Главная / Гуногун / Кор бо файлҳо ва папкаҳо

Кор бо файлҳо ва папкаҳо

Ҳамаи ахбор компютер дар файлҳо нигоҳ дошта мешавад. Файл маҷмўи маълумотҳои муқараршуда мебошад. Тамоми маълумотҳо дар диски сахт бо файлҳои алоҳида нигоҳ дошта мешаванд. Файл метавонад дилхоҳ ҳуҷҷатро (ҷадвали Excel ё ҳуҷҷати Word ва ғайраҳоро) дар худ нигоҳ дорад. Ҳар як файл номи шахсии худро дорад. Ҳар як номи файл бояд аз ду қисм-ном (дар тарафи чапи нуқта) ва муфассал (васеъкардашуда) (дар тарафи рости нуқта) иборат бошад. Ҳамчунин номҳои файлҳо аз ҳарфҳо, сифрҳо ва рамзҳо иборат бошанд. Барои ном гузоштан ба файли дилхоҳ аз аломатҳои китобат ба монанди :,.,!,+,,*,\ ва ғайраҳо истифода бурдан мумкин нест.

            Дар Windows файлҳо дар папкаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Дар папкаҳо ба ғайр аз файлҳо боз дигар папкаҳо низ нигоҳ дошта мешаванд.

Расми «Новая папка»

papka

Ҳар як истифодабарандаи компютерҳои фардӣ бояд бо файлҳо ва папкаҳо кор карда тавонад.

Дар баъзе ҳолатҳо ба Шумо  амалҳои:  нобуд, нусхабардорӣ намудани файли дилхоҳ,  аз як папка ба папкаи дигар ё аз диски сахт ба флэш-карта равон кардани маълумотҳо лозим меояд. Барои иҷрои ин амалҳо ду утилит: папкаҳои «Мой компьютер» ва  «Мои документы» истифода бурда мешаванд, ки баъдтар онҳоро хоҳем.

ПАПКАИ

«Мой компьютер»

            Утилити (нишонии) папкаҳои «Мой компьютер» иҷрои амалиётҳоро бо қисматҳои асосии компютер таъмин менамояд. Ба монанди: хондани диски сахт, нусхабардорӣ, ҷобаҷо гузорӣ, нобуд сохтани файлҳои алоҳида ва ғайраҳо.

            Якчанд усул барои кушодани нишонии «Мой компьютер» мавҷуд аст:

  • Тирчаи мушакро ба нишонии «Мой компьютер» гузошта, тугмачаи чапи мушакро ду маротиба паси ҳам пахш мекунем;
  • Тирчаи мушакро ба нишонии «Мой компьютер» гузошта, тугмачаи рости мушакро пахш мекунем. Дар натиҷа рўйхат пайдо мегардад. Аз он рўйхат лавҳи «Открыть»-ро интихоб мекунем;

Расми папкаи «Мой компьютер»

Чӣ тавре, ки дар расм нишон дода шудааст, дар папкаи «Мой компьютер» аломатҳои қисматҳои асосии система ба монанди: диски сахт, таҷҳизоти хондани дискҳо барои хондани компактдискҳо (CD), DVD-дискҳо ва флэш-картаҳо инъикос шудаанд.

            Дар системаи  амалиётии Windows XP,  дар тарафи чапи ҳар як папка сатр «панель)-и масъалаҳо ҷойгир карда шудааст ва ин сатр имкон медиҳад, ки маълумот доир ба элементи интихобшударо барасӣ намуда, бо онҳо амалиёт гузаронида шавад.

Папкаи «Мой компьютер» барои аз назаргузаронии дискҳо низ истифода бурда мешавад.

Агар ду маротиба пайҳам нишонаи дискро пахш намоем, дар ин ҳолат файлҳо ва папкаҳои дар он нигоҳдошташуда инъикос мегардад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …