Главная / Илм / КОЛПОСКОПИЯ

КОЛПОСКОПИЯ

kolposkapiaКОЛПОСКОПИЯ (юн. kolpos – маҳбал ва skopeo – мушоҳида кардан), усули тадқиқи луобпардаи қисми маҳбалии гарданаи бачадон ва маҳбал ба тавассути колпоскоп. Колпоскоп асбоби оптикӣ буда, тасвирро калон нишон медиҳад. Онро баъзан барои тадқиқи эпителияи аъзои таносули берунӣ низ кор мефармоянд. К. имкон медиҳад тағйироти ба чашм ноаёни эпителия ва рагҳои зери он ошкор карда шаванд. К барои ташхиси лейкоплакия, эритроплакия, эрозияи гарданаи бачадон, эндометриоз, давраи аввали саратони гарданаи бачадон ва диг. бемориҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …