Главная / Маданият ва санъат / Композитсия дар санъати ороишию амалӣ. Таҳия намудани аппликатсия аз масолеҳи табиӣ

Композитсия дар санъати ороишию амалӣ. Таҳия намудани аппликатсия аз масолеҳи табиӣ

Санъати ороишию амалии мардуми қирғизро дар амалҳои анҷомёфта дар техникаи аппликатсия, ки то замони мо боқӣ мон- даанд, дидан мумкин. Истилоҳи «аппликатсия» аз калимаи лоти- нии applikatus гирифта шуда, маънояш гузоштани ашёе ба болои ашёи дигар ва ба тартиб, чуноне дар боло қайд шуда буд.

11

Техникаи «аппликатсия» пайваст кардани ҷузъиётро ифода ме- намояд. Масалан, инро дар қолини намадӣ (ширдак), дар қолини деворӣ (туш-кийиз), либос ё ашёҳои дигар дидан мумкин аст. Аз қадимулайём мардуми мо санъати аппликатсияи матоъро нигоҳ дошта, то ба ин рӯзҳо оварда расонд, яъне аз матои пас аз дӯхтан боқимонда чеварон порчаҳоро пайваст карда, ашёҳои зебо меофа- риданд, ки онҳо чеҳраи инсонро мекушоданд. Мо аз чунин техника махсус таваҷҷуҳи худро ба қолини намадӣ (ширдак) зоҳир менамоем.

Ширдак яке аз ашёҳои гаронбаҳоест, ки аз аср ба аср боқӣ мон- да, аз насл ба насли дигар мегузарад.

Дар нақшу нигори ширдак маънои чуқур мавҷуд аст. Нақшу нигор аз замонҳои ҷанговарона то рӯзҳои мо боқӣ бимонда, таърихи бой дорад. Дар нақшу нигори кӯҳна ва нав арзишҳои абадӣ ва муқаддаси инсонӣ: орзу, муҳаббат, умед, мақсадҳои ҳаётӣ мавҷуд аст.

Дар урфият мегӯянд: «Чашм меҳаросад, даст кор мекунад», мақоли мазкур беҳуда гуфта нашудааст, нақшу нигор дар ширдак аз як ҷузъи комил иборат буда, дар нигоҳи аввал ниҳоят мураккаб ба назар мерасад.

«Чеварон». С. Чокморов
«Чеварон». С. Чокморов
Ширдак
Ширдак

Агар ба нақшу нигори зерин бодиққат бингарем, бо назардош- ти ҷойгиршавии бонизом, он гоҳ ба сифати мисол, як элементро ҳамчун асос гирифта, аз он асари комили композитсионӣ ба вуҷуд овардан мумкин аст.

14 15Нақшу нигори аппликатсионӣ, ки дар канорҳо ҷойгир шудааст, нақшу нигори канорӣ номида мешавад.

Нақшу нигоре, ки дар кунҷҳо ҷойгир шудааст, нақшу нигори кунҷӣ номида мешавад.

Нақшу нигоре, ки дар марказ ҷойгир шудааст, марказӣ номида мешавад.

Дар тасвирҳои зерин қайд намо, ки нақшу нигори канорӣ, кунҷӣ ва марказӣ дар куҷо ҷойгир шудааст.

Чуноне дар боло, дар тасвирҳо, нишон дода шудааст, корҳои аппликатсиониро зимни истифодаи коғази ранга ё масолеҳ барои ҷузъҳои оддӣ аз нақшу нигор иҷро кардан мумкин аст.

Тавре дар ҷадвал нишон дода шудааст, дар ҳамворӣ рангҳои заруриро дар баробари омехта кардани рангҳои гуногуни пласти­лин пайдо намо. Гулҳо, ҳайвонот ва ашёҳои дигарро тавассути тех- никаи аппликатсия бисоз.

Дар техникаи аппликатсия композитсияҳои гуногунро зимни интихоби манзар барои зарфи хурдакак, дар баробари гузоштани қабати тунуки пластилини ранга, дар ангораи пешакӣ аз баргҳои гу- ногун, тухмиҳо-донакҳо таҳияшуда ба вуҷуд овардан мумкин аст.

Ҳангоми иҷрои корҳои эҷодии аппликатсионӣ, техникаи ба истилоҳ айрис-фолдингро мавриди истифода қарор додан мум- кин. «Айрис-фолдинг» – калимаи фаронсавӣ буда, маънояш «ран- горанг гузоштани коғаз» мебошад, чунин техника аввалин маро- тиба дар Голландия пайдо шуд. Айни замон барои иҷрои корҳо

16

17

коғази ранга, матои нассоҷӣ, ширеш ва лавозимоти дигарро ис- тифода мебаранд. Маълумоти муфассалтарро дар бораи техникаи «Айрис фолдинг» аз Интернет дастрас карда, дар таҷриба истифо- да бурдан мумкин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …