Командаҳои системаи MS DOS-ро ба ду намуд тақсим кардан мумкин аст: дохилӣ ва берунӣ. Ҳангоми аз клавиатура дохил кардани команда ва пахши тугмаи Enter , онро программаи Command.com қабул ва таҳлил менамояд. Агар команда аз намуди командаҳои дохилӣ бошад, он гоҳ онро бевосита худи программаи Command.com иҷро менамояд.
Дар акси ҳол барои иҷро кардани команда программаи махсус даъват карда мешавад, ки номи он бо номи команда якхела аст. Ин гуна программаи махсусро утилити системаи MS DOS меноманд. Утилитҳои система дар як каталоги махсуси диски винчестер (одатан DOS) нигоҳ дошта мешаванд.
Командаҳои коркардаи каталогҳо. Файлҳо дар каталогҳои диск нигоҳ дошта мешаванд. Дар мундариҷаи ҳар як каталог, оиди файлҳои дар он ба қайд гирифташуда, информатсияи зерин нигоҳ дошта мешавад:
- номи асосӣ ва иловагии файлҳо;
- ҳаҷми файлҳо, ки бо миқдори байтҳо чен карда шудаанд;
- таърих ва вақти сохта шудани файлҳо ё таҳрири охирини онҳо;
- бақайдгирии ном, таърих ва вақти сохта шудани зеркаталогҳои каталог (дар мавриди мавҷуд будани онҳо). Барои ба экран баровардани мундариҷаи каталог командаи зерин истифода бурда мешавад:
Dir <Роҳ ба каталог>
МИСОЛ:
- Dir\ – ба экран мундариҷаи каталоги асосии диски ҷорӣ бароварда мешавад.
- Dir\Alfa – ба экран мундариҷаи каталоги Alfa, ки зеркаталоги каталоги асосии диски ҷорӣ ба ҳисоб меравад, бароварда мешавад.
- Dir A:\ – ба экран мундариҷаи каталоги асосии дискети дар дискдони якумбуда, бароварда мешавад.
- Dir C:\Toirov\Excel – мундариҷаи каталоги Excel ба экран бароварда мешавад. Каталоги Excel зеркаталоги Toiқov буда, каталоги Toiқov бошад, дар каталоги асосии диски винчестер ҷойгир шудааст.
ЭЗОҲ:
- Агар каталог файлҳои зиёдро дар бар гирифта бошад, он гоҳ мундариҷаи он дар як экран ҷойгир шуда наметавонад.
Дар ин ҳолат мундариҷаи каталогро саҳифа ба саҳифа баровардан лозим меояд. Барои иҷрои ин кор кифоя аст, ки дар команда параметри /p нишон дода шавад (p – ҳарфи авали калимаи Page – саҳифа), яъне командаи мазкур намуди Dir <Роҳ ба каталог>/p -ро мегирад.
- Агар ба экран танҳо номи асосӣ ва иловагии файлҳоро баровардан лозим бошад, пас командаро дар намуди Dir <Роҳ ба каталог>/w дохил намудан зарур аст, ки /w низ параметр мебошад.
Ивазкунии дискдони ҷорӣ. Барои иваз намудани дискдони ҷорӣ, номи дискдонро аз клавиатура дохил намуда тугмаи -ро пахш намудан лозим аст.
МИСОЛ:
- Аз клавиатура A: – ро дохил ва тугмаи Enter -ро пахш менамоем. Дискдони якум дискдони ҷорӣ мегардад.
- Аз клавиатура В: – ро дохил ва тугмаи Enter -ро пахш менамоем. Дискдони дуюм (агар он мавҷуд бошад) дискдони ҷорӣ мегардад.
- Аз клавиатура C: – ро дохил карда, пас тугмаи Enter –ро пахш мекунем. Дискдони винчестер – ҷорӣ мегардад.
- Аз клавиатура D: – ро дохил карда, тугмаи Enter -ро пахш менамоем. Дискдон барои компакт-дискҳо (агар онҳо мавҷуд бошанд) дискдони ҷорӣ мегардад.
Гузариш ба каталоги дигар. Ин команда командаи дохилӣ буда, шакли пурраи он чунин аст:
Cd <Роҳ ба каталог>
Cd – ҳарфҳои аввали калимаҳои Changе Directory (ивазкунии каталог) мебошанд.
МИСОЛ:
- Cd \Alfa – дар каталоги асосии дискдони ҷорӣ, зеркаталоги Alfa ба каталоги ҷорӣ табдил дода мешавад.
- Cd C:\Windows\Winword – дар диски винчестер каталоги Winwoқd, ки зеркаталоги каталоги Windows аст, ба каталоги ҷорӣ табдил дода мешавад.
- Cd A:\ – каталоги асосии дискети дар дискдони якумбуда, каталоги ҷорӣ мегардад.
Сохтани каталоги нав. Ин команда низ командаи дохилӣ буда, шакли пурраи он чунин аст:
Md <Роҳ ба каталог>
МИСОЛ:
- Md \Komilov – дар каталоги асосии диски ҷорӣ зеркаталоги нави Komilov сохта мешавад.
- Md \Komilov\Anis – дар каталоги Komilov зеркаталоги нави Anis сохта мешавад.
- Md A:\Lexicon – дар каталоги асосии дискети дар диск-дони якум ҷойгиршуда, зеркаталоги Lexicon сохта мешавад.
- Md C:\Windows95 – дар каталоги асосии диски винчестер зеркаталоги Windows95 сохта мешавад.
Нобудкунии каталогҳо. Барои нобуд кардани каталогҳои холӣ командаи Қd (Қemove Directoқy – нобуд кардани каталог) истифода бурда мешавад. Намуди команда чунин аст:
Rd <Роҳ ба каталог>
МИСОЛ:
- Rd A:\Alfa – каталоги Alfa аз дискете, ки дар дискдони якум ҷойгир шудааст, нобуд карда мешавад.
- Қd C:\Lotus\Sc4 – каталоги Sc4, ки зеркаталоги каталоги Lotus мебошад, аз диски винчестер нобуд карда мешавад.
ЭЗОҲ:
Каталоге, ки нобуд карда мешавад, бояд ҳатман аз файлҳо ва зеркаталогҳо холӣ бошад. Дар ҳолати дар каталог маҳфуз будани файлу зеркаталогҳо, аввал онҳо ва баъд худи каталогро нобуд кардан мумкин аст.
Ивазкунии номи каталог. Барои иваз намудани номи каталогҳо командаи Move хизмат мерасонад. Ин команда командаи берунӣ буда, барои иҷро шудани он бояд дар каталоги DOS утилити Move.exe ҷой дошта бошад. Шакли умумии он чунин аст:
Move <Роҳи кўҳнаи каталог> <Роҳи нави каталог>
МИСОЛ:
- Move A:\Anis A:\Komқon – дар дискете, ки дар дискдони якум ҷойгир шудааст, ба каталоги Anis номи нави Komron дода мешавад.
- Move Nozanin A:\Tamanno – каталоги Nozanin аз диски винчестер ба дискет гузаронида мешавад ва ба он номи нави Tamanno дода мешавад.
- Move Student Pilot – номи каталоги Student ба Pilot иваз карда мешавад
- Move A:\Komilova\MahRAM C:\Faizali – каталоги MahRAM аз дискет ба диски винчестер гузаронида мешавад ва ба он номи нави Faizali дода мешавад.
Саволҳо:
- Командаҳои дохилии MS DOS аз командаҳои берунаи он чӣ фарқ доранд?
- Функсияи асосии каталогҳо дар чист?
- Кадом команда барои ба экран баровардани мундариҷаи каталог хизмат мерасонад?
- Командаи гузаштан ба дискдони нав кадом аст? Ба каталоги нав чӣ?
- Бо ёрии кадом команда каталоги нав сохтан мумкин аст?
- Функсияи командаи Rd дар чист?
- Номи каталогро чӣ хел тағйир додан мумкин аст?
Супориш:
- Матни мавзўъро бодиққат хонед ва командаҳои онро аз худ кунед.
- Командаҳои зеринро аввал мустақилона дар дафтаратон нависед ва пас аз ба муаллим нишон додан ба компютер дохил намоед:
- Диски С:-ро ҷорӣ намоед.
- Мундариҷаи каталоги ҷориро ба экран бароред (ин амалиётро бо параметрҳои /p ва /w такрор намоед).
- Дар диски ҷорӣ барои худ каталоги нав кушоед ва ба он насаби худро номгузорӣ кунед.
- Дар дохили каталогатон ду зеркаталог созед ва ба яке номи бародар ва ба дигаре хоҳаратонро номгузорӣ кунед.
- Бонавбат зеркаталогҳоро ҷорӣ гардонед.
- Зеркаталоги дар аввал сохтаатонро нест кунед.
- КОМАНДАҲОИ КОРКАРДИ ФАЙЛҲО
Сохтани файлҳои матнӣ. Барои сохтани файлҳои матнӣ аз командаи Copy истифода мебаранд, ки намуди он чунин аст:
COPY CON <НОМИ ФАЙЛ>
МИСОЛ:
COPY CON C:\NOZANIN.TXT
Пас аз дохил намудани ин команда ва пахш кардани тугмаи Enter , компютер интизор мешавад, ки матни ҳуҷҷат аз клавиатура дохил карда шавад. Дохилкунии ҳар як сатри матн, ҳатман бо пахш намудани тугмаи Enter ба итмом мерасад. Вақте ки сатри охирини матн дохил карда мешавад ё тугмаҳои Ctrl ва Z -ро дар якҷоягӣ, ё тугмаи F6 –ро дар алоҳидагӣ пахш намудан лозим аст. Дар интиҳои матн аломатҳои ^Z пайдо мегарданд. Ин аломатҳо ба итмом расидани матнро нишон медиҳанд. Баъд аз ин тугмаи Enter -ро пахш намудан зарур аст. Матни дохил кардашуда дар диски винчестер бо номи Nozanin.txt сабт карда мешавад.
Ба экран баровардани матни файлҳо. Барои ба экран баровардани информатсияи дохили файли матнӣ, командаи зерин истифода бурда мешавад: Type <Роҳ ба файл>
МИСОЛ:
- Type A:\Lola.txt – матни файли Lola.txt аз дискет ба экран бароварда мешавад.
- Type C:\Sobir\Student.txt – матни файли Student.txt, ки дар каталоги Soӣiқ ҷойгир аст, ба экран бароварда мешавад.
- Type Қеadme.txt – матни файли Қеadme.txt, ки дар каталоги ҷорӣ ҷойгир шудааст, ба экран бароварда мешавад.
Нобуд кардани файлҳо. Барои аз диск нобуд кардани файлҳо командаи Del (Delete – нест кардан) истифода бурда мешавад. Шакли умумии команда чунин аст:
Del <Роҳ ба файл>
МИСОЛ:
- Del A:\Shodi\Toirov.txt – файли Toirov.txt, ки дар зеркаталоги Shodi ҷойгир шудааст, аз дискет нобуд карда мешавад.
- Del C:\sc4\sc4.com – файли sc4.com, ки дар зеркаталоги sc4 ҷойгир шудааст, аз диски винчестер нобуд карда мешавад.
ЭЗОҲ:
Дар командаи Del дар қисми асосӣ ва иловагии номи файлҳо аломатҳои махсуси “?” (аломати савол) ва “*” (ситорача)-ро истифода бурдан мумкин аст. Ин ду аломатро аломатҳои шаблонӣ меноманд. Онҳо барои нишон додани гурўҳи файлҳои як каталог хизмат мерасонанд. Агар дар ягон қисми номи файл аломати савол нишон шуда бошад, он гоҳ сухан оид ба гурўҳи файлҳое меравад, ки номи онҳо аз якдигар бо як аломат фарқ
мекунанд. Масалан, навишти St?dent.txt ба гурўҳи файлҳое дахл дорад, ки дар мавқи сеюми номи онҳо як аломати дигар омадааст: Student.txt, Stadent.txt, Stident.txt, Stydent.txt, St7dent.txt ва ҳоказо.
Агар дар номи файл аломати “*” навишта шуда бошад, он гоҳ сухан оиди гурўҳи файлҳое меравад, ки дар номи онҳо аз ин мавқеъ сар карда миқдори дилхоҳи аломатҳои гуногун ҷой дода шудаанд. Масалан, навишти st*.com ба файлҳое дахл дорад, ки дар номи онҳо аз мавқеи сеюм сар карда аломатҳои дилхоҳи дигар навишта шудаанд: Student.com, st1.com, stal.com, stimo.com ва ҳоказо.
Ҳамин тариқ, аломатҳои шаблонӣ имконият медиҳанд, ки бо як команда гурўҳи файлҳо нобуд карда шаванд. Маслан, бо командаи Del\st*.com – аз каталоги ҷорӣ ҳамаи файлҳое, ки номи асосиашон бо st сар мешавад ва номи иловагиашон .com мебошад, нобуд карда мешаванд. Аз аломатҳои шаблонӣ дар дигар командаҳои коркарди файлҳо низ истифода мебаранд.
Ивазкунии номи файлҳо. Барои иваз намудани номи файлҳо аз командаи Қen (қename – номивазкунӣ) истифода мебаранд:
Қen <Роҳи номи кўҳнаи файл> <Роҳи номи нави файл>
МИСОЛ:
- Қen Student.txt St.txt – дар каталоги ҷорӣ номи файли Student.txt ба St.txt иваз карда мешавад.
- Қen A:\Sharapov\Dilshod.txt Dil.txt – дар дискет номи файли Dilshod.txt ба Dil.txt иваз карда мешавад.
ЭЗОҲ:
Дар қисмҳои асосӣ ва иловагии номи файлҳо аломатҳои шаблониро истифода бурдан мумкин аст. Масалан, Ren
C:\Alfa\*.doc *.txt – номи иловагии ҳамаи файлҳои каталоги Alfa, ки қисми иловагии номашон .doc мебошад, ба .txt иваз карда мешаванд.
Нусхабардории файлҳо. Барои нусхабардорӣ кардани файлҳо командаи Copy (нусха бардоштан) истифода бурда мешавад. Шакли умумии команда чунин аст:
Copy <Роҳ ба файл> <Роҳ ба нусхаи файл>
МИСОЛ:
- Copy A:\Ismatov.txt C:\Nabijon – нусхаи файли Ismatov.txt аз дискет ба каталоги Nabijon–и диски винчестер бардошта мешавад.
- Copy A:\Toiқov.txt c:\Alfa\Komilov.txt – файли Toirov.txt аз дискет ба каталоги Alfa-и диски винчестер бо номи Komilov.txt нусхабардорӣ карда мешавад.
- Copy С:\Sc4\Sc4.com a:\ – файли Sc4.com аз каталоги Sc4-и диски винчестер бо ҳамин ном ба каталоги асосии дискет нусхабардорӣ карда мешавад.
ЭЗОҲ:
- Дар номи файлҳо аломатҳои шаблониро истифода бурдан мумкин аст: Copy A:\*.txt C:\*.txt – нусхаи ҳамаи файлҳои қисми иловагии номашон .txt буда, аз дискет ба диски винчестер бардошта мешаванд.
- Дар командаи Copy номи қисмҳои компютерро истифода бурдан мумкин аст:
Copy con C:\Aliev.txt – матне, ки аз клавиатура дохил карда мешавад, ҳамчун файл бо номи Aliev.txt дар диски винчестер сабт мегардад.
Copy C:\Junusi.txt Con – матни файли Junusi.txt ба экрани монитор бароварда мешавад.
Copy C:\Ismati.txt Pқn – матни файли Ismati ба принтер нусхабардорӣ карда мешавад, яъне дар коғаз чоп мегардад.
Copy Con Prn – матне, ки аз клавиатура дохил карда мешавад, бевосита дар коғаз чоп мегардад.
Якҷоякунии файлҳо. Командаи нусхабардории файлҳо (Copy) ҳамчунин имконият медиҳад, ки матни якчанд файл дар як файл якҷоя карда шаванд. Шакли команда дар ин
маврид чунин аст:
COPY <ФАЙЛ 1>+<ФАЙЛ 2>+…+<ФАЙЛ N> <ФАЙЛ>
МИСОЛ:
- Copy Faқida.txt+DiloROM.txt Gulandom.txt – матни файлҳои Faқida.txt ва DiloROM.txt якҷоя карда шуда, ба файли натиҷавӣ номи Gulandom.txt дода мешавад.
- Copy Murod.txt+Miқzo.txt Summ.txt – матни файлҳои Muқod.txt ва Miқzo.txt якҷоя карда шуда, аз онҳо як файли Summ.txt сохта мешавад.
- Copy All.doc+Sigma.doc+Link.doc Komil.doc – матни файлҳои All.doc, Sigma.doc, Link.doc якҷоя карда шуда, аз онҳо як файли Komil.doc сохта мешавад.
- Copy *.txt+*.doc *.prn – дар каталоги ҷорӣ ба ҳар як файли қисми иловагии номаш .txt буда, файли ҳамномаш, ки қисми иловагиаш .txt аст, ҳамроҳ карда мешавад.
Файлҳои натиҷавӣ бо ҳамон номҳо, вале қисми иловагии .pқn-дошта ҳосил мешаванд.
Ба каталоги дигар кўчонидани файлҳо. Барои аз як каталог ба каталоги дигар кўчонидани файлҳо низ аз командаи Move истифода мебаранд. Аз ин команда ҳангоми ивазкунии номи католгҳо истифода бурда шуда буд. Барои иҷрои ин команда, бояд дар каталоги DOS утилити Move.exe мавҷуд бошад. Шакли умумии команда дар ин маврид чунин аст:
Move <Роҳ ба файл> <Роҳ ба каталог>
МИСОЛ:
- Move Link.txt A:\Alfa – аз каталоги ҷорӣ файли Link.txt ба каталоги Alfa, ки дар дискет ҷойгир шудааст, кўчонида мешавад.
- Move A:\Nu\Nu.exe c:\Nu – файли Nu.exe аз каталоги Nuи дискет ба каталоги Nu-и диски винчестер кўчонида мешавад.
Кофтукови файлҳо дар диск. Барои бо тезӣ аз дискҳо кофта ёфтани файлҳои лозимӣ командаи Find хизмат мерасонад. Барои иҷро шудани ин команда, бояд дар каталоги Dos утилити Find.exe ҷой дошта бошад. Шакли умумии команда чунин аст:
Find <Роҳ ба файл>
МИСОЛ:
- Find Nu.exe – дар каталоги ҷорӣ файли Nu.exe кофта мешавад. Дар ҳолати дар каталог мавҷуд набудани ин файл, ба экран информатсия оиди набудани чунин файл бароварда мешавад.
- Find A:\Alfa\Sc4.com – дар каталоги Alfa, ки дар дискет ҷойгир шудааст, файли sc4.com кофта мешавад.
- Find C:\Woқd\*.doc – дар каталоги Woқd–и диски винчестер, файлҳои қисми иловагии номашон .doc-буда кофта мешаванд.
Саволҳо:
- Командаи сохтани файли нав ва дохилкунии матни он кадом аст?
- Бо ёрии кадом командаҳо матни файлро ба экран баровардан мумкин аст?
- Вазифаи командаи Del аз чӣ иборат аст?
- Номи файлро чӣ гуна иваз кардан мумкин аст?
- Барои ҳосилкунии нусхаи файл аз кадом команда истифода мебаранд?
- Якчанд файлро чӣ тавр якҷоя мекунанд?
- Бо ёрии кадом команда файлро аз як каталог ба каталоги дигар мекўчонанд?
- Чӣ тавр файлҳоро аз диск меёбанд?
Супориш:
- Матни мавзўъро бодиққат хонед ва командаҳои онро аз худ кунед.
- Дар дафтаратон файли матние созед, ки он аз 10-15 ҷумла иборат бошад ва дар бораи «Компютер» баҳс намояд. Баъд аз командаҳои коркарди файлҳо истифода бурда, ба он номи худро гузоред ва пай дар пай сатрҳои онро дар каталоги дар мавзўи гузашта сохтагиатон, ба компютер дохил намоед. Пас аз сабти файл дар винчестер, матни онро ба экран бароред. Нусхаи файлатонро ба номи дўстатон гузоред ва онро дар ягон каталоги ихтиёрии дигар ҷойгир намоед. Файли аслиатонро нест кунед.
ЭЗОҲ:
Банди дуюми супоришро бояд ҳар як талаба аввал дар дафтар иҷро намояд ва баъд бо ёрии муаллим дар компютер гузаронад.