Главная / Илм / КОНЪЮНКТИВИТ

КОНЪЮНКТИВИТ

konyuktivitКОНЪЮНКТИВИТ, илтиҳоби мултаҳима, газак гирифтани луобпардаи пилкҳо ва ғӯзаи чашм. Ба таъсири омилҳои гуногуни беруна – микробҳо ва вирусҳои касалиовар, инчунин таъсироти физикию химиявӣ дастарс будани пилки чашм боиси ба вуҷуд омадани К. мегардад. Ҳавои олуда бо чангу ғубор, биноҳои дудолуд, дар нимторикӣ кор кардан, ба чашм зӯр овардан, бо ёрии айнак ислоҳ накардани нуқсонҳои босира (алалхусус астигматизм ва дурбинӣ), бемории бинӣ ва гулӯ, узвҳои ҳозима, вайрон шудани мубодилаи моддаҳо, майзадагӣ ва ғ. ба инкишофи К. мадад мерасонанд. К. шадид ва музмин мешавад.
К.-и шадид маъмулан сироятӣ буда, зери таъсири микробҳо ва вирусҳо рух медиҳад. Ба К. қариб ҳамеша ҳар ду чашм баробар гирифтор мешавад. К. бо аломатҳои ашкрезӣ, рӯшноитарсӣ, лаввос ва сих задани чашм, варамидани пилкҳо, об гирифтан ва сурх шудани пилки чашм падид меояд; аз чашм хилм баромада, шабонгоҳ дар мижаҳо шах шуда мемонад, пилкҳоро ба ҳамдигар мечаспонад. К. аҳён-аҳён бо зуком ва бетобии умумӣ – сардард, бехобӣ, таб ҷараён мегирад. Аломатҳои К. баъзан чандон баръало зоҳир намешаванд – пилки чашм саҳл сурх шуда, каме хилм (чирк) мекунад, пагоҳиҳо дар гӯшаи даруни чашм хилм шах шуда мемонад. Фаромӯш набояд кард, ки К.-и аз асари микробу вирусҳо пайдошуда гузаранда аст. Ҳангоми рух додани аввалин нишонаҳои К. ба духтур муроҷиат кардан лозим. Чашмро баста мондан мумкин нест, зеро ин боиси афзоиши микробҳо гашта, ба иллати қарния мусоидат мекунад. Баробари ҷамъ шудани хилм онро бо пахта ва оби ҷӯшонидаи хунук мешӯянд (аз тарафи кунҷи беруни чашм ба сӯи дарун). Дар мавриди К.-и сироятии шадид доруҳои зиддибактериявӣ нафъ доранд. Аммо онҳоро аз рӯи таъинот ва таҳти назорати духтур ба кор бурдан лозим. Бе иҷозати духтур муолиҷаро қатъ кардан (ҳатто дар сурати аз байн рафтани нишонаҳои зоҳирӣ) мумкин нест, вагарна беморӣ тӯл кашида кӯҳна мешавад.
К.-и музмин батадриҷ сар мешавад, пилкҳо вазнин гашта, лавос ва сих мезананд. Бемор гумон мекунад, ки ба чашмаш рег даромадааст. Бегоҳиҳо ин аломатҳо афзуда, бо чароғ кор карданро душвор мегардонанд. Дар аснои К.-и музмин пилки чашм чандон тағйир намеёбад: он каме сурх ва шахшӯл мешавад, чашм андаке хилм мекунад. Ҷараёни К.-и музмини бардавому мунтазам аст, беморӣ гоҳ сиҳат шуда, гоҳ аз нав шиддат меёбад.
Муолиҷаи К.-и музмин асосан аз рафъи сабаби он иборат аст. Агар зарур бошад, бемориҳои умумиро табобат мекунанд. Нуқсонҳои босираро тавассути айнак ислоҳ менамоянд. Ҳангоми кор баъди ҳар 30 дақ. ба чашмҳо 5 – 10 дақ. оромӣ лозим аст. Доруҳои обакии рафъи дард, ки онҳоро духтур таъин мекунад, хеле манфиатбахш мебошанд.
Дар мавриди К.-и шадиди сироятӣ микробҳои касалиангез маъмулан ба воситаи чизу чора (рахти хоб, сачоқ, рӯймолу рӯймолча)-и бо хилми чашми бемор олудашуда мегузаранд. Бисёр вақт чашм аз дастони чиркин сироят меёбад. Ҳангоми дар як тағораи умумӣ дастурӯ шустан ҳам К. сироят мекунад. Ангезандаи К.-ро магасҳо низ паҳн менамоянд. Бинобар ин барои пешгирии бемории оммавӣ риоя намудани беҳдошти шахсӣ (сачоқ ва рахти хоби алоҳида, зуд-зуд шустани даст), нест кардани магасҳо ниҳоят муҳим аст. Барои пешгирии К. тозагии ҳаво, равшании мӯътадили ҷои кор ва ғ. низ муфиданд. Дар мавриди ихтилоли босира бояд саривақт айнак гирифт.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …