Главная / Илм / КОМИССИЯИ МАШВАРАТИИ ТИББӣ

КОМИССИЯИ МАШВАРАТИИ ТИББӣ

komisiyai-mashvaratiКОМИССИЯИ МАШВАРАТИИ ТИББӣ дар муассисаҳои табобатӣ (беморхонаҳое, ки дармонгоҳ ё амбулатория доранд, дармонгоҳҳо, диспансерҳои махсус ва ғ.) ташкил карда мешавад. Он аз 3 наф. духтур – ҷонишини сардухтур оид ба экпертиза, мудири шӯъба, духтури муолиҷ иборат аст. Фақат КМТ ҳуқуқ дорад, ки мӯҳлати амали варақаи бемориро аз 6 рӯз зиёд кунад, масъалаҳои мураккаби баҳснокро оид ба экспертизаи корношоямии муваққатӣ ҳал карда, шахсони муддати мадид касалбударо (корношоямие, ки дар натиҷаи зиёда аз 4 моҳ бефосила давом кардани як беморӣ ё ҷамъи бемориҳои солона аз 5 моҳ зиёд тӯл кашида бошад) ба комиссияи тиббии экспертизаи корношоямӣ фиристонад. Ғайр аз ин, КМТ ҳуқуқ дорад, ки барои дар санатория ё курорт табобат кардан, варақаи беморӣ диҳад, оид ба тағйир додан ё сабук кардани шароити меҳнат ё ба кори дигар гузарондан тавсия пешниҳод намояд; ҳангоми барои табобати махсус ба шаҳри дигар фиристодан, варақаи беморӣ нависад. Беморро ба КМТ духтури муолиҷ, мудири шӯъбаи муассисаи табобатӣ, духтури суғуртаи ташкилоти иттифоқи касаба мефиристонад. Шикоятномаро ба қарори КМТ сардухтури муассисаи табобатии дахлдор дида мебарояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …