КОМ

komКОМ (Palatum), сарпӯши ҷавфи даҳон. Аз ду қисм – сахт (коми пеш) ва нарм (коми қафо) иборат аст.
К.-и сахтро шохаҳои коми ҷоғи боло ва лавҳачаҳои амудии устухонҳои ком ба вуҷуд овардаанд. Луобпардае, ки К.-и сахтро фаро гирифтааст, аз қафо бо К.-и нарм пайваст аст. Канори охири К.-и нарм барҷастагие дорад, ки онро забонча меноманд. К.-и нармро луобпарда пӯшидааст, он аз ғадудҳои луоб ва луобу зардоб иборат мебошад. Мушакҳои К.-и нарм ҳангоми фурӯ бурдани луқма ҳаракатҳои мураккаб карда, ҷавфи даҳонро аз ҳалқу бинӣ ҷудо менамоянд.
Аз нуқси инкишофи К. бештар роғи модарзодии он ба мушоҳида мерасад (ниг. Роғкомӣ). К. метавонад аз ягон чизи тез, мас., чангакча, устухон ва ғ. осеб ёбад. Ҳангоми сахт захмдор шудани К.-и нарм онро медӯзанд. Осебҳои К.-и сахт, одатан, ҳамроҳ бо осебҳои ҷавфи бинӣ ва ҷоғи боло ба вуҷуд меоянд. Маъмулан ин гуна ҷароҳатҳо бо ҷарроҳӣ табобат карда мешаванд. Бисёр вақт К. аз истеъмоли хӯроки тасфон месӯзад. Онро бо роҳи ғарғара кардани маҳлули антисептикҳо, ромазулон, каротолин ва диг. доруҳо табобат менамоянд.
Дар луобпардаи К.-и кӯдакони навзод ҳар гуна бемориҳо, мас., барфак, қулоъ ва ғ. пайдо мешаванд. Ба луобпардаи К. гулӯзиндонак, махмалак, сурхакон, ангина, флегмона ва диг. бемориҳо таъсир мерасонанд. Ҳангоми вазнин будани ҷараёни гулӯзиндонак ва иллати асаби гумроҳ мумкин аст мушакҳои К.-и нарм фалаҷ шаванд. Ҳамчунин ба К. бисёр бемориҳои илтиҳобии ҷоғ, даҳон, гулӯ, амрози ҷимоӣ (зӯҳравӣ) таъсир меоранд. Дар К. мумкин аст омосҳои ғайрисаратонию саратонӣ низ ташаккул ёбанд. Онҳо бо ҷарроҳӣ муолиҷа карда мешаванд.
КЛ
Мушакҳои коми нарм (нақша): 1 – мушаке, ки ҳиҷоби комро мекашад; 2 – мушаке, ки ҳиҷоби комро мебардорад; 3 – кашаки болшакл; 4 – мушаки кому забон; 5 – мушаки забончаи ком; 6 – мушаки кому фурӯдиҳӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …