Главная / Гуногун / Конститутсияи соли 1876 дар Туркия

Конститутсияи соли 1876 дар Туркия

Дар оғози солҳои 70-уми асри XIX империяи Усмониён ба марҳалаи бӯҳрони дарозмуддати худ дохил шуд. Карахтӣ дар истеҳсолоти маҳаллӣ афзоиши андозҳо ва зиёдшавии нархи наво нисбат ба сиёсати султон Абдул Азиз (1861 – 1876) норозигии доираҳои васеи аҳолиро ба вуҷуд овард. Болоравии нави ҳаракати миллию озодихоҳии халқҳои Балкан ин бӯҳронро боз ҳам вазнинтар намуд, чунки ислоҳот аҳволи халқҳои ин минтақаи империяро беҳтар накард.

Вазъи сиёсии баамаломада барои фаъолияти “Усмонҳои нав” шароит фароҳам меовард. Аз афв истифода бурда, роҳбарони ин ҳаракат дар аввали солҳои 70-ум ба Истамбул баргаштанд. Соли 1872 яке аз роҳбарони “Усмонҳои нав” Нотиқ Камол ба чопи рӯзномаи “Ибрат” шурӯъ намуд. Дар ин нашрия мақолаҳое чоп мешуданд, ки ғояҳои озодӣ ва зарурати конститутсияро ташвиқу тарғиб карда ва фаъолияти ҳукумати султонро ба зери танқиди шадид гирифта буданд. Асоси барномаи “Усмонҳои нав” ғояи истиқлолияти иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат буд. Дар роҳи амалӣ шудани ин ғоя онҳо мутлақияти феодалиро монеаи асосӣ мешумориданд. Аз ин рӯ, талаби асосии сиёсии онҳо ташкил кардани режими шоҳии конститутсионӣ буд. Барои рушди саноат, кишоварзӣ ва тиҷорат онҳо талаб мекарданд, ки системаи ӯҳдадории коркардадиҳӣ ва зулми маъмурӣ барҳам ва маориф тараққӣ дода шавад. Оиди сиёсати хориҷӣ “Усмонҳои нав” талаб мекарданд, ки системам шаргномаҳои таслимкорона ва шартномаҳои нобаробар бекор карда шаванд.

Соли 1873 ҳукумати султон “Усмонҳои нав”-ро таъқиб кард. Рӯзномаҳои онҳоро баста, Нотиқ Камол ва роҳбарони дигари ҳаракати озодихоҳӣ конститутсиониро бадарға кард. Лекин ин чораҳои султон пеши роҳи паҳншавии ғояҳои демократиро гирифта натавонистанд.

Дар байни иштирокчиёни ҳаракати “Усмонҳои нав” яке аз арбобони калони давлатӣ Мидҳатпошшо низ буд. Аз 9 то 11 майи соли 1876 дар Истамбул намоиши тезу тунди зидди ҳукумат баргузор гарлид, ки ба он ҷонибдорони Мидҳатпошшо ва рӯҳониён роҳбарӣ мекарданд. Ин намоиш ҳукумати Надимпошшоро маҷбур кард, ки ба истеъфо равад. Шӯришчиён шаби 30 майи соли 1876 султон Абдулазизро аз ҳокимият маҳрум карданд. Мидҳатпошшо умед дошт, ки ба ҷои Абдулазиз ба тахти султони Муроди V, ки эълони конститутсия ва ташкили парламентро ваъда карда буд, менишинад. Ҳамин тавр ҳам шуд лекин Муроди V бо сабаби маризӣ вазифаҳои султониро иҷро карда натавонист ва дере нагузашта 31 августи соли 1876 аз тахт фароварда шуд. Ба тахти султонии Туркия бародари Абдулҳамиди II ( 1876 – 1909) нишаст.

turciya

Ин вақт дар Босния ва Херсоговина муборизаи мусаллаҳонаи озодихоҳӣ оғоз ёфт. Сербия ва Черногория шӯришгаронро дастгирӣ намуда, бар зидди Туркия ҷанг cap карданд. Баъди он ки Туркия сербҳоро торумор намуд, Русия ба бӯҳрони Босния ва Херсоговина дахолат кард. Давлатҳои дигар ҳам барои бо роҳи сиёсӣ ҳал кардани ин бӯҳрон чораҷӯиҳо карданд. Қарор дода шуд, ки дар Истамбул конференсияи намояндагони давлатҳои Европа ҷамъ ояд. Вақте маълум гардид, ки барои конференсия лоиҳаи автономияи Босния, Херсоговина ва Булғория тайёр карда шудааст, Мидҳатпошшои навакак вазири бузург таъйингардида талаб кард, ки барои пешгирии дахолати хориҷӣ бетаъхир конститутсияи Туркия, ки онро ӯ бо ҳамроҳии Нотиқ Камол тайёр карда буд, эълон карда шавад. Абдулҳамиди II аз ноилоҷӣ гузашт кард ва 23 декабри соли 1876, дар рӯзи оғози ботантанаи кори конференсия, дар бораи ҷорӣ карда шудани конститутсия фармони султон қироат карда шуд

Конститутсияи мазкур ташкил кардани парламенти дупалатагиро дар назар дошт. Он баробарии ҳамаи шаҳрвандонро дар назди қонун сарфи назар аз дину мазҳаб, дахлнопазирии шахс ва моликият, манзил ва андози боадолат, манъи ӯҳдадории коркардадиҳӣ ва ҷарима, мусодиракунӣ ва озодии шуғл ба тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ, озодии матбуот ва мурофиаи ошкорои додгоҳро бо тантана эълон кард.

Ба баъзе маҳдудиятҳои худ нигоҳ накарда Конститутсияи соли 1876-и Туркия дар таърихи ин давлат воқеаи пешқадам буд. Эълони озодиҳои демократӣ ва ташкили парламент ба сохти феодалию мутлақият зарбаи ҷиддӣ зад, моҳи марти соли 1877 конференсияи Исгамбул бе ягон натиҷа кори худро қатъ намуд. Султон Мидҳатпошшоро бадарға кард. Баъди ин “Усмонҳои нав”-и дигар низ таъқиб карда шуданд.

Абдулҳамид ҷонибдорони Мидҳатпошшоро торумор карда бошад ҳам, ба бекор кардани конститутсия ҷуръат накард. Моҳи марти соли 1877 ҷаласаи аввали парламент кушода шуд. Он аз 119 вакил-71 мусулмон ва 49 ғайримусулмон иборат буд. Азбаски парламент гапдаро набуд, Абдулазиз онро пароканда кард ва тирамоҳи соли 1877 интихоботи нави парламентро доир гардонид. Моҳи феврали соли 1878, баъди дар ҷанги зидди Русия шикаст хӯрдани Туркия, султон фаъолияти парламенти навро ба мӯҳлати номуайян манъ кард. Дар амал ин кирдори Абдулҳамид маънои манъи конститутсияи соли 1876-ро дошт.

Баъди пароканда кардани парламент ва торумори “Усмонҳои нав” султон Абдулҳамид дар империя режими мутлақиятӣ истибдодро ташкил намуд. Дар давраи ҳукмронни ин султон Туркия аз нав ба ақиб, яъне ба сӯи тартиботи феодалӣ баргашт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …