Главная / Илм / КОМИССИЯИ ТИББИИ ЭКСПЕРТИЗАИ КОРШОЯМӣ

КОМИССИЯИ ТИББИИ ЭКСПЕРТИЗАИ КОРШОЯМӣ

komisiyai-tibbiКОМИССИЯИ ТИББИИ ЭКСПЕРТИЗАИ КОРШОЯМӣ дар назди ташкилоти таъминоти иҷтимоӣ фаъолият мекунад. Аз духтурони эксперт, намояндагони шӯъбаи дахлдори таъминоти иҷтимоӣ ва ташкилоти иттифоқи касаба иборат аст. КТЭК гурӯҳи инвалидиро муқаррар мекунад, сабабҳои доимӣ (бемории умумӣ ё касбӣ, маъюбии меҳнатӣ ва ғ.) ё тӯлонӣ гум кардани қобилияти меҳнат, шароит ва хусусияти меҳнат (марбут бо аҳволи саломатӣ)-и барои инвалид дастарс (ба кори дигар гузаронидан, аз вақти кори муқаррарӣ зиёд ё аз кори сменаи шабона озод кардан), инчунин тадбирҳоеро, ки ба пурра ё қисман барқарор шудани қобилияти меҳнатии инвалидон ёрӣ мерасонанд (таълими касбӣ, тағйири ихтисос, муолиҷаи барқароркунанда, протезкунӣ, бо асбобҳои корӣ, мотоароба таъмин кардани инвалидон ва ғ.), муайян месозад. Ғайр аз ин, КТЭК шароити меҳнати инвалидонро (бо мақсади ошкор кардани касбу кори ба онҳо дастрас) бевосита дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо мушоҳида ва назорат мекунад.
Беморро ба КТЭК комиссияи машваратии тиббии ҷои истиқомат ё корхона мефиристонад. Қарори КТЭК оид ба шароити меҳнати инвалидон барои роҳбарони муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳатмист. Муоинаи беморони гирифтори бемориҳои сил, рӯҳӣ ва ғ.-ро КТЭК мегузаронад.
Дар ҳолати бо қарори КТЭК розӣ набудан, бемор бояд ба шӯбаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и таъминоти иҷтимоӣ ариза нависад. Аризаро ба КТЭК-и органи болоии таъминоти иҷтимоӣ (ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ё марказии шаҳрӣ) мефиристанд (он беморро такроран муоина мекунад). Қарори муоинаи такрорӣ қатъист.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …