Барои он ки мошинаи дардздӯзии дастӣ ба ҳаракат дароварда шавад, бо дасти рост чархашро оҳиста, ҷониби худ тоб дода, баъд ба тарафи аз худ муқобил давр занондаи лозим аст. Дар ин ҳолат механизмҳои чокдӯзӣ ба кор медароянд ва дарздӯхта мешавад.
1.Барои омӯхтани кор дар мошини дарздӯз, аввал даврзанонии чархро ёд гирифтан лозим аст. Барои ин пайванди байни чарх ва механизми мухаррикро кушодан лозим аст. Дар ин ҳолат чархи мошинро бо дасти рост, аввал тарафи худ давр занонда, баъд дарҳол аз дасташ дошта, муқобили худ давр занондан лозим аст. Ин корро якчанд маротиба амали такрор намуда, малакаю маҳорат пайдо кардан зарур аст.
Баъд аз ёд гирифтани даврзанонии чарх, тири онро маҳкам намуда, ба зери пошна пораи қоғаз ё матоъро ки дар рӯи он хатҳо кашида шуданд, гузошта бе ресмон, якчанд маротиба онро дӯхтан лозим аст. Ин корро ҳам амалӣ такрор ба такрор иҷро кардан шарт аст.
Савол ва супориш:
1.Ҷои корро чӣ тавр бояд ба тартиб овард?
2.Хангоми кор дар мошинаи дарздӯзӣ чӣ тавр нишастан лозим аст?
3.Ҳангоми кор дуруст ё нодуруст нигоҳ доштани танаи одам ба чӣ натиҷа меорад?