифати баланд бошад.

10.Ҷойгиршавии киссаҳо дар як масофа ва симметрӣ бошад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …