КОЛХОЗ

Чун дар ҳикояти мо чандин бор аз колхоз ёд шуд, бад нест сайри таърихие ба пайдоиши он бикунем, бахусус, ки ин шакли моликият дар ҳаёти мардуми мо падидаи нав буда, таъсири амиқе ба зиндагиву фарҳанг гузоштааст.

Колхозҳо (хоҷагиҳои ҷамъиятӣ) охири солҳои бистум, аввали солҳои сиюми асри гузашта ташкил шудаанд. Қарори ташкил кардани колхозҳоро ҳукумати Шӯравӣ дар пайи лағви «Сиёсати нави иқтисодӣ» содир карда буд.

Вақте дар Русия болшавикҳо инқилоб карда, ҳокимиятро ба даст гирифтанд, кишвар дар натиҷаи ҷанги якуми ҷаҳонӣ, аз ҷиҳати иқтисодӣ дар ҳоли баде қарор дошт. Ба ҳукумати навтаъсис лозим меомад, ки якбора дар чанд ҷабҳа биҷангад. Ҷанг бо Лаҳистон, ҷанг бо Ҷопун ва ҷанги дохилӣ сарфи зиёд металабид. Аз ин сабаб, ҳукумат сиёсати Коммунизми ҳарбиро тайи солҳои 1918-1921 ҷорӣ карда буд, ки тибқи муқаррароти он, деҳқонон маҷбур буданд тамоми ҳосили худро ба давлат

*. Вожаҳои «фаҳш» ва «сар» дар мисраъи дувум ва чорум иваз шудаанд, зеро овар- дани он узви бадан, ки дар асл аз сӯйи Бобокалон хонда шуда буд, аз рӯи одоб нест. Муаллиф .

биспоранд. Ин сиёсат соҳаи кишоварзиро ба нобудӣ кашид ва дар натиҷа ба зиддият ва шӯришҳои деҳқонон овард. Аз ҳамин сабаб, Ленин – раиси Шӯрои Комиссарҳои халқ, ки ҳукумати марказӣ ба ҳисоб мерафт, дар кунгураи даҳуми ҳизби комму- нист қарори Сиёсати нави иқтисодиро, ки дар асл бо доктрини коммунистӣ мухолиф буд, қабул ва ҷорӣ кард. Ин сиёсат дар солҳои 1921-1927 рӯи кор буд ва моликияти хусусӣ дар соҳаи кишоварзиро иҷозат медод, дар ҳоле, ки доктрини марксизм вуҷуди моликияти хусусиро қатъан иҷозат намедиҳад. Тибқи ин сиёсат, кишоварзон метавонистанд қисми маҳсулоти тав- лидкардаашонро дар ихтиёри худ нигоҳ доранд, ки дар натиҷа хоҷагиҳо рушд карда, соҳаи кишоварзии ба нобудӣ расида барқарор гардид.

колхоз

Вале аз рӯзи пайдоишаш, кишвари Шӯравӣ аз сӯи олами сармоя дар инзиво қарор дода шуда буд. Ҳеч сармоядору бонк омода набуд, ки дар ин кишвар маблағгузорӣ кунад ва Иттиҳоди Шӯравӣ торафт аз кишварҳои дигар, ки босуръат саноатӣ ме- шуданд, қафо мемонд. Барои Сталин – роҳбари шӯравӣ пули зиёд лозим буд, ки кишварро саноатӣ кунонад. Чун иқтисоди кишвар кишоварзӣ буд, ӯ қарор кард, ки ин сармояро ҳамин соҳа бояд бипардозад. Ӯ фармон дар бораи ҷамъиятикунонии воситаҳои истеҳсолот ва заминро содир кард, ки сабабгори бадбахтии бештари тамоми халқҳои сокини Шӯравӣ гашт.

Аз як сӯ, муборизаи беамоне зидди заминдору сармоя- дорон ва босаводон ба роҳ андохта шуд, ки дар натиҷаи он миллионҳо нафарро ба Сибир бадарға карданду куштанд. Ин мазлумон қувваи созанда ва пешбарандаи ҷамъият буданд, таҷрибаи мудирияти иқтисод ва танзими ҳаёти ҷомеаро до- штанд. Танҳо гуноҳашон ин буд, ки замину сармоя доштанд ва саводнок буданд. Сиёсати дурбинона ва хирадмандона метаво- нист аз таҷрибаи онҳо барои ободии кишвар суди бамаротиб бештаре ба даст орад. Аз сӯи дигар, хоҷагиҳои ҷамъиятиеро, ки бо мусодираи замин ва олоти меҳнат сохта буданд, водор ба он карданд, ки тамоми маҳсулоти рӯёндаи худро ба дав- лат биспоранд, ки ин низ сабабгори қаҳту гушнагии бесобиқа ва марги миллионҳо нафар гашт, ки ба номи «голодомор» ё «гушнамурӣ» маъруф аст.

Ҳикоят мекунанд, ки он замон, як писарбаччаи панҷрӯдӣ, ки ҳанӯз барҳаёт аст, бо дастури модараш ба назди раиси кол- хоз омаду гуфт:

  • Модарам хоҳиш карданд, ки як тоқӣ гандум диҳед, ба хоҳарам атола пазем, ки аз гушнагӣ варам кардаасту мисли бародарам, ки дирӯз мурд, мемирад.

Раис пурсид:

  • Бародари мурдаатро чӣ кор кардед?
  • Гӯр кардем, – ҳиқ-ҳиқ аз гиря нафасгир шуда гуфт кӯдак.
  • Рав, ба очаат гӯй, ки ин ҳам мурад, қатори ҳамон барода- рат гӯр мекунед! – бо зарда ҷавоб дод раис.

Бечора раис, гӯё агар ғами он духтари бадбахтро мехӯрд, бо аҳли авлодаш ба Сибир бадарға шуданаш яқин буд.

Солҳои шуми бисту сии асри гузашта дар саросари шашяки рӯи замин аҳвол ҳамин будааст. Миллионҳо одамон бо ҷабр қурбони он сиёсати беамони наслкушӣ шудаанд.

Ба ҳамин қимати миллионҳо ҷони инсонӣ Сталин дар муд- дати нисбатан кӯтоҳ – даҳ-дувоздаҳ сол, тавонист кишварро саноатӣ кунад. Барои ӯ ва низоме, ки созандааш ӯ буд, ҳаёти инсон ва фоҷиаи иҷтимоӣ арзише надошт ва нақли қавли ӯ, ки гуфта буд: «Қатли як нафар ҷиноят ва қатли ҳазорон нафар омор аст», исботи ин фикр аст.

Ин ҷо дар ҷавоб ба таънаи баъзе миллатгароҳои рус, ки гӯё Русия тоҷиконро мехӯронд, бояд гуфт, ки дигар ташхис додани ин, ки ба баҳои ҷони ҳазорон ҳазор тифли маъсуми тоҷик Русия саноатӣ шуд ё бо баҳои ҷони ҳазорон ҳазор «кулак»-и халқҳои дигар Иттиҳоди шӯравӣ сохта шуд, корест бемаънӣ ва тавҳин ба рӯҳи он ҳама қурбоншудагон!

Ҳамин колхози Рӯдакӣ низ ҳосили он солҳост, ҳанӯз ҳам мардум медонанд, ки заминҳои колхоз моли кӣ буданд, бар- загову аспу юғу омочи кӣ мусодира ва ҷамъиятӣ шуда, асоси колхозро ташкил кардаанд.

Дар замони баччагии ман колхоз муассисае буд, ки аксари мардуми деҳот аъзои он буданд. Вале воқеият ин буд, ки мардум расман саҳмдори ин хоҷагиҳо бошанд ҳам, дар асл моликияти хоҷагиро моли худ намеҳисобиданд, балки ба он ҳамчун моли- кияти бесоҳиб муносибат мекарданд. Онҳое, ки ба моликияти колхоз дастрасӣ доштанд, дар дуздӣ ва азхуднамудани он ибо намекарданд. Дар ҳолати ошкор шудани дуздиву фасод аз сӯи мақомоти назораткунанда, аксаран бо ришва аз ҷавобгарӣ ха- лос мешуданд.

Иқтисод дар Шӯравӣ нақшавӣ буда, хоҷагиҳо вазифадор буданд, то тамоми маҳсулоти истеҳсолкардаашонро бо нархи таъиншуда ба давлат бисупоранд, ки ин дар кормандон барои иҷро кардани нақша ангеза эҷод намекард. Дар ҳолати иҷро нашудани нақша масъулон ҷазо медиданд. Ин амр онҳоро во- дор мекард, ки изофанависӣ ва оморсозӣ кунанд. Ҳамин тавр, иқтисоди нақшавии шӯравӣ дар соҳаи кишоварзӣ як низоми фасодзада ва дурӯғ буд, ки ба камбуди маводи ғизоӣ овард ва давлат маҷбур шуд, барои вориди гандум аз хориҷа маблағҳои калон сарф кунад.

Одамон тибқи фарҳанги суннатӣ ба моликияти шахсӣ эҳти- ром қоил буданд. Вале ин шакли моликияти ҷамъиятӣ фарҳанги мардуми моро, ки ҳаромхӯриро гуноҳ медонистанд, комилан тағйир дода, фарқи ҳалолу ҳаромро аз миён бурд.

Дар деҳа замони баччагии ман Кампири Робиа ном пи- разане мезист, ки то охири ҳаёташ нафақаи таъинкардаи дав- латро нагирифт ва ғайр аз ин иҷозат ҳам надода буд, ки ба хонааш барқкашӣ кунанд. Ӯ гуфта буд, ки ман ба давлат кор накардаам, ки аз он нафақа гирам, он барои ман ҳаром аст. Пули барқро ҳам пардохта наметавонам, фардо дар он дунё чӣ ҷавоб медиҳам. Ҳамин тавр, ин пиразан то охири умр бо қуте, ки аз замини худаш ба даст меовард, бо қаноат зист.

Қаноат ва ҳалолхӯрӣ қаблан ҷузъи афкори ҷомеа будааст, ки бо пайдоиши «моликияти бесоҳиб» тағйир ёфта, луқмаи ҳалоли мардумро ҳаром кард.

Намедонам, сабаб хотираи мардум аз он забти беинсофонаи моликияти бобоёнашон буд, ё нафси бад, вале як иддае, ки он солҳо рӯйи кор буданд, беибо моликияти ҷамъиятиро тороҷ мекарданд. Намехоҳам бигӯям, ки дар ҷомеаи қабл аз колхоз дуздиву ҳаромхӯрӣ набудааст. Вале қабл аз колхоз моликият соҳиб дошт ва дуздиву ҳаромхӯрӣ наметавонист ин қадр густар- да паҳн шуда, ҷузъи фарҳанги ом бишавад. Албатта, на ҳама ба дуздӣ даст мезаданд. Он вақт ҳам зиёд буданд нафароне, ки имону эътиқод доштанд, ки ҳаромхӯрӣ гуноҳ аст.

Вале нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки онҳое ҳам, ки аз дуздиву ҳаромхӯрӣ ор мекарданд, амали табаҳкоронро нодида мегирифтанд, дар тӯю маъракаҳои онҳо иштирок мекарданд ва дар хӯрдани моли ҳароми онҳо шарик мешуданд. Аз ин мета- вон хулоса баровард, ки ҳарому дурӯғ ором-ором дар ҷомеаи шӯравии тоҷик – ин миллати некройу некпиндор ва озода роиҷ ва маъмул мешуд.

Ба назар чунин менамояд, ки коммунизм ҳамчун мафкура дар назария дилкашу ҷолиб бошад ҳам, дар амал ба табиати инсон созгор набудааст. Ҳамин изофанависӣ, оморсозии дурӯғин ва фасоди густарда дар охир яке аз сабабҳои суқути ногузири кишвари абарқудрати Шӯравӣ шуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …