Главная / Гуногун / Коммунизмро чи хел мефаҳмидем

Коммунизмро чи хел мефаҳмидем

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ…

(Аз «Газетаи муаллимон», 19 феврали соли 1983)

komunizm

Мо коммунизмро фақат аз маҷмӯи ҳамон донишҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, бо ҳамон захираи қувваҳо ва воситаҳои инсонӣ сохта метавонем, ки онҳо ба мо аз ҷамъияти кӯҳна мондаанд.

…маданияти пролетариро фақат бо нағз донистани маданияти бо тамоми тараққиёти инсоният ба вуҷуд овардашуда, фақат бо роҳи аз нав кор карда баромадани он сохтан мумкин аст…

Маданияти пролетарӣ бояд тараққии қонунии ҳамон захираҳои дониш бошад, ки инсоният онҳоро дар зери зулми ҷамъияти капиталистӣ, ҷамъияти помешикӣ, ҷамъияти амалдорӣ ҳосил кардааст.

  В. И. Ленин. Асарҳо ҷилди 31, тарҷума аз нашри 4-уми русӣ, Сталинобод, 1960, саҳ. 293, 296, 297.

…Халқи тоҷик… дар маданияти халқҳои Иттифоқи Советӣ ҳиссаи бебаҳо гузоштааст. А. А. Фадеев. Садои Шарқ, 1982, 12, саҳ. 190.

Соҳиби маданияти кӯҳна ва адабиёти кӯҳансол будани қавми тоҷик… ҷои инкор нест. С. Айнӣ. Ахгари инқилоб, Д., 1974, саҳ. 95.

Гоҳ-гоҳ тавассути матбуоту китоб ва воситаҳои тарғиботӣ садои инкори маданияти халқи тоҷик ва саҳми ӯ дар тамаддуни умуми башар шунида мешавад. Чунончи, чанде пеш ҳангоми мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони марказӣ, ки ба муносибати дафъаи 50-ӯм нашр гардидани китоби «Алифбо» барпо шуда буд, муаллифи он гуфтанд, ки халқи тоҷик пас аз Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ҳамаро қариб аз сифр (ноль) сар кардааст. Сотсиологҳои буржуазӣ мутмаин буданд, ки барои маҳви бесаводӣ дар ин сарзамин даҳҳо сол лозим аст, лекин ба шарофати инқилоб дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ин масъала ҳал шуд.

Агар дар ин ҷо саҳве нарафта бошад, мазмуни суханронии устод яқинан ҳамин тавр буд.

Ба гумон аст, ки дастовардҳои инқилоби маданӣ, ки солҳои дигаргунсозиҳои сотсиалистӣ дар республикаи мо ҳосил шудаанд, касеро ба шубҳа оварад. Дар ҳақиқат дар ҷараёни бунёди асосҳои сотсиализм, ба амал баровардани инқилоби маданӣ ва тарақкиёти минбаъдаи ҷомиаи нав халқ саросар босавод шуд, фарҳангу маданият ба таври қобили қиёс пеш рафт, соҳаҳои тамоман нави фаъолияти маънавӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ҳама муҳим ин аст, ки тоҷикон соҳиби истиқлолияти миллӣ ва давлати худ гардиданд, ки  ҳазор сол муқаддам аз он маҳрум шуда буданд. Ин комёбиҳо бегумон туфайли ғалабаи Револютсияи Октябр ва тараккии ҷамъияти сотсиалистӣ ба вуқӯъ пайваст. Онҳо ҳақиқатҳоеанд раднопазир.

Вале он ақидаи муаллифи китоби «алифбо», ки халқи тоҷик баъди инқилоб гӯё ҳамаро аз сифр, яъне аз ҳеҷ сар карда бошад, берун аз меъёри ҳақиқат аст. Агар ин ҳукм рост бошад, пас ногузир инчунин бибояд эътироф кард, ки то инқилоб мо на хат доштаему на фарҳанг, на илм доштаему на китоб. Дар ин сурат ҳоли ниёгони мо мусовии барбарият будааст. Гӯё ки онҳо берун аз ҷараёни таърих мезистаанд.

Аммо таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик то инқилоб ҳам соҳиби тамаддуни бостонӣ, адабиёти ҷаҳоншумул, назми олишон ва илму фалсафаи гаронмоя (бо шаҷараҳои мухталифаш) буд. ба марди огоҳ аз илму фарҳанг ин ҳама бечуну чаро мусаллам аст. Агар мо ҳамаро аз ҳеҷ сар карда бошем, пас илму фалсафа ва адабиёту санъате, ки ниёгонамон дар забони модарӣ бароямон мерос мондаанд, низ сифр, яъне ҳеҷ аст? Ҳадди инсоф аст, ки мо барҳақ меросхӯрони қонунии илм, фарҳанг, адабиёт ва фалсафаи пурсарвати халқамон бошем. Алҳақ ҳаминтавр ҳастем. Албатта, бидуни хату китоб он мероси гаронмоя  барои насли имрӯза боқӣ намемонд. Пас то инқилоб халқи тоҷик соҳиби хат ҳам будаасту китоб ҳам; саросар бесавод набудааст. Бозёфтҳои хаттӣ аз Хуросон, Хоразм, Суғд ва Бохтар собит менамоянд, ки аҷдоди халқи тоҷик 2500 сол муқаддам соҳиби алифбо будаанд.

Дар сарзамини тоҷикнишин маълумоти олӣ таърихи зиёда аз дуҳазорсола дорад. Таърихи мактабҳои саводомӯзӣ  ва маълумоти умумӣ аз ин ҳам қадимтар аст. Маълумоти олиро мадраса медод ва аз аҳди Сомониён ба маркази афкори илмиву муҳити адабӣ табдил ёфта буд. Чунончи муаррих Наршахӣ аз таърихи мадрасаҳои Бухоро ёдовар шудааст. Дар мадрасаҳо баробари илмҳои динӣ улуми ақлӣ – фалсафаю мантиқ, риёзиёт (ҳандаса, ҳисоб, ҳайъат, ҷабр ва муқобала), табииёт (ҷари исқол – механика, манозир ва мароё – оптика,  илми маодин – минералогия, илми набот – ботаника, илми ҳайвон – зоология, илми тиб, илми фалоҳат – агрономия, ҷуғрофия, масоҳатшиносӣ  – геодезия), улуми иҷтимоӣ (илми таҳзиби ахлоқ – этика, тадбири манзил – иқтисод, сиёсат) ва улуми адабӣ (баён, шеър, балоғат) омӯхта мешуд. Ғайр аз ин, мадраса аз сарфу наҳви забони арабӣ маълумоти мукамал медод. Таълими аксарияти ин илмҳо дар замони сукути феодализм, ки ба давраи пеш аз инқилоб рост меояд, албатта дар сатҳи асрҳои миёна монда буд. Баъзеи онҳо ҳатто тамоман таълим дода намешуданд. Тарзи схоластикии таълими мактаби кӯҳнаю мадраса ба талаботи зиндагӣ ҷавоб  намедод. Аз ҳамин ҷиҳат Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва маорифпарварони дигар онро ба зери танқиди сахт гирифта, масъалаи ислоҳи программа ва усули таълими мактабу мадрасаҳоро бо қатъият талаб менамуданд. Вале бо вуҷуди чунин нуқсонҳои ҷиддӣ аз мадраса бисёр шахсони соҳибмаълумот мебаромаданд. Агар интавр намебуд, пас он зумраи олимон, ки дар ҳар соҳае шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтаанд, дар куҷо таҳсил кардаанд? Ибни Синою Берунӣ, Носири Хираву Ғазолӣ, Умари Хайёму Алии Қӯшчӣ, Аҳмади Донишу Мирзо Сирочи Ҳаким барин даҳҳо олимлон аз кӣ таълим гирифтаанд, садҳо шоиронро кадом муҳити адабӣ ба камол расондааст?

Иқрор бояд шавем, ки олимону шоирони ба мо маълум мардони бузурги даврашон буданд. Ғайри онҳо  дар ҳар замоне боз даҳҳо ва садҳо адибу олиму санъатвар мезистанд, ки бо ҳукми таърих барои мо номаълум мондаанд. Бадеҳист, ки нобиғаҳо яккаву танҳо набудаанд, эшонро муҳити муайяни илмию адабӣ мепарварид. Набояд фаромӯш кунем, ки асосгузори адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ ва як зумра аввалин адибону ходимони ҷамъиятии солҳои инқилобӣ соҳиби маълумот шудаанд.

Аз рӯи маълумоте, ки таърихшиноси ҷавон Абдуллоҷон Мирбобоев аз сарчашмаю пурсуҷӯйҳо ҷамъ овардааст, дар  охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар Бухоро 103 мадраса, дар вилояти Самарқанд 93, дар Хуҷанд 50, дар Ӯротеппа10, дар Паҷакент, Исфара. Конибодом, Кулоб, Ҳисор, Қабодиён низ мадрасаҳои зиёде мавҷуд будаанд.

Ғайр аз мактабу мадрасаҳо дар шаҳрҳои номбурда мактабҳои усули ҷадид ва русию маҳаллӣ фаъолият доштанд, ки бо тақозои шароити нави иҷтимоӣ – ташаккули муносибатҳои капиталистӣ ва пайдо шудани буржуазияи миллӣ таъсис меёфтанд. Дар кишвари Туркистон 126 мактаби русию маҳалӣ мавҷуд буд.

Назар ба маълумоти ҳадди ақалл, пеш аз инқилоб саводнокии тоҷикон 3,9 фоизро ташкил медод. Ҳатто ҳамин рақами ночиз ҳам то инқилоб тамоман бесавод будани тоҷиконро  рад менамояд.

Бинобар шаҳодати С. Айни, ки 6 сентябри соли 1926 дар газетаи «Овози тоҷик» дарҷ шудааст, «баъд аз пайдо шудани осори таҷаддуд ва навӣ дар Бухоро ва Туркистон аввалин рӯзномае, ки аз Бухоро баромад, ба номи «Бухорои Шариф» тоҷикӣ буд. Маҷмӯаи «Оина»-е, ки дар Самарқанд чоп мешуд, қисман тоҷикӣ буд, китобҳои мактабие, ки барои мактабҳои Бухоро ва Самарқанд (пеш аз инқилоби Уктабр) тартиб ёфта буд, тоҷикӣ буд ва китобҳои мутолиае, ки аз тарафи ҷавонбухориён нашр шуда буд,  низ тоҷикӣ буд». (С. Айнӣ, Ахгари инқилоб, 1974, с. 25).

Ё чунонки мусташриқ Г. Л. Дмитриев иттило додааст, соли 1913 дар бозорҳои китоби шаҳрҳои Самарқанду Бухорою Хуҷанд бештар аз 2000 номгӯй китоби нашри Ҳиндустон арза гардидааст: дар ҷумлаи китобҳо асарҳои саромадони илму адаби форсу тоҷик буданд, ки нусхаҳои онҳоро ҳануз дар китобхонаҳои шахсӣ ва бузургтарин китобхонаҳои дунё дарёфтан мумкин аст («Газетаи муаллимон», 8 феврали соли 1983). Агар халқ саросар бесавод мебуд, ин китобҳо, ин маҷаллаҳо, ин рӯзномаҳоро кӣ мехонд?

Методологияи марксистӣ-ленинӣ баҳои холисона, таҳлили объективӣ ва конкретию таърихии масъаларо металабад. Вай мухолифи ифроту тафрит, яъне ҳам наҳ задану ҳам аз будаш зиёд нишон додани ҳақиқати таърихӣ мебошад. Аммо ҳанӯз шахсоне вомехӯранд, ки принсипҳои таҳлилу таҳқиқи марксистии таърихро ба инобат нагирифта, гузаштаи халқи худро аз чӣ сабаб бошад, ки хатти бутлон мекашанд.

Нишон додани рол ва аҳамияти Револютсия Октиябр дар тақдири халқҳои Осиёи Миёна ҳаргиз талаб намекунад, ки мо аз ҳақиқати таърихӣ чашм пӯшида, тоҷиконро собиқ бехату савод шуморем. Ин аз рӯи инсоф нест!

  Ҳарчанд ки ба туфайли ғалабаи инқилоб тақдири тамоми халқҳои Осиёи Миёна ба ҳам пайваст шуд, лекин гузаштаи таърихии онҳо хусусиятҳои хешро дорост. Дар ҳаёти онҳо укладҳои гуногуни иқтисодӣ ҳукмрон буд, маданият, илму фалсафа ва адабиёташон ба таври нобаробар тараққӣ карда буд. Ин гуногунии роҳи инкишофи таърихӣ ва тафовути пояҳои тараққиёти тамаддуни халқҳо, аз ҷумла мардуми Осиёи Миёнаро марксизм ғайриқонунӣ намешуморад. Охир, чаро ҳама бояд як симо дошта бошад, чаро як халқ аз халқи дигар пеш наравад? Нобаробарии тарақиёт, аз ҷумла нобаробарии инкишофи илму фалсафа ва санъату адабиёти халқҳои гуногунро эътироф намудан оё мухолифи принсипи таърихият аст? Ҳаргиз. Чунонки марксизм таълим медиҳад, шаклҳои шуури ҷамъиятӣ қонунияти мустақили инкишоф доранд. Бинобар ин бо таъсири амали ин қонуният, сарфи назар аз вомонии ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, ки асоси онро пешрафти иқтисодиёт ва рушди муносибатҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳад, ҳаёти илмию адабӣ аз роҳи такомул боздошта намешавад.

Дар ин ҷо мақоми қуввати муҳаррикаи ворисият ва идомати анъанаҳо албатта кам нест. Дар як ҷамъомади адабӣ, ки дар Университети давлатии Тоҷикистон барпо шуда буд, устод Мирзо Турсунзода гуфта буданд, ки баъзе ба хотири нишон додани дастовардҳои халқи тоҷик дар замони сотсиализм таърихи гузаштаи вайро наҳ мезананд, ки  мутлақо нодуруст аст.  Мо ҳаргиз мардуми беилму фарҳанг, маҳрум аз санъату ҳикмат набудем! Адабиёти классикии мо саршори ғояҳои олии инсондӯстию адолатпарварӣ буд. Иқилоб ба ӯ умри дубора бахшида, аз маҳв шудан нигоҳ дошт. Ин меросро дар хидмати ҷомиаи нав, дар хидмати имрӯзиёну фардоиён гузоштан кори басо наҷибу пурифтихор аст.

Кас  аз  он дар тааҷуб мемонад ва таассуф мехӯрад, бузургони милатҳои дунё тоҷиконро халқи мутамаддин, дорои осори ғании илмию адабӣ мешуморанду лекин баъзе доноёни худамон мегӯянд, ки не, мо пеш ҳақиру ҷоҳил будем, ҳеҷ чиз надоштем ва ҳамаро аз сифр сар кардаем. Ба гумон аст, ки касе масъулияти аз номи миллат сухан гуфтанро ба ӯҳдаи шахсони номасъул ҳавола карда бошад. Шояд, барои онҳо беэътиноӣ ба гузаштаи халқ ва инкори мероси маънавии вай тариқи дилхоҳи ҷилва додани «хизматҳояшон» бошад? Мувофиқи маълумоте, ки қисман дар журнали «Маориф ва ӯқутувчи» (1926. 7-8), ки Ҳоҷӣ Муин овардааст, нашри алифбои тоҷикӣ ҳанӯз соли 1903, яъне 30 сол  пеш аз «Алифбо»-и Ҳ.К. оғоз ёфта буд, ки он «Баён-ул-ҳуруф» ном дошта ба қалами Саид Аҳмади Васлӣ мутааллиқ аст. Минбаъд алифбоҳои зерин ба табъ расидаанд ва баъзеи онҳо чандин бор нашр шудаанд: Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ «Асбоби савод» (1905); Ҳоҷӣ Муин «Раҳнамои савод» (1908); Раҳматуллозода «Раҳбарии мактаб» (1913); В. Вяткин (Мулло Василӣ) «Баҳори дониш» (1918, 20 ҳазор нусха); С. Ализода «Соли нахустин» (1920); Мирзо Муҳаммад Самадзода « Мифтоҳут-таълим» (1922); Нисормуҳаммад «Алифбои забони тоҷик» (1924); Маҳзар Бурҳон ва С. Киром «Алифбои тоҷик» (1925); Раҳматуллозода ва Ҳоҷӣ Муин «Раҳбари бесаводон» (1925, 20 ҳазор нусха); В. Маҳмуд «Алифбо». Ин китобҳо бо ҳуруфи кӯҳнаи тоҷикӣ ба табъ расидаанд. Баъд аз ин алифбоҳо бо хати лотини чоп шудаанд. Яке аз онҳо алифбои Раҳим Ҳошим ва В. Лубенсов, дигаре алифбо барои мактабҳои савод, ки муаллифонаш Раҳим Ҳошим ва Шариф Ҷабборӣ (1929 -1930) буданд.

Мухолифони мафкуравии мо аз урдугоҳи антисоветизм то кунун талқин мекунанд, ки инқилобро ба сарзамини Осиёи Миёна русҳо ба таври сунъӣ овардаанд. Худи аҳолии маҳаллӣ барои ба амал баровардани он тайёр набуд, зеро побанди ҷаҳолат, гумроҳӣ ва бесаводӣ буд.

Касоне, ки то инқилоб саросар бесавод будани халқи тоҷикро тасдиқ мекунанд, магар даъвои душманони идеявиамонро ба таври ғайримустақим ҳақ намебароранд ва ба он ғизо намедиҳанд? Дарвоқеъ, агар дар сарзамини мо одамони равшанфикру бомаърифат набуданд, кӣ ҳаракати инқилобии оммаро сарвари мекард, кӣ манфиатҳои ҳаётан муҳимми меҳнаткашонро барояшон мефаҳмонд, кӣ шуури синфии табақаҳои истисморшавандаи мардумро ташакул медод, кӣ онҳоро аз таъсири хурофот ва маҳдудияти миллӣ раҳонда ба сӯи озодӣ ва бунёди ҷамъияти нав мебурд, кӣ қарорҳои партияю ҳукуматро дар он солҳо ба забони модариашон ба гӯши мардуми тоҷик мерасонд? Акнун замоне расидааст, ки дар ин бора аз пояи ақлу хирад ва далелҳои қотеъи таърих қазоват бикунем.

Котиби Генералии КМ КПСС Ю. В. Андропов дар маҷлиси мӯҳташаме, 21 декабри соли 1982 ба шарафи 60-солагии СССР ороста шуда буд, зарурати муносибати эҳтиёткоронаи объективиро ба мероси маънавӣ, забон ва таърихи собиқаи халқ таъкид карда гуфтааст; «Ҳаёт нишон медиҳад, ки дар баробари протсесси иқтисодӣ ва маданияти ҳамаи миллату халқиятҳо дараҷаи худшиносии миллии онҳо ногузир баланд мегардад. Ин протсесси қонунӣ ва объективӣ аст.

Аммо муҳим аст, ки ифтихори табиӣ аз муваффақиятҳо ба такаббур ва ё ҳавобаландии миллӣ табдил наёбад, боисӣ тамоили ҷудоӣ, беҳурмати нисбат ба миллату халқҳои дигар нагардад. Чунин ҳодисаҳои манфӣ ҳанӯз дучор меоянд. Ба ин фақат урфу одатҳои зараровари замони гузаштаро сабаб нишон додан нодуруст мебуд. Саҳву хатоҳои кори худамон баъзан ба ин сабаб мешаванд. …ин соҳа кори майда-чуйда гуфтанӣ низ надорад. Дар ин соҳа ҳама кор ҳам муносибат ба забон, ҳам ба ёдгориҳои замони гузашта, ҳам шарҳу маънидоди воқеъаҳои таърихӣ … муҳим аст».

Ин дастури партиявӣ меъёри фаъолияти ҳар як зиёӣ, махсусан муҳаққиқ бояд қарор бигирад.

 

Н.ҚУЛМАТОВ, И.УМАРОВ, А.РАҲМА-ТУЛЛОЕВ, С.МУХТОРОВ, Т.ЛУҚМОНОВ, Т.ХАСКАШЕВ, С.ҚОДИРӢ, М.ҚАҲҲОРОВ, М.ҶАНОБИЛОВ, дотсентони Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, Р.Мусулмонқулов, профессори УДТ, Ю. Ёқубов, Корманди калони илмии Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши АФ РСС Тоҷикистон.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …