Главная / Илм / КОЛЛАГЕНОЗҲО

КОЛЛАГЕНОЗҲО

kolagenozhoКОЛЛАГЕНОЗҲО (Collagenoses), бемориҳое, ки бо иллати бофтаҳои пайвандӣ (нахҳои коллагенӣ) ва рагҳо ба мушоҳида мерасанд. Тарбод, артрити тарбодӣ (ниг. Артрит), бодхӯрда, скелродермия, дерматомиозит, периартериити гиреҳчадор ба К. мансубанд. Сабабҳои пайдоиш ва инкишофи К. пурра маълум нашудааст. Вале аксари мутахассисон чунин мепиндоранд, ки пайдоиши К. натиҷаи ба бофтаҳои организми хеш ҳуҷум кардани подтанҳо мебошад (ниг. Иммунитет).
Дар беморони гирифтори К. баъзан ҳассосият нисбати бархе аз намудҳои озуқаворӣ, дору, нури офтоб ва ғ., яъне аломати бемориҳои аллергӣ (сурхча, зукоми аллергӣ, дерматозҳои гуногун) мушоҳида мешавад. Баробари ихтилоли умумии иммунологӣ баланд шудани миқдори мукопротеиду гаммаглобулинҳо дар зардоби хун, баъзе аминокислотаҳо дар таркиби сафедаҳои зардобӣ ва ғ. аниқ карда шудааст.
Зуҳуроти К. гуногунанд, вале бештар вараҷа, иллати банд, пӯст, пардаи зардобӣ (ғилофаи наздимафсилӣ, пардаи шуш, ғилофаи дил, шикампарда), узвҳои дохилӣ ва системаи марказии асаб мушоҳида мегардад. Хунук хӯрдан ва мавҷуд будани манбаи сироят (мас., гулӯдарди музмин, дандонҳои иллатӣ ва ғ.) ба авҷи К. мусоидат мекунанд. Анҷоми К. ба дараҷаи иллати узвҳои дохилӣ (дил, шуш, гурда) ва системаи марказии асаб вобаста аст. Дар шароити ҳозира аз сабаби истифода бурдани доруҳои таъсирнок, хусусан ҳангоми саривақт оғоз ёфтани табобат, беморӣ сабук ҷараён мегирад. Дар давраи авҷ гирифтани К. маризонро бояд дар беморхона ҷойгир карда, табобат кунанд. Дар мавридҳои дигар онҳо бояд дар кабинетҳои тарбодии дармонгоҳҳо зери назорати духтур қарор гиранд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …