Главная / Илм / КОККҲО

КОККҲО

kokkhoКОККҲО (Coccus; юн. kokkos – дона), як навъ бактерияҳои курашакл. Ба гурӯҳи К. бактерияҳои граммусбат (стрептококкҳо, пептострептококкҳо, энтерококкҳо, стафилококкҳо, пептококкҳо, микрококкҳо) ва грамманфӣ (нейссерияҳо, вейллонеллаҳо) мансубанд. Ба К. ҳамчунин бактерияҳои билкул сапрофит (сарсинҳо) ва бемориовар (мас., гонококкҳо – ангезандаи сӯхтанӣ, менингококкҳо – ангезандаи сарсом) тааллуқ доранд. Дар байни стрептококкҳо (гурӯҳӣ А) ангезандаҳои тарбод, махмалак ва ғ. дучор меоянд.
К. метавонанд бемориҳои гуногун, мас., илтиҳоби пӯст, луобпардаҳо ва бофтаҳои пайвандӣ, ангина, эндокардит, заҳролудӣ аз ғизо, уфунат (сепсис)-ро ба вуҷуд оранд. Бисёр К. шартан бемориовар мебошанд.
К. вобаста ба тарзи ҷойгирӣ фарқ мекунанд. Стафилококкҳо ва пептококкҳо дар шакли хӯша, стрептококкҳо мисли занҷир, энтерококкҳо ҷуфт-ҷуфт, микрококкҳо тӯда-тӯда, сарсинҳо кубшакл ҷой мегиранд. Қутри К. аз 0,2 то 2,5 мкм аст. К. метавонанд байзашакл ё нештаршакл (пневмококкҳо) бошанд. Шакли баъзе К. (гонококкҳо, менингококкҳо) ба донаи қаҳва монанд аст. Бештарини К. аэробҳо ё анаэробҳои ғайришартӣ мебошанд. К. экзотоксин (стафилококкҳо), гемолизин (стафилококкҳо ва стрептококкҳо), фибринолизин ва гиалуронидаза (стафилококкҳо, стрептококкҳо, пневмококкҳо) ихроҷ менамоянд; пневмококкҳо, менингококкҳо, гонококкҳо баъди мавт шуданашон эндотоксин хориҷ мекунанд. Ниг. низ Бактерияҳо.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …